Categories Uncategorized

Чаро занони мусалмон навзодашонро мепартоянд?

Дардҳои муҳоҷират

Рӯзи 5 апрел дар гӯшаи камодами шаҳраки Рошинои вилояти Ленинград, Зуҳро Мирсолиеваи 31-сола тифлеро дар қуттӣ ёфта, ба идораи полис овард. Дар паҳлуи навзод ҳуҷҷат буд, ки модараш Гузал Косимоваи 26-сола аст. Дертар маълум мешавад, ки модари кӯдак шаҳрванди Ӯзбекистон будаасту зане, ки тифлро ёфтааст ҳам узбекистонӣ.

Дар байни занони муҳоҷир, мусулмонҳо зиёдтар тифлони худро мепартоянд, зеро онҳо воситаҳои ҳимоя аз ҳомиладориро кам истифода мекунанд. Тахмин 40% – и занони тоҷик, қирғиз ва ӯзбек дар муҳоҷират ягон хел воситаи ҳимоя аз ҳомиладориро истифода намекунанд.

Ҳар як даҳум зани муҳоҷир дар Русия ҳомиладор мешавад ва сеяки онҳо аз тифлашон рӯй мегардонанд.

Яке аз сабабҳои асосии ин амали нохуб дар он аст, ки агар зани муҳоҷир дар Русия таваллуд кунад, ӯ аз тарафи ҳукумати Русия ягон хел ғамхорӣ намебинад. Бинобар ин, ду роҳ мемонад; фарзандро мепартоянд ва ё ба хонаи кӯдакон месупоранд.

То соли 2010 таваллуд ва нигоҳубини тифлони муҳоҷиронро ҳукумати Русия фаро мегирифт, аммо имрӯз онҳо аз чунин имтиёз маҳруманд.

Аз рӯи маълумоти расмӣ дар нимсолаи аввали соли 2010 дар як худи Маскав 243 кӯдак ба хонаи бачаҳо супорида шудааст, ки 92 нафари онҳо фарзандони муҳоҷирон будаанд.

Манбаъ: Оҷонсии «Росбалт» (Русия)

More From Author

You May Also Like