Categories Uncategorized

Чаро вазир аз милисаҳо норозист?

19 – уми августи соли равон, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар ҷаласаи мушовараи вазорат ибрози нигаронӣ аз он кардааст, ки то кунун баъзе аз маъмурони милиса ба ҷиноят даст мезананд ва қонуншиканӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон шикоят аз маъмурони милиса зиёд ба гуш мерасад. Ҳамзамон тибқи хабаргузориҳо, як моҳ пеш дар нишасти хабарии вазорати умури дохилӣ, Рамазон Раҳимов гуфт, дар баробари ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ ва талошу кӯшишҳо оиди пешгирӣ ва ошкор сохтани ҷиноятҳо, баъзе кормандони милитсия даст ба қонуншиканӣ зада, ба обру ва нуфузи мақомот иснод меоранд.

Аммо дар робита ба даст задани маъмурони милиса ба ҷиноят ва қонуншиканӣ, коршинос ва таҳлилгари маъруф Абдуқаюми Қаюмзод ба сомонаи Наҳзат гуфт, ки Тоҷикистон ҳамроҳ бо Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо як тарҳеро ҷиҳати ислоҳоти бунёдӣ дар сохтор, салоҳият, шеваи фаъолият ва шумораи кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯи даст дорад ва то ҷое огоҳем чанд марҳала аз ин ислоҳот пушти сар ҳам шудааст.

Қаюмзод дар бораи он ки чаро ислоҳот ва беҳбудӣ дар ин росто дида намешавад ва шикоят аз тарафи мардум бештар гардида аст афзуд, зеро ин ниҳод мисли бақия ниҳодҳои интизомии кишвар аз боло то ба поин ба фасод олуда буда, назорате, ки бояд дар фаъолияти онҳо бошад, вуҷуд надорад.

Коршинос мазкур гуфт, ки аз тарафи дигар барои кормандони ин ниҳод ҳуқуқҳои хеле зиёде дода шудааст, ки мутаассифона шояд назираш дар тамоми дунё набошад. Ӯ таъкид кард, ки маҳз ҳамин ҳолати мавҷуда милисаҳоро дар озору азияти одамҳо дилпур месозад.

Қаюмзод дар шарҳи гуфтаҳои боло иброз дошт, ки яъне милисаи имрӯз дилпур аст, ки касе онҳоро барои чунин рафтори ношоиста ба ҷавобгарӣ намекашад. Чизи дигар ин аст, ки бо он маоши пасте, ки онҳо доранд наметавонанд зиндагии худро беҳтар созанд. Аз ин хотир онҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ ҳаёти худро пеш мебаранд.

Ҳамзамон тибқи хабаргузории мазкур, дар 6 моҳи соли равон 23 нафар аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиноят кардаанд, аз ҷумла 8 мавриди ришваситонӣ, 7 далели қаллобӣ, 4 далели сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, 4 мавриди фаро рафтан аз ҳадди ваколат сабт шудааст ва 2 мавриди шиканҷаи боздооштшудаҳо, ки сару садо доир ба ин масъала дар матбуот зиёд аст.

More From Author

You May Also Like