Мижгона Ҳалимова
nahzat.tj
Оё метавон зиндагонии моро бидуни интернет, таҷҳизоте, ки моҳиятан зиндагии инсонияти муосирро осонтар мекунад, онро авлотар сохта, мушкилоти моро дар як сония ҳал месозад, тассавур кард?
12 – 14 сол пеш дар Тоҷикистон ҳатто тасаввур карда наметавонистем, ки бо як асбоби чоркунҷае, ки аз якчанд тугма иборат аст (телефон), ё ин ки як фазои осмоние (интернет) пайдо мешаваду тамоми мушкилоти моро бо осонӣ ба як тугмаро зер кардан, ҳал мекунад.
Имрӯз теъдоди корбарони интернет дар тамоми ҷаҳон аз рӯи баҳодии Иттифоқи байналмилаллии телекоммуникатсионӣ (ITU) аллакай аз ду миллиард гузштааст. Дар ҳоле, ки андозаи аслии ин корбарон дар солҳои охир аз ҳисоби кишварҳои рӯ ба тавсиъа мебошад.
Дар кишварҳои Муштаракулманофеъ, мутахассисони соҳаи телекомуникатсия андозаи бениҳоят болоравии корбарони интернетро дар солҳои охир қайд менамоянд. Тоҷикистон низ кушиш менамояд, ки аз ҳамсоягони худ оиди инкишофи интернет қафо намонад. Имрӯз, аллакай аз 4 як нафари сокинони кишвар аз шабакаҳои ҷаҳонӣ истифода мебаранд.
Аксарияти корбарони интернет ба шаҳрҳои калони кишвар; Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, тақсимбандӣ мешаванд. Чандсол қабл, аксаран дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳониро шахсони фаъоли ҷамъият аз синни 18 то 45 истифода мебурданд. Аммо имрӯз ҳатто кӯдакони синфи 3 – 4 ҳам дар телефонҳои мобилии худ интернетро истифода мебаранд.
Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 5 ширкатҳои мобилӣ-интернетӣ фаъолият доранд ва ин ба ҳамагон маълум аст. Аз ин рӯ хостам аз сокинони кишвар пурсон шавам, ки аз ҳама тезтар суръати кадоме аз ин ширкатҳо босиффат аст? Бештари сокинон пойтахт ширкати «Beeline» – ро интихоб намуданд.
«Beeline» ҳама вақт диққати махсус ба инкишофи хати интернет дар ҳама минтақаҳои кишварро дода, аз ҷумла, беҳтар намудани сифат ва суръати пайвастшавӣ, иҷрои корҳои душвори техникӣ ба таври фаврӣ ба хотире, ки «шабакаи ҷаҳонӣ» дастрасии беҳад зуд барои аксарияти қишри ҷомеаро, таъмин менамояд. Шабакаи насли сеюм имконияти дастрасии бесими босуръатро дар интернет таъмин намуда, ҳамаи 4 минтақаи Тоҷикистонро ва инчунин маҳалҳои дурдасти истиқоматиро фаро мегирад.
Яке аз дӯстонам, ки ӯ низ хабарнигор мебошад, мегӯяд: «Чанде пеш аз модеми яке аз ширкатҳои интернетрасонро истифода бурдам, аммо суръати интернеташ хеле суст буд. Аз дӯстонам фаҳмидам, ки суръати интернети «Beeline» хеле олӣ аст, аз ин рӯ Beeline- ро ихтиёр кардам.»- мегӯяд ӯ.
Ҳангоми суҳбат Насим Пиров, донишҷӯйи курси 4- и ДМТ гуфт: «Муддати 2 сол аст, ки ман бо дусте аз Қазоқистон тавассути агенти «mail.ru» бо ҳамдигар суҳбат мекунем. Хушбахтона бо истифода аз интернети арзон, ки ширкати Beeline тақдим мекунад, ман имконияти дидани ӯро аз тариқи видеозвонок дорам.»
Сафар Шоев, сокини шаҳри Хуҷанд, ки муввақатан дар пойтахт зиндагӣ мекунад, қайд менамояд, ки интернети мобилӣ имкониятро барои нигоҳ доштани робитаи наздик бо волидон ва наздикон муҳайё мекунад. «Ман дар пойтахт зиндагӣ мекунам, оилаи ман – волидон, бародарон ва хоҳаронам дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ менамоянд. Ман танҳо дар як моҳ як маротиба ҳангоми ба рухсатӣ баромаданам ба дидорбинии онҳо меравам. Вале тариқи шабакаи «Skype» мо ҳамарӯза барои тамос, аз интернети ширкати «Beeline» истифода мебарем.»- афзуд ӯ.
Имрӯз теъдоди зиёди муштариён ба манфиати худ бо кайфияти баланд аз хизматрасонии интернет дар дафтари корӣ, хона ва дар истироҳатгоҳ бо рафиқон истифода менамоянд. Илова бар ин, пайвастшавӣ натанҳо бо USB – модемҳо ё компютер, ҳатто ба воситаи телефони худ, мумкин аст. Инчунин қайд намудан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои Осиёи Миёна, ки дар он шакли роҳати интернети бесими намуди «Wi-Fi» мебошад.
Завқибек Солиҳов, хабарнигори «Имрӯз-News» мегӯяд: «Аз сабабе, ки ман дар рӯзномаи ҳаррӯза фаъолият дорам ва дар ҳарҷое, ки ҳар воқеа рӯх медиҳад ман бояд онро фавран нависам. Ва барои ман Интернет аз Beeline кумак менамояд, ҳатто дар ҳодисаи Рашт ман аз онҷо хабарҳоро тариқи Интернет равон кардам ба пойтахт.»
Бояд гуфт, ки барои ҳар як корбар натанҳо суръат ва осонии интернет зарур аст, балки нархи арзони истифода ҳам лозим аст. Маҳз ба ҳамин хотир ширкати «Beeline» тарофаҳои навро барои категорияҳои алоҳидаи муштариёни худ, ки онҳо тавонанд истифодаи дастрасии босифатро ба шабакаи ҷаҳонӣ бо нархномаҳои дилкаш коркард менамояд.
Аз интернети мобилии «Beeline» аксарияти муассисаҳои таълимии кишвар дастрасӣ ба иттилооти фоидаоварро дошта тавонистанд. Мактабҳои таълимоти ҳамагонии миёна, муассисаҳои таълимии махсус ва макотиби олӣ бо кӯмаки USB-модемҳо аз хабарҳо огаҳ мешаванд.
Хонандагон, донишҷуён, аспирантҳо, имрӯз ба таври ҳамагонӣ ба таври воқеӣ аз китобхонаи электронӣ истифода намуда, хар гуна маводҳо аз қабили реферату иншо ва ҷавоб ба суолхои худро меёбанд. Дар Интернет ҷо ба ҷокунии хеле зиёди иттилооти зарурӣ, ҳаргуна энсиклопедияҳо, луғат, маҷмуи мақолаҳо, журналҳои илмӣ ва ғайраро пайдо менамоянд.