Categories ДИДГОҲ

Бефарҳангӣ дар сиёсат ё сиёсати бефарҳангӣ – 2

(идома аз шумораи гузашта)
Сиёсатро набояд аз тариқи чаҳорчӯбаи асримиёнагӣ шинохт ва бояд ба дарки он расид, ки сиёсат барои мардум чист. Сиёсат шинохти воқеъияти худ, ҳаққу ҳуқуқ ва ҳимояи моликияти худ, ташкили зиндагӣ ва муносибат бо дигарон аст, амалест болои арзишҳо, идеяву идеалҳои муайян, ки аслан мардуме ба он машғул мегарданд, ки дониш ва таҷрибаи мустақил доранд. Ин кор бояд тариқи барномаи давлатӣ ва бо тарзи систематик анҷом бигирад, аз кӯдакистон то мактабу донишгоҳ инсони огоҳу соҳибфикр тарбия кунанд, ки қобилияту ғунҷоиши зери савол бурдани арзишу падидаҳои кӯҳна ва нодаркори ҷомеъаро дошта бошанд.
Аз бефарҳангии сиёсат баъд аз эълони истиқлолият, сиёсатмардони мо ба ҷои гузоштани бунёди тарбияи фардҳои огоҳ ва омода барои роҳбарӣ ва мудирият, бештар дунболи фаро гирифтани мактабу донишгоҳҳо, умуман ҷомеъа бо идеология ва таблиғи аз ҳад зиёд гаштанд. Ақаллан мактабу оила боястӣ, ки аз идеология холӣ бошад, ки нест… Фикр мекунам, барои мардуми тоҷик, ки аз қадим худро миллати фарҳангӣ мешинохт ва фарҳангӣ будан зиёии асл будан аст, ин имкониятро бояд дод, то дар ташкили ҷомеъа фаъол бошад, на фақат маддоҳ ва шиорзану шиорбардор. Ин миллатро, ки аз даврони Шӯравӣ бо чӣ будани шахспарастӣ ва зери як идеология рафтан шинос аст ва мехоҳаду метавонад аз ин маризӣ озод бошад, хайр нест аз нав зери фарҳанги тарс ва қашшоқӣ нигоҳ доштану бо таблиғоти бебунёд дар вуҷуди он ҷавҳари фардиятро куштан.
Тоҷик аз сабаби бефарҳангӣ дар сиёсат дигарбора таҷрибаеро аз сар мегузаронад, ки мутаффакири имрӯза Славо Жижек онро раванди ташаккули “шуури дурӯғин” (falsе consciousnеss) номидааст ва ин рӯйдод дар Тоҷикистон як воқеъияти рушан аст. Мо шоҳидем, ки чӣ гуна воқеъияти дар соя монда, аз ҷилваи сароб воқеъият эҷод мекунанд ва ин илюзияро ба дунёи маънавии мардум мекӯчонанд. Аз як тараф ҳазорҳо инсон бозичаи дасти нафаре қарор мегиранд, аз тарафи дигар, боиси падидаи манфии дигар мешавем, ки мардум таҳти нуфузи қонуну арзишҳо не, балки бештар таҳти таъсири нуфуз ва обрӯйи сохтаи шахсиятҳо мемонанд. Ин рӯйдод дар ин давра, ки гӯё ҷомеъаи нав бунёд меёбад ва байни истиқлоли воқеъӣ ва ҳукумати худкома мондаем, оқибати хуб надорад, эҳтимоли барқарорӣ ва тақвияти диктатура ҳувайдост. Ҳолатеро шоҳидем, ки онро буҳрони ақлоният гуфтан мумкин аст, дар ҳама ҷо мардум ба ақли мустақили худ такя намекунанд, балки зери таъсири идеологияи хушку холӣ мондаанд. Дар чунин шароиту ҳолат барои гурӯҳу ҳизбҳои сиёсии дар қудрат буда, барои аз байн бурдани ҳар гуна мухолифи сиёсӣ ё душман сохтани онҳо бисёр осон аст. Зеро ҳар талаб ва пешниҳоде, ки дар ҷомеъа мешавад, бе таҳлил ва шинохт, бо қарсакзании бардавом қабул мешавад.
Нуқтаи заъфи ин қавм, ба ҳайси «нухбагон»-и сиёсӣ дар он аст, ки бунёди фарҳанги сиёсии худиро гузошта натавонистанд. Фикр мекунам, ин қавм дар ҳамин фурсати таърихӣ, ки аслан барои Тоҷикистон ҳалкунанда аст, ба арзиши хос, он ҳам тақво шадидан ниёз дорад. Ҳоло ки қудрат дар дасти онҳост, тарс аз он доранд, ки дигарон ин ҳолати “фараҳ” ва “лаззатбахш»-и (jouissancе) онҳоро аз худ карда метавонанд. Ин мавзӯест, ки он аз ҷониби равоншинос Лакан ва ҷомеъашинос Жижек бисёр хуб баррасӣ шудааст.
Сиёсатмардон агар роҳҳои худӣ- ҳақиқат- қудрат ва фазосозии аслии тоҷикро мешинохтанду пеш мерафтанд, шояд ба ин гуна маризӣ, инчунин ба «девонагии сиёсӣ -параноя гирифтор намешуданд. Мутмаинам баъди гузаштан аз ин роҳ ин қавм метавонист зиндагиеро, ки бо тарсу дуздӣ барои худ ва авлодаш ташкил кард ё карданист, қонунӣ ва озодона барои тамоми мардум созмон медод.
Имрӯз барои кӯдак ҳам маълум аст, ки мушкилоти кишвар мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъист. Ташкили иқтисоду саноат калидест барои сохтмони ҳаёти сифатан беҳтар ва мустаҳкам кардани бехатарии вуҷудӣ ва иҷтимоъии мардум, инчунин барои ташкили истеҳсолоти ватанӣ, ки ба истеҳсоли дониш ва сарвати фарҳангӣ мебарад.
Дар вақташ Ҳегел гуфта буд, ки “…аввал аз хӯроку пӯшок хотирҷамъ бошед, шоҳигарии Худованд (kingdom of God) хоҳад омад”. Аммо дар амалкарди мақомоти Тоҷикистон баръакси инро ба мушоҳида мегирем, ба ҷои мушкилоти аслиро ҳал намудан, корҳоеро пеш мегиранд, ки ба воқеъият кадом вобастагие надоранд. Гуфтан мумкин аст, ки корро аз ҷое сар мекунанд, ки бояд онро намекарданд. шояд аз дигар ҷои лозим оғоз карданро намефаҳманд, зеро аз маризиву маҳдудаҳои худ гузашта наметавонанд. Аз дигар тараф, тавре дар боло ишора рафт, созандагони аслро ба сатҳи бефарҳангӣ фаровардаанд. Дар сурате, ки қисмати зиёди мардум дар муҳоҷират, берун аз истиқлолият мондаанд, чӣ гуна метавон дар бораи сохтмони ҳаёти мустақил ва озод ҳарф зад? Вақте сарвати фарҳангӣ набошад, рӯҳи озод ва ақлу дониш дар рагҳои ҷомеъа дар ҳаракат набошанд ва мардум шароити хуби моддӣ ва маънавии созандагӣ надошта бошад, ин ҳама пулу роҳҳо, макотибу нақбҳои замонавӣ бо худ ҳеҷ коре карда наметавонанд. Маълум аст, ки мардуми дар муҳтоҷии нон монда ва ба тарс одат карда, ин чизҳоро дидану шинохтан, таҳлил кардану чизи нав сохтан наметавонад. Ин ҳам маълум аст, ки аз нақби Хатлону Истиқлол дида, таъсири нақби Фасоду Маҳалчигӣ бештар аст. Дар нақбҳои баъдӣ намояндагони ҳукумат фаъоланду дар давутоз. Фикр мекунам рӯҳи замонро дуруст бояд шинохт, ки дар контексти ҷаҳонӣ дар куҷоем ва чи ҳол дорем.
Мо, ки дар сохтани низоми ҷаҳонӣ имрӯз нақше надорем, ин аз мо дигарон ҳар чиз сохтанд ва сохта истодаанд. Мо қисми ҷаҳони сохтаи дигаронем ва зарурат ин аст, ки акнун худро дар ин низом бошарафона нигоҳ доштан тавонем. Сиёсатмардони мо мутмаин бошанд, ки бо ин бефарҳангӣ дар сиёсат ва сиёсати Бефарҳангӣ дар ҷомеа, ки солҳои охир шоҳидем наметавон мавқеи мувофиқ ба фарҳанги Тоҷикро дар ҷаҳони имрӯз ба даст овард…
Ҷаҳоне, ки рӯ ба рӯем болои дигар арзишҳост ва ҷараёни дигар дорад ва худ мардуме, ки дар сарчашмаи ин раванданд бисёриҳо аз ин раванд дилмондаанд вале бо ин система коре кардан наметавонанд. На ҳар чизе ки мавҷи ҷаҳонишавӣ меорад барои мо мувофиқ аст. Масалан, имрӯз он чи файласуфи фаронсавӣ Делюз мегӯяд, ки барои мо дигар (назарияҳои) Худӣ, Худо ва Ҷаҳон зарурият надоранд ва ‘мо ба ягон гуна реша ниёз надорем’ барои Тоҷик як чизе бегона ва заҳр аст. Чаро ки ин мардум, яъне ғарбиён, дар сатҳи фарҳангии дигаранд ва ҷаҳоне сохтаанд, ки раванди дигаргуниҳои онро ҳатто худ наметавонанд дуруст идора кардан. Ҳанӯз аз мутафаккири бузург Ҳайдеггер пурсида буданд , ки “оё файласуфон метавонанд самти ҳаракати ин системаи технологиро, ки одамиятро инкор мекунад, дигар кардан” гуфта буд, “на, танҳо Худо метавонад моро наҷот додан”. Ин ҷо гуфтаниам, ки тақлиди кӯр- кӯрона аз фарҳанги дигарон бадтарин кор аст ва аз таърих ва фарҳанги худ огоҳ бояд буд… Имрӯз мо дар вазъе қарор дорем, ки болотар аз буҳрони ҳувият аст ва ин ҷо бунёди истиқлол ва ҳувияти худро бо шинохти решаҳои худ, бо шинохти ҷаҳони имрӯз, бо шинохти ин раванди ҷаҳонишавӣ болои арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои ҷовидонатар ва воқеитар бояд гузошт. Ин амалро бо дарназаргирии контексти ҷаҳонӣ бояд кард ва нашояд вазъияти худро ва муносибатро бо мардуми худ танҳо бо ҳолати мардуми ба ҷанг ва террор гирифтори Ироқ, Покистон ва Афғонистон ва ғайра муқоиса намуда муайян кард. Балки бештар вазъияти худро бо мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ва тараққӣ карда муқоиса кард ва санҷид то мардум дидан тавонанд, ки дар кадом ҳолем. Дигар ин ки дар ин марҳала тақлиди кӯр -кӯрона аз тамаддуни ақлонӣ ва технологии ғайр ҳам оқибати хуб надорад, чунонки дар мо мекунанд ва дар ин росто фарҳанги худиро пурра нашинохта муқобили тараққиёт ва инкишоф медонанд. Ба фикрам ин гуна муносибат аз дигар ҷо реша мегирад, зеро касоне ки ба рӯҳи аслии илм имон доранд ҳеҷ гоҳ ҷоҳил намешаванд. Ин ҷаҳолат аз нафси бетарбия сар мезанад ва сиёсатмадороне, ки ба асли фарҳанги худ шинос нестанд сабабгори офаридани чунин пардаи пиндор мешаванд, ки гӯё фарҳанги исломӣ муқобили тараққиёт ва инкишоф бошад. Ин гуна мавқегирӣ ишорат ба он мекунад, ки аз сатҳи ҳаёти ақлонии Шӯравӣ дуртар нарафтаем ва зиёиёни мо коре накардаанд, ки бунёди мустақили ҳаёти ақлонии Тоҷикӣ гузошта шавад. Имрӯз ба таҳқиқотҳое ниёз дорем, ки рӯҳи солими фарҳанги исломӣ ва дар фазои ин фарҳанг рушду нумӯи илм, фалсафа ва ирфонро нишон диҳанд. Чи хеле ки шоҳидем ба сиёсатбозии береша машғул шуда аз фарҳанги исломии худ арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои аслии созандаашро нашинохта истодаем, ки механизми аслии инсонсоз, қудратсоз ва сиёсатсози мо дар ин фарҳанг реша дорад…

(Идома дорад)
Меҳмоншоҳ Шарифзода

More From Author

You May Also Like