nahzat.tj
Гуфта мешавад, ки ҷавонон ояндаи ҷомеа мебошанд. Чи гуна будани вазъ, ҳолат ва пайкараи ҷомеа ва миллат аз сарнавишти ҷавонҳои имрӯз вобастагии амиқ дорад. Пас ба зоҳири имрӯзи ин қишри муҳими ҷомеа назар афканем, кадом ҳолатро мебинем?
Ҷинояткорӣ байни ин қишр меафзояд, ба таври мисол; 70 дарсади муҳоҷирон, 60 дарсад маҳбусон ва 70 дарсади худкушиҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Пас, пайомади ин падидаи номатлуб чӣ хоҳад буд? Оё боре дидем? ки давлатмардони мо, аз ин ҳолат бонги хатар зананд ё барномаи хоссеро барои тарбият ва солим мондани ин қишр дар даст доранд? Инҷо аз масоили ватандӯсти чизе намегӯем, мавзӯе ки ҳамеша телевизионҳо «ифтихор» мекунанд.
Шиддат гирифтани ҳолатҳои ҷиноякорӣ байни ҷавонон мавзӯъи нав нест, аммо доғ аст. Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии кишвар ду моҳ қабл зимни вохӯри бо донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки танҳо дар чанд моҳи соли ҷорӣ аз сӯи ҷавонон беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир шудааст, ки аз ин ҳисоб 12 ҳодисаашро куштор ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вазир, афзоиши ҷиноят тавассути насли наврас ва ҷавонони донишҷӯ мояи нигаронии амиқи мақомоти Тоҷикистон шудааст. Зеро ба таъкиди вай, танҳо аз оғози сол то имрӯз 230 нафар аз ҷавонон пушти панҷара рафтаанд ва 6 нафари онҳо донишҷӯ будаанд. Қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, афзоиши гирифторони вируси ВИЧ/СПИД, танфурӯшӣ ва ҳатто истифодаи маводи синтетикии нашъаовар дар марказҳои дилхушӣ тавассути ҷавонон низ аз нигарониҳоест, ки дар ин мулоқот, зикр шуда буд.
Мактаб – манбаъи тиҷорат ва макони тақаллубкориҳои интихоботҳо
Коршиносон мегӯянд, ки адами тарбияи ҷавонон мавҷуд набудани шароити дурусти таълиму тарбия мебошад, зеро мактаб ягона ҷойест, ки ҷавононро тарбият мекунад, аммо мутаассифона имрӯз манбаъи тиҷорату ҷои тақаллубкориҳои интихоботӣ шудааст.
Таълим дар мактаб ба истилоҳ мурдаасту тарбияро, ки дар рушди солими ҷавонон нақши муҳим дорад, бо қонунҳои ҷадид мисли манъи ноболиғон аз рафтан ба масҷид, манъи таълиму тарбия назди ашхоси диндор, манъи мазмуни “маърифати исломӣ” аз манҳаҷи дарсии мактабҳо ва ғайра маҳдуд карданд. Ва натиҷаи табиъии коста шудани таълиму тарбия афзоиши ҷинояткорӣ байни ҷавонон мебошад.
Рамазон Раҳимов дар ҳамон суханронии хеш омилҳои шиддат гирифтани ҷинояткорӣ миёни ҷавонон дар коста шудани таълиму тарбия дар ҷомеа донист. Агар ба сину соли ҷинояткорон аҳамият диҳем, онҳо ҷавонони ҳамаги 20 ва 22 сола мебошанд, аммо бо чӣ роҳе тавонистанд ки дар боварии як нафар дароянду 10 ҳазор доллар ба даст оранд? Оё магар ин содда ва ҳамвор буд ё онҳо ба истилоҳ мастери қаллобӣ шудаанд?
Бекорӣ, фасод, набуди марказҳои фароғати омили ….
Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшинос мегӯяд: “Сабаби асосии зиёд шудани ҳуқуқвайронкунӣ ва содир намудани ҷиноят аз ҷумла дар байни ҷавонони кишвар чанд омил дорад. Масалан бекории онҳо, шуғли муайяни доимӣ надоштан, аз таҳти назорати падару модар ва мактаб дур будан, паст шудани сатҳи зиндагӣ, набудани марказҳои истироҳату фароғати онҳо дар ҷойҳое, ки ба талаботи ҷавонон ҷавобгуй бошад, бе мазмуну мантиқ будани барномаҳоителевизион ва инчунин камтар шудани таъсири радио ба ҷаҳонбинӣ ва тафакури онҳо.”
Бо назардошти ин ки 23 дарсади ҷиноятҳоро насли ҷавон содир кардаанд, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ аз як сӯ бемасъулиятии волидайн ва аз сӯи дигар бетафовутии ҷомеаро боиси дар рӯҳияи носолим парвариш ёфтани бархе аз ҷавонону наврасон унвон карда буд. Ӯ мегӯяд: “Ман ҳар боре, ки бо варзишгарон сӯҳбат мекунам, ба онҳо мегӯям, ба шумо Худованд бозу додааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки шумо ба сари касе мушт бардоред. Ҳар боре, ки хиҷил мешавед ва ё нафаре шуморо маҷбур мекунад, ки ба хотири ҳимояи худ коре кунад, дастҳоятонро ба киса андозед.“
Аммо суоли матраҳ он аст, ки ҳукумат ва кумитае, ки ҷаноби Маликшо Неъматов кор мекунад, барои коҳиш додани ҷиноёт байни ҷавонон ва сохтани боғҳои фароғативу майдонҳои варзишӣ ва дар умум барои эҷоди фазои солим ва муносиб чӣ кор кардаанд? Чаро “чиновник”- ҳо дар ҳукумат ва кумитаи ҷавонон кушиш мекунанд, ки ҳама бор ва масъулиятро бар души падари бечора, ки аксаран маҷбуранд ба Русия барои буридаи нон сафар кунанд, мегузоранду худро аз масъулияте, ки вазифаи асосии ишон мебошад ва барои он маош мегиранд, озод мекунанд?
Ш. Ҳакимов меафзояд, ки ҷавонон орзуву ормон доранд, ки зиндагии хуб дошта бошанд ва аз волидайнашон низ камтар вобаста бошанд. Ба гуфти ӯ, мақомоти расмии давлатӣ бошад барномаҳои мушаххаси асоси илмӣ дошта надорад ва ба мансабҳои марбута шахсони тасодуфӣ таъйин мешаванд ва дар натиҷа тарз ва усули корбарӣ ба шароити замони муосир мувофиқат намекунад.
“Фарҳангу суннати Ислом ва миллиро аз даст додаем”
Аммо иддаи дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки сол то сол маҳдуд кардани таълиму тарбия ва кам кардани нақши арзишҳои миллӣ-исломӣ дар муассисаҳои таълимӣ, боиси коста шудани ахлоқи ҷавонон шудааст.
Умеди Раҳим, устоди донишгоҳ мегӯяд: “Ҳатто низоми Шӯравӣ то ба ин ҳад тарбияи фардии динии моро маҳдуд накарда буд. Асоси тарбияи рӯҳии ҷомеаи тоҷик дар таълими арзишҳои исломӣ мебошад, аммо дар мо ҳатто падару модар аз арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳанги тарбия дар чорчубаи арзишҳои миллӣ-исломӣ огоҳ нестанд.”
Ӯ меафзояд: “Пеш волидайн ва бобову бибии мо мактаб надида буданд, аммо аз одобу ахлоқ ва фазилатҳои ахлоқи исломиву инсонӣ огоҳ буданд. Ягона пеши роҳи ҷинояткориро гирфитан эҳё кардани фарҳангу тарбияти дуруст дар замони хурдсолӣ дар хонаводаҳо аст.”