Салим, хонандаи сомона
Назари ишон зери матлаби «Чечинистон: Сару либоси толибаҳо аз руи шариат мебошад?»
Чеченҳо воқеан бо ҷасорате ки доранд тавонистанд ҳар чезе дилашон хоҳад ҳамон тавр зиндагӣ кунанд. Русҳо бо ин техникаи замонавии худ сари таъзимро назди чеченҳо фуруд овард ва дубора Чеченистонро аз қабл хубтарy зеботар сохтанд.
Ин миллати хурд гарчанде баъзе безприделҳои бемаънӣ ҳам дорад, вале дар ҷасораташон гап нест.
Умуман, имрӯзҳо дар Русия мусалмонҳо озодандy бо итминони хотир ба ибодатy адои фароизи исломӣ машғуланд.
Тоҷикҳои мо ҳам гурӯҳ – гурӯҳ аз тарси фишор болои онҳо бо аҳлу оилаашон ба ин кишвар куч мебанданд. Русия ҳам аз ин коргарони арзон истиқбол мекунадy дар пешрафти кишварашон истифода мебаранд.
Бародарам, ки мазҳабист ва аз тарси фишорy таъзиб бо ҷамъи аҳли оилааш ба Русия муҳоҷир шудаст. Феълан дар яке аз заводҳои ин кишвар ба маблағи бисёр ҳам кам розӣ шудаст, то зиндагияшро бо зану атфолаш идома диҳад. Фақат ва фақат бахотири он, ки он кас метавонад озодона ибодаташро анҷом диҳад, ин ҷо омадааст.
Ман фикр мекунам, ки мо миллати Тоҷик бо ин роҳy равише, ки давлати мо ба мисли фишор болое мусyлмонҳо дар пеш дорад, ба пеш нахоҳем рафт. Занҳои мо наметавонанд бо ҳиҷоб дар макотибy донишгоҳҳо дарс хонанд ва мардони мо, ки аксарашон тарафдори мазҳабанд намегузоранд, ки духтаронашонро беҳиҷоб ба мактабy донишгоҳ раванд.
Ояндаи ин қишри миҳим, ки ба тарбияи фарзандони мо машғул мебошанд, чӣ мешyда бошад?
Ба ҳамагони мо маълум аст, ки дар марказҳо қисми каме аз занҳои мо беҳиҷоб мегарданд, вале аксари онҳо дар атроф зиндагӣ мекунандy ҳаргиз розӣ нахоҳанд шуд бидуни ҳиҷоби исломӣба мактабy донишгоҳ раванд.
СССР натавонист занҳои мора беҳиҷоб кунад, магар инҳо метавониста бошанд? Магар инҳо фикр намекунанд барои дарс хондан беҳиҷобӣ зарур нест? Зарур он аст, ки инсон ҳар қисм либосе мепушад, муҳим ,ки дарс барои ободӣ ва осудагии ҷомеаамон бихонад.