Имрӯз дар ноҳияи Қумсангир конфронси бахши ҳизб дар ин Ноҳия барои пешбарии номзад ба вакилии МН МОҶТ баргузор гардид ва тибқи супориши ситоди марказии интихобот қарор буд мо дар он ширкат намоем.
Аз марказ ба самти Қумсангир ҳаракат намудем ва тақрибан соат аз 11 чанд дақиқа гузашта буд, ки расидем. Қарор буд ҷаласа соати 11 оғоз шавад, аммо вакилони наҳзат дар берун истода буданд. Вақте сабаби оғоз нашудани ҷаласаро пурсидем гуфтанд масъулини маорифи ноҳия дар толор ҷаласа доранд.
Хостем масъаларо дақиқтар фаҳмем. Аз масъули бахши ҳизб домулло Муҳаммаднабӣ пурсидам магар қарордод надоред? Кай шумо толорро ба иҷора гирифтед?
Ӯ дар ҷавоб гӯфт: “Вақте 3 рӯз пеш ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардам раиси ноҳия ба масъули “идораи райпо” занг зада гӯфт, ки ба мо толор диҳад. Ман омада бо масъули толор суҳбат кардам. Дидам, ки толор хеле касиф аст. Бо масъулаш маслиҳат кардему омада ин толорро комилан тоза намудем. Ин толор пур аз ахлоти кабутару дигар чизҳо буд. Баъдан омада ба масъули толор гӯфтам, ки ана мо тоза кардем онкас ҳам қабул карданду мо машварат кардем. Ба хотири соли наву таътилот мо шартномаро имрӯз имзо кардем.
Аммо саҳар вақте мехостем толорро омода кунем дидем, ки толор аллакай пур аз одам аст. Мо ба онҳо гуфтем, ки мо толорро чанд рӯз пештар иҷора гирифтем инҷо бояд конфронсамонро баргузор намоем. Масъули ҷаласаи маориф омада гӯфт, ки мо кушиш мекунем то соати 11 тамом кунем, аммо ҳоло мегӯяд маълум нест кай ҷаласаашон тамом мешавад”.
Мо ҳамроҳи Маҳмудҷон Файзраҳмонов номзади пешниҳодии наҳзат аз ин ноҳия ба толор рафтем ва бо масъули ҷаласа суҳбат кардем. Дар аввал гӯфтем, ки мо қарордод дорем чаро шумо чунин мекунед, танҳо мегӯфт чаро пештар ба мо нагуфтед. Гӯфтем ҳеҷ гап не мо сабр мекунем фақат шумо ба мо бигуед, ки ҷаласаи шумо кай ба охир мерасад? Вакилони мо дар берун истодаанд мо ба нҳо мегӯем, ки соати 14 биёянд шумо то соати 2 баъд аз нисфирӯз тамом мекунед?
Ҷавоби ин намояндаи маориф бароямон хеле аҷиб буд. Ӯ мегуфт мо мунтазири ким кадом роҳбар ҳастем ва то омадани ӯ мо чизе гӯфта наметавонем. Яъне маълум нест, ки мо то соати 14 тамом мекунем ё не.
Мо гӯфтем хеле хуб, мо ба инаш ҳам гузашт мекунему сабр менамоем, шумо дар вақти хуроки нисфирӯзӣ 1 соат муаллимонро барои хӯрок хӯрдан ҷавоб медиҳед ҳатман, пас мо дар он вақт конфронсамонро мегузаронем. На барои шумо мушкил пеш меояд на барои мо, ҳама чиз ба хубӣ ҳал мешавад.
Аммо ҳаминҷо буд, ки дилам ба ҳоли муаллиму омӯзгор сӯхт. Ҳатто барои хӯроки нисфирӯзӣ ҳам иҷозати баромадан пайдо накарданд. Мо онҷо мунтазир истодем. Гоҳе як ё ду нафар муаллим барои сигор кашидан ба берун мебаромад. Аз чеҳраашон нороҳатӣ маълум буд. аз сардии толор ҳам шикоят доштанд. Дар ҳамин вақт як бонуи ҷавоне аз толор баромад. Вақте аз ӯ пурсидем бо ғазаб гӯфт: “соат 1 шудаст касе ҳақ надорад маро инҷо нигоҳ дорад. Ман демократ ҳастам ва ман ҳуқӯқи худамро медонам. Ман меравам абед барои ман саломати даркор на мансаб. Мон маро аз мансаб гиранд”.
Ин суханҳоро гӯфту баромада рафт. Аммо дилам ба он муаллимоне сӯхт, ки синнашон ба ҷое расидаасту дар вақти хӯроки нисфирӯзӣ дар толори сард гурусна нишастанд. Аз ҳамин ҳоло муаллимро боз ҳам ба як васила қарор доданд.
Баъд аз талошҳои зиёд масъулини наҳзат ба ин натиҷа расиданд, ки дар роҳрави ҳамин идора конфронсро баргузор намоянд. Ҳама чизро омода намуд, намояндаи ҳукумат ва ҳавзаро даъват карданд. Намояндаи ҳукумат хоҳиш кард каме сабр кунед. Вакилон ҳама интизор шуданд. намояндаи ҳукумат ба назди он намояндаи маориф даромада суҳбат кард. Аммо ноумед баргашт. Вақте ба ӯ гӯфтанд мехоҳем дар ҳамин роҳрав конфронс баргузор кунем, ба ҳукумат занг зад. Баъд аз вакилони наҳзат хоҳиш кард, ки дар толор гузарондан барои раиси ноҳия хуб намешавад. Зеро ин аз рӯи фарҳанги сиёсии мо кори хубе нест.
Намояндаи ҳукумат шахси хеле ҷавон ва хеле хушахлоқ буд. Аз чеҳрааш маълум буд, ки нав ба кор омадаасту роҳи ҳалли муносибро мехоҳад пайдо кунад. Бинобарин мо гӯфтем ба фикри шумо мо чикор кунем? Шумо пешниҳод кунед мо мепазирем.
Онкас хоҳиш карданд, ки ҳамин конфонсро дар ягон хона гузаронед. Вакилон ҳам пазируфтанд ва конфронс дар яке аз хонаҳо баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки аз 55 нафар вакили даъватшуда ба ҷаласа 50 нафар ширкат доштанд ва аз соати 11 то соати 14 дар назди “идораи райпо” мунтазир шуданд. Сипас 50 нафар вакил пиёда аз онҷо ба хонаи яке аз фаъолони ҳизб рафта конфронсро онҷо баргузор намуданд.
Дар конфронс ҳайати тадорукот номи Маҳмудҷон Файзраҳмоновро ба номзадӣ пешниҳод намуд. Аммо аз тарафи яке аз вакилон номи Файзиддин Шомаҳмадов собиқ раиси ноҳияи Қумсангир ҳам пешниҳод карда шуд. Ҷаноби Шомаҳмадов бошад худаш баромад намуда таъкид кард, ки ман дар канори Маҳмудҷон Фазраҳмонов хоҳам буд ва ӯро дастгирӣ менамоям. Зеро ба донишу тавоноияш бовар дорам. Пас хоҳиш мекунам биёед бо ҳам аз ӯ ҳимоят намоем.
Ба ҳамин тартиб бо аксарияти овозҳо Маҳмудҷон Файзраҳмонов ҳамчун номзад ба вакилии МНМОҶТ аз ҳавзаи 33- ноҳияҳои Қумсангир, Ҷ. Румӣ ва Панҷ аз ҷониби ҲНИТ пешниҳод гардид.
Орзуи муваффақияти намояндаи ҲХДТ ба Маҳмудҷон
Дар поёни конфронс намояндаи ҲХДТ низ Маҳмудҷонро табрик намуда барояш орзуи муваффақият намуд. Хонуме, ки мутаассифона номашро ба хотир надорам ба намояндагӣ аз ҲХДТ дар конфронс ширкат намуд ва таъкид кард, ки додарам Маҳмудҷон бояд руҳафтода нашавад ва талош кунад, агар мардум ӯро ҳимоят кунанд муваффақ мешавад.
Намояндагони ҳавза ва ҳукумат ҳамкорӣ намуданд, пас монеагузорон кистанд?
Дар воқеъ суханони ин бону хеле самимӣ ва воқеӣ буданд. Намояндаи ҷавони ҳукумат ва намояндаи ҳавза низ бо ширкат дар конфронс ҳамкории худро бо аҳзоби сиёсии кишвар нишон доданд.
Вақте намояндаи ҳукумат ба толор ворид шуда бо онҳо суҳбат намуд фикр кардам баъди чанде метавонем дар толор ҷаласаи худро баргузор намоем, вале пас аз ноумед баргаштани ӯ аз толор ҳайратам бештар шуд. Агар ҳукумат ва ҳавза бо мо ҳамкорӣ мекунанд, онҳое, ки бо баҳонаи маҷлису ғайра монеа эҷод мекунанд кистанд? Оё онҳо дастуроти кадом президенти дигарро иҷро мекунанд ё аслан аз дастуроту қонунҳо хабар надоранд?