Categories Uncategorized

Чаро сармоя ба Тоҷикистон намеояд?

Зайнаби Муҳаммаддухт

nahzat.tj


Кишварҳое, ки дар марҳалаи рушд қарор доранд, бурди онҳо аз ҷалби сармояи хориҷӣ аст, бахусус кишварҳое, ки сарватҳои табиӣ; нефт, газ, тило ва ғайра камтар доранд, онҳо бештар бо ҷалби сармояи хориҷӣ худро рушд медиҳанд.

Тоҷикистон ҳам бо гузашти ду даҳсола талош дорад, ки сармояҳои хориҷӣ ворид кунад. Аммо сармояҳои хориҷӣ асосан дар бахши сохтмонҳои тарабхона вориди кишвари мо мешаванд ва дар мавриди сармояҳои сохтмони бинои корхонаҳо ҳоҷати гап нест.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии саромягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, айни ҳол   дар Тоҷикистон 60 лоиҳаи давлатии бо маблағгузории сармояи хориҷӣ вуҷуд дорад. Маблағи умумиии ин сармояҳо ҳудуди 2 миллиард  доллар аст. Ба гуфти Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи мазкур, 70%-и сармояҳои хориҷӣ мабалағи қарзӣ буда, баргардонидани он дарозмӯҳлат аст. Аз ҳама лоиҳаҳои калони давлатӣ дар бахши сохтмони роҳҳо мебошад.

Ба таъкиди ҷаноби Саидов, ҳудуди 700 миллион долар маблағи қарзии сармояҳои хориҷии Тоҷикистон ба давлати Чин тааллуқ дорад.

Дар ҳоле, ки  Кумитаи давлатии саромягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз теъдоди 60 лоиҳаи давлатӣ бо сармояи хориҷӣ амалӣ гардида, иттилоъ медиҳад, санаи 1-уми апрели соли 2011 дар Тоҷикистон 55 лоиҳаҳои сармоягузории ҳукумати кишвар амал мекунанд, ки маблағи умумии онҳо 7 млрд. 980 млн. сомониро ташкил медод.

Аммо доираҳои коршиносони тоҷик мегӯянд, ки Тоҷикистон бояд ки ба истилоҳ домони қарз гирифтанро сар диҳад ва бештар моил ба сармоягузорӣ шавад, зеро қарзҳои ҳангуфт вобаста будани кишварро ба намоиш мегузорад ва пайомади хуб нахоҳад дошт.

Ҳикматулло Сайфулоҳзода, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон то ба ҳол сари пайдо намудани механизми ҷалби сармоя ҷиддӣ иқдом накардааст ва сармояҳое, ки бо шеваи қарз ба кишвари мо меоянд, беҳтар он аст бо навҳаи сармоя, на ҳамчун қарз, биоянд. Ба гуфти ин таҳлилгар, аз тарафи дигар мавҷудияти фасод саромягузоронро ҳам фирорӣ кардааст.

Исмоил Талбаков, вакил аз ҲКТ дар Маҷлиси Намояндагон, чанде қабл зимни як нишаст дар Душанбе, осебпазир будани қарзи калони хориҷии Тоҷикистонро рад кард. Ба гуфти вай, Тоҷикистон аз Чин қарзи бузург дорад, аммо ин давлат ҳам дар назди кишварҳои дигар қарздор аст.

Аммо, аз руйи оморҳои солонаи Кумитаи мазкур муқоиса шавад, сол то сол теъдоди лоиҳаҳои давлатӣ, ки бо қарз амалӣ мешаванд, зиёд шуда истодааст. Бино ба иттилои вазорати молия Тоҷикистон, ин қарзҳо дарозмуддат буда, дар мӯҳлати 50 сол ва зиёда аз он бояд баргардонда шаванд.

Аммо Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, бар ин назар аст, ки дар ҳолати дарозмӯҳлат ҳам Тоҷикистон имкони баргардонидани қарзҳоро надорад.

More From Author

You May Also Like