Яке аз коршиносон ва таҳлилгарони масоили сиёсии кишвар дар робита ба интихоботи 2013 дар Тоҷикистон гуфтааст, ки пирӯзии номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи соли 2013 – и раёсати ҷумҳурии кишвар ғайримумкин аст.
Абдуфаттоҳ Воҳидов дар гуфтугӯи ихтисосии худ бо радиои “Садои Хуросон” эъломи Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро дар барои ширкат дар интихоботи 2013 2013 – и раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоме таблиғотӣ унвон кард.
Ба назари мавсуф, дар ин интихобот комёбии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ғайри имкон аст.
Ба гуфтаи вай аксар аъзои ин ҳизб ба “ҳизби ҳоким” пайвастаанд ва мардум низ аз номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳимоят намекунанд, зеро тайи 20 – соли истиқлоли Тоҷикистон арзишҳо ва дидгоҳҳои мардум ва хусусан насли ҷавон тағйир кардааст.
Ҳамзамон мардум таърихи 70 – солаи замони шӯроҳоро аз ёд набароварда ва медонанд, ки ҳадафи аслии ин ҳизб чист. Ҳамзамон ба ақидаи Воҳидов интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 охирин озмоиш барои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аст, ҳизбе ки ба тадриҷ ҷойгоҳи худро аз даст додааст.