Categories Uncategorized

Чаро Бинёмин Натаняҳуро хоб набурд?

Абдулатифи Ҳаммод

nahzat.tj

Шаби 18-ми июн, ки ҳамаи Мисриҳо хоб накарданду натиҷаҳои интихоботро ҳисоб мекарданд, намедонистанд, ки сарвазири Исроил, Бинёмин Натаняҳу ҳам то саҳар хоб накардааст ва ӯ низ мисли мисриҳо натиҷаҳоро пайгирӣ мекардааст, то ин ки пирӯзии Муҳаммад Мурсӣ эълон шуду шахси мехостагии ӯ (Аҳмад Шафиқ) мағлуб гардид.

Ин сухани бофта нест, балки ин хабарро телевизиони исроилӣ ҳангоми пахши ахбор соати ҳафти саҳар эълон кардааст, ки ҷаноби Сарвазир то саҳар хоб накарда, натиҷаҳои интихоботи Мисрро интизор буд ва баъд аз пирӯзии Мурсӣ бо мушовирони худ нишасти фаврӣ гузаронид.

Дар ин рӯз саҳифаҳои авали рӯзномаҳои исроилиро хабари пирӯзии Мурсӣ фаро гирифта буд.

Шабакаи дувуми телевизиони исроилӣ дар пахши хабарии соати ҳафти саҳар гуфта аст, ки Натаняҳу аз Обамо, президенти Амрико хоста аст, ки барои дастгирии ҳайати Аҳмад Шафиқ ҳангоми пирӯзии он дар интихобот, бо ширкати баъзе аз давлатҳои арабӣ, як чорабиние ба роҳ андозанд.

Мухбири телевизиони исроилӣ дар Вошингтон зикр намуда аст, ки бархе аз давлатҳо барои пирӯзии Аҳмад Шафиқ, пушти парда кушишҳои зиёде намудаанд.

Вазири корҳои хориҷии Исроил, Либерман баъд аз пирӯзии Мурсӣ гуфт: «Ҳоло Миср барои мо садҳо маротиба хатарноктар аз Ирон гардидааст ва зарур аст, ки  Исроил барои ин падидаи ҷадид омодагӣ бигирад.»

Собиқ вазири исроилӣ, Бинёмин Бен-Элиэзер, ки дар айни вақт масъули алоқа бо Муборакро ба уҳда дошт мегӯяд, ки акнун манфаъатҳои Исроил ва ҷаҳони ғарб вобаста ба салоҳиятҳои Артиши Миср мебошад ва қудрат доштани он барои мо фоидаи зиёд дорад.

Ба бовари ӯ, заиф гаштани артиши Миср барои Исроил хатари ҷиддӣ дорад.

Аммо сухангӯи Радиои ибронӣ субҳи ҳамон рӯз гуфтааст: «Мо, исроилиҳо, бояд пофишории мардуми Миср дар роҳи ба даст овардани демократияро эҳтиром кунем.»

Собиқ раиси Шурои амнияти миллии Исроил, Гиора Айленд дар пахши хабарии Радиои ибронӣ гуфт, ки пирӯзии Мурсӣ мушкилоти стратегии Исроилро зиёд мекунад, бахусус дар ҳоли суқути режими Асад дар Сурия.

More From Author

You May Also Like