Categories Uncategorized

Харобкорони исроилӣ навиштанд: “Масеҳ маймун аст”

Хабарнигорони исроилӣ, рӯзи сешанбе дар наздикии Байтулмуқаддас, савмаъаи (ибодатгохи) масеҳиро оташ заданд ва бар девораш навиштанд: “Масеҳ маймун аст”.

Ба гуфтаи хабаргузории “euronews”, дар ин девори савмаъа шиъорҳое дар ҳимоят аз шаҳраксозони яҳудӣ навиштаҳои дигари барҷоймонда бар девори ин савмаъа буд.

Мақомоти амниятӣ гумон мебаранд гурӯҳи мавсум ба “Прайс Тег” дар иқдоми бадкорона даст ба харобкорӣ зада бошад. Ин гурӯҳи мухолифи сарсахт ҳар гуна бархурд ва сиёсати давлати Исроил дар ҷилавгирӣ аз идомаи шаҳраксозии яҳудиён дар манотиқи ишғолӣ аст.

Ахиран ва бо раъйи додгоҳ, маъмурони исроилӣ 50 хонаводаро, ки ба таври ғайриқонунӣ дар шаҳраки яҳудии “Мегрун”, воқеъ дар наздикии Ромуллоҳ сукунат буданд, берун карданд.

Гумон меравад гурӯҳи ифротӣ “Прайс Тег” барои ҳимоят аз яҳудиёне, ки аз хонаҳояшон берун шуданд савмаъаи масеҳиро ҳадаф қарор додаанд.

More From Author

You May Also Like