colorstart:#000000Бонки марказии Русия иттилоъ дода, ки интиқоли маблағ аз ин кишвар ба Тоҷикистон тариқи низомҳои интиқолии пулӣ нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар давоми се моҳи аввали соли равон 644 миллион доллар аз кишвари Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфта, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 35,7 миллион камтар мебошад. Дафтари матбуотии бонки Русия қайд намудааст, ки ҳаҷми интиқоли миёнаи маблағ низ коҳиш ёфта. Агар дар се моҳи аввали соли 2013 он 310 долларро ташкил медод, дар ҳамин давраи соли ҷорӣ то ба 270 доллар поин рафтааст. Бар асоси натоиҷи солонаи 2013, аз Русия ба Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли маблағ 4 миллиарду 154,3 миллион долларо ташкил дода, нисбат ба соли 2012 520,1 миллион зиёд мебошад. Ҳаҷми миёнаи интиқоли маблағ давоми се моҳи охири 2013 351 долларро ташкил медод. Пас сабаб чӣ буда, ки интиқоли маблағ тавассути муҳоҷирон коҳиш ёфтааст?
Дар робита ба коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағ ба Ватан коршиносон бар ин назаранд, ки сабабгори аслии ин мушкилот пурзӯр кардани режими будубош дар ин кишвар ва шадид шудани низоми контролӣ аз ҷониби мақомоти Русия болои муҳоҷирин мебошад.
Ба гуфтаи як коршиноси тоҷик, низом дар ростои будубоши муҳоҷирин комилан иваз шуда, як гурӯҳе аз сиёсатмадори рус мехоҳанд аз ҳисоби муҳоҷирин холҳои сиёсӣ ба даст биёранд. “Ҳамин аст, ки қатлу куштор ва ҳуҷум болои муҳоҷирини меҳнатӣ дар ин кишвар дучанд афзудааст. Дар ду соли ахир наздик ба 200 000 шаҳрванди Тоҷикистон бо қарори суд аз ин кишвар берун шудаанд. Ва ҳамарӯза бошад, аз фурудгоҳҳои ин кишвар 25-30 нафар аз ҷониби сарҳадбонони ин кишвар ба Ватан баргардонида мешаванд.”
Шарофиддини Наврӯз, нафаре, ки аз солҳои 2004 то ин дам муҳоҷир будаааст, мегӯяд “ба фикри ман, пас аз мири шаҳри Маскав интихоб шудани Сергей Собянин, бавижа дар шаҳри Маскав, ки аксари муҳоҷирини мо дар онҷоянд, тафтишҳои бемавриду бомаврид аз ҷониби мақомоти қудратӣ зиёд шудаанд, ки муҳоҷирини мо наметавонанд озодона кор кунанд. Ҳама вақт бими «ба даст афтодан» онҳоро нигарон мекунад». Ба андешаи ин ҳамсуҳбатам, масъулин аз корхонаҳое, ки муҳоҷиринро ба кор таъмин мекунанд, талаб доранд, ки онҳоро ё ба кор нагиранд ё миқдорашонро кам кунанд.
Насим Раҷабов, як муҳоҷири тоҷик бар он аст, кор он қадар мушкил нест, “вале муҳоҷирон то он ҳадде хору мазлуманд, ки гӯё ягон соҳибе надошта бошанд. Қонунҳои Русия бошад, рӯз то рӯз миёни муҳоҷиронро шикаста истодааст. Дар сурате ки агар ягон мушкиле болои сари муҳоҷир афтад ва он муҳоҷир ба ягон диаспораи тоҷик мулоқот намудан хоҳад, нахуст ба он менигаранд, ки ин нафар кӣ ҳаст ва ё ягон манфиате аз муҳоҷир мерасад ё на, пас, камари ҳиммат барои хидмат мебанданд.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматуллоҳи Раҷаб, масъули дафтари ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ мегӯяд, “имрӯз муҳоҷирини тоҷикро касе, бахусус Ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ намекунад, ҳол он ки рӯз то рӯз тасвиб шудани қонунҳои нав дар бораи муҳоҷирон барои бародарон мушкилиҳои зиёдеро ба бор овардааст.”
Ба гуфтаи ин коршинос, муҳоҷири имрӯзаи тоҷик аввалан дарк намекунанд, ки солҳои қаблӣ бе сабт дар маконе ба сифати ҷойи будубош метавонистанд дар ҳама ҷо бо мардикорӣ маблағ ба даст биёваранд. Акнун мардикори тоҷик то иҷоза барои кор надошта бошанд, ӯро ба кор намегиранд. Баъдан “гургони борондида»-и миллат миёнаравӣ карда, барои ситонидани маблағ аз ҳамшаҳриҳояшон онҳоро вориди коргаҳ месозанд. Вале корфармо ба миёнарав забон як карда, баъди анҷоми кор маблағро ба корчалон медиҳад. Корчалон бошад, маблағро гирифта ғайб мезанад.”
Ӯ мегӯяд, ки чун иддае мардикорони тоҷик аз тарафи “гургон”-и борондида “кидат” мешаванд, аз ин рӯ, рӯз то рӯз интиқоли маблағ кам мешавад.
Ба гуфтаи Раҳматуллоҳи Раҷаб, ҳукумати кишварро зарур аст, то ба мақомоти баландпояи Русия шартномаҳои камхарҷро дар бахши муҳоҷиратро ба имзо расонад. “Масалан, аввал аз корфармоён дархост бигиранд, ки ба кадом шаҳри Русия чӣ гуна мутахассис ва чӣ қадар муҳоҷир лозим аст, ки муҳоҷирон ҳадди ақал дар “вагон” шабҳояшонро рӯз накунанд”.
Таври маълум, кишвари Тоҷикистон ба пули муҳоҷирон ба по истодааст. Агарчи солҳои ахир сафари муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо, ба монанди Қазоқистон, Аморати Дубай, Арабистони Саъудӣ ба кор мераванд, вале теъдоди зиёди онҳо дар Русия фаъолият менамоянд.
Кунун, ки дар зиндагии муҳоҷирин дар Русия мушкил пеш омада, ба гуфтаи Абдуллоҳи Давлат, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия, ҳалли қазияро набояд бар дӯши муҳоҷирон вогузор кард, балки ҳалли он замоне муяссар мегардад, ки ҳукумат ва нухбагони миллат дарки масъулият дар пеши миллату Ватан ва таърихро ҳис кунанду фавран дар пайи ташкили ҷойҳои корию рушди иқтисоду беҳдошти маърифату фарҳанг шаванд./colorend