Categories Uncategorized

Чаро талоқ дар Тоҷикистон меафзояд?

ҲикматуллоҳВоҳидхон

nahzat.tj


Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, дар давоми се моҳи аввали соли равон дар кишвар қайди талоқ наздик ба 2 ҳазор адад расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки 2 ҳазор адад талоқ дар се моҳ, танҳо нафароне, ки онро қайд карданд, аммо онҳое, ки бидуни қайд ҷудо мешаванд, ба гуфтаи коршиносон, хело зиёд аст. Масъулини ин кумита зиёд шудани шумораи талоқ дар кишварро нигаронкунанда хонда, ин падидаро яке аз проблемаҳои ташвишовар арзёбӣ мекунанд.

Таҳлилгарон сабаби ҷудошавии оилаҳоро дар набудани фарҳанги оиладорӣ дар байни ҷавонон, раванди муҳоҷирати ҷавонон ба хориҷ, бахусус ба Русия, вазъи бади иҷтимоъӣ, ихтиёр ба таври маҷбурӣ, набуди маҳр, мушкилоти хонаводагӣ ва бекорӣ унвон меқунанд.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ: Надидани якдигар пеш аз никоҳ яке аз сабабҳост

Яке аз мушкилиҳое, ки сабаби ҷудоӣ мешавад, он ҳам риоя накардани фарҳанги исломӣ мебошад. Ба таври мисол, Арӯс ё домод бори аввал баъди никоҳ якдигарро мебинанд, ва ҳолатҳое мешавад, ки яке аз онҳо аз шарикаш дар ҷамол ё сурат хушаш намеояд ва ин сабаб мешавад, ки зиндагӣ то охир бемеҳру муҳаббат давом мекунад ё дар охир ин оила аз байн меравад. Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ мегуяд: «Пеш аз издивоҷ дидани якдигар аз суннатҳои Паёмбар (с) аст. Нодида гирифтани ин одоби исломӣ пас аз издивоҷ боис мегардад, ки оилаҳо вайрон мешаванд.»

Инчунин, дар ҷомеаи мо маҳр ҷойгоҳи худро, ҳамон тавре, ки Ислом амр кардааст, пайдо накардааст, мутаасифона. Мавлавӣ Муҳаммадалӣ дар ин бора мегуяд: «Маҳр низ яке аз ҳикматҳои Ислом буда, он метавонад садди роҳи талоқро гирад, зеро маҳр воҷиб аст. Замоне, ки мард маҳрро медиҳад, дар вақти гирифтани номи талоқ ба забон маҳри додагиаш ба ёдаш меояду шояд талоқро намегуяд. Имрӯз дар Тоҷикистон ба ин чиз кам аҳаммият дода мешавад, чун агар вақте писар худаш пул кор кунаду худаш оиладор шава, маҳрро низ худаш медиҳад ба ин чиз дилаш месузаду дар ин ҳолатҳо фикр мекунад. Имрӯз бисёр ҷавонои мо, ки бо пулу моли падар хонадор мешаванд, ки аслан дар фикри он нестанд.»

Хонаи мустақил надоштан ва дахолати хонаводаҳо дар зиндагӣ

Надоштани хонаи мустақил ва дар зимн дахолат кардани тарафҳо, бахусус модар ва хоҳарони домод дар зиндагии арӯсу домод низ сабаб мешавад, ки оилаҳо аз ҳам бипошанд. Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайридавалтии “Перспектива плюс” дар суҳбат бо «Озодӣ» (01.09.2011) гуфта буд: «Тоҷикон фарзанди худро хеле барвақт хонадор мекунанд. Аксар вақт барои фарзандашон на хона месозанду на дар ғами ояндаи онҳо ҳастанд ва писари хонадоршуда дар манзили падар зиндагӣ мекунаду хона ба номи падараш ҳаст. Дар он вақт додгоҳ наметавонад дар бисёр мавридҳо қазияро ба нафъи зани бевамонда ҳал кунад.»

Як тан аз ҳамсуҳбати мо Зарина Атоева мегӯяд, ки гоҳе дар вайроншавии оила модари писар гунаҳкор аст. «Дар ҳақиқат дар вайрон шудани оилаҳо хушдоман гунаҳкор аст. Масалан, ман бо шавҳарам зиндагии хубе доштем, аммо модараш нагузошт то мо зиндагамонро давом диҳем. Модари шавҳарам мехост, ки мо дар хона бисёр нахандем, якҷоя сайру гашт наравем ва умуман дар зиндагии шахсии мо дахолат карданаш боиси вайроншавии оилаи мо гардид.» – мегӯяд Зарина.

Бояд зикр кард, ки на дар ҳама ҳолатҳо фақат волидайни шавҳар гунаҳкоранд. Зеро тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, мавридҳое низ ба назар мерасад, ки арӯси хонадон ё наздикони ӯ низ дар талоқи оилаи ҷавон даст доранд.

Муҳоҷират ва бекорӣ

Имрӯз муҳоҷирати ҷавонони тоҷик ба хориҷ сабаб шудааст, ки адади калоне аз духтарони хушруйи тоҷик аз ёфтани шарики зиндагӣ маҳрум мешаванд ё ба сабаби тулонӣмондани шавҳар дар хориҷ оиларо ба мушкилиҳо рӯбарӯ мекунад.

Яке аз сабабҳои афзоиши талоқ мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар, бахусус бекорӣ мебошад. Музаффар Олимов, таҳлилгари тоҷик гуфт: «Яке аз сабабҳои аслии афзоиши талоқ бекорӣ аст. Ба он далел, ки теъдоди зиёди мардум бекоранду таъминоти хонавода нокофист, мардҳо ҳамсари худро талоқ медиҳанд…»

А. Қуқаншоҳ: Камбуди тарбияи дуруст дар мактабҳо ва донишгоҳҳо

Ба фикри Аъзамшоҳ Қуқаншоҳ, рузноманигор: «Оила барпо кардан фарҳанги ҳама мардуми олам чи ғарбиву чи мусалмон аст ва барои ҳама он муқаддас ва азиз аст. Аммо имрӯз ин муқаддасотро, ки ҷузъи фарҳанги инсонист ба назар намегиранд. Сабабаш боз бепарвоии волидон, омӯзгорон ва бархе аз донишмандони дин аст. Ба ҳамин хотир мо фарзадони худро аз синни хурдсолӣ дар мактабҳо ва ҳам дар хонадон бояд тарбияи хуб диҳем ва аз айёми наврасӣ барои баромадан ба ҳаёти мустақилона омода намоем.»

А. Қуқаншоҳ меафзояд: «Сабаби асосии талоқ дар ҷомеъаи мо ин ноомодагии ҷавонони ба зиндагии мустақилона аст. Зеро дар хона ва мактабу донишгоҳҳо дар ин бора ба онҳо кам меомӯзанд. Сониян маҳз ин ноогаҳист, ки имрӯз ҷавонони мо аз худи мафҳуми талоқ ва никоҳ кам дониста, онро «бозӣ» мепиндоранд.»

Талоқ арши Худовандро меларзонад

Дар бораи талоқ Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад мегӯяд: «Масъалаи талоқ хеле масъалаи хатарнок ва ҳассос дар шариъат аст. Вақте инсон номи талоқро мегирад арши Худованд ба ларза медарояд, зеро он таъсири манфие дар ҳаёти ҷомеа дорад. Дар ҳадиси Расули акрам (с) омадааст: «Ҳар рӯз шайтон бо тахт ба болои об мефарояд ва ёру лашкари худро ба гирду атроф равон мекунад, вақте ки бегоҳ онҳо бар мегарданд, ҳар кадомашон дар пеши шайтони калон ҳисобот медиҳанд. Ҳар яке аз онҳо ба раисашон чизеро мегӯяд ва охирон шайтоне, ки медарояд ӯро ба бисёр навозиш қабул мекунад, зеро он шайтоне як оиларо вайрон кардааст. Ӯ байни зану шавҳар васваса мекунад то калимаи талоқро ба даҳон бигирад. Ҳеҷ вақт шариат ҷонибдору тарафдор нест, ки касе талоқ бигӯяд, аммо дар ҳолатҳои зарурӣ, ки ғайр аз талоқ дигар роҳе нест онро ба забон мегирад.»

Дар ҳақиқат ин масъала хело нигаронкунанда буда, бояд дар фикри ҳалли ин падидаи номатлуб бошем, чун сол то сол қайди талоқ меафзояду низоми хонаводагии тоҷик, ки яке аз нуқоти мусбати миллат аст, халалдор шуда истодааст. Пас, чӣ бояд кард?

More From Author

You May Also Like