Коршиносони масоили минтақавӣ далели аслии камбуди барқ дар Тоҷикистонро идомаи содироти он ба Афғонистон арзёбӣ менамоянд.
Расонаи хабарии “tajik.irib” дар ин бора такя ба суханони коршиноси масоили минтақавӣ Сергей Несов навиштааст, ки иллати камбуди барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистон камшудани захираи оби нерӯгоҳи Норак нест, балки фурӯши он ба Афғонистон ва бархе кишварҳои ҳамсоя мебошад.
Зеро ба гуфтаи ин коршинос, вуруди об ба ин сад 1574 метри мукааб дар сония аст, ки танҳо 700 метри мукааби он барои тавлиди барқ истифода мешавад ва боқӣ бекор меравад.
Номбурда афзуда, ки интиқоли барқ дар Тоҷикистон дар ихтиёри гурӯҳе аз наздикони раисҷумҳури ин кишвар қарор дорад, ки дар шароити норасоии нерӯи барқ дар дохили Тоҷикистон, аз маҳалли фурӯши барқ ва об барои худ даромади иқтисодӣ касб менамоянд.
Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои ахир дар ин кишвар, нерӯгоҳҳои барқии обии “Сангтуда-1” ва “Сангтуда-2” бо мушорикати молии Русия ва Эрон мавриди баҳрабардорӣ расидаанд. Аммо дар таъмини барқи мавриди ниёзи мардум дар зимистон ҳеҷ тағйире дида намешавад.