Categories Uncategorized

Арзиши вақт

Аз ин рӯ, қимати вақтро ба тилло андоза кардаанд, ба ин таъбир, ки «вақт тиллост». Аммо вақт тилло нест, балки ҳазорҳо бор бартару беҳтар аз тиллост, чунки аз файзубаракати вақт тиллои аз даст рафтаро метавон дубора соҳиб гашт, дар сурате ки бо пардохти тамоми ганҷинаҳо як лаҳза аз умрро аз нав ба даст наметавон овард.

Вақт бамонанди зарфест, ки тамоми корҳо ва рӯйдодҳо дар дохили он сурат мепазиранд. Ба ин маъно вақт ҳамон зиндагист, ки бо талаф кардани ҳар лаҳзаи он лаҳзае аз умрро талаф мекунем ва ба сӯйи нестии худ наздиктар мегардем.Аз чӣ гуна сипарӣ кардани вақти имрӯз фардо пурсида мешавем ва барои он подоши савобу иқоб насиби мо мегардад.

Агар ба шароеъи дар ислом буда назар намоем, бар аъло мебинем, ки он ҳама дар шинохти вақт ба мусулмон кӯмак мекунад ва ҳамеша ӯро аз гузаштани умр огоҳ месозад, то ҳеҷ лаҳзаи худро дар ѓафлат нагузаронад. Ба таъбири бархе аз бузургони гузашта: намозҳои панҷгона тарозуи санҷиши рӯз, намози ҷумъа тарозуи санҷиши ҳафта, моҳи Рамазон тарозуи санҷиши сол ва ҳаҷ тарозуи санҷиши тамоми умр мебошад.

Ба фикри оянда бош

Барои шинохт ва истифодаи хуб аз вақт бояд аз пойбандӣ ба тафохуру нозиданҳои «доштам» берун ҷаст ва аз пайи «дорам»-у «хоҳам дошт» равона гашт. Гузаштаро бояд донист ва аз он ибрат гирифт, то умр танҳо батаҷрибаандӯзиҳо нагузарад. Маҳз бо ибрат аз гузаштавабо фикри оянда будан ба мо имконият медиҳад, ки арзишифурсатиимрӯзи худро донем ва дар истифодаи дурусти вақти худ комгор гардем. Ба вижа, дар ҷавонӣ бояд қимати вақтро донем ва аз ҳар фурсати худ истифодаи дурусту мақсаднок созем, то дар ин рӯзгори пурталотум беҳуда ва барҳадар сарфи айшу нӯш ва хобу аз пайи ҳаво давиданҳо нагардад, балки аз он ҳамчун заминае барои орому хушгузаронии айёми пирӣистифода шавад. Зеро айёмиҷавонӣ давронест, ки байни ду лаҳзаи нозуку пурэҳсос ва заифию нотавонииумр: кӯдакӣ ва пирӣ қарор гирифтааст. Ба таъбири дигар, ҷавонӣ анҷоми хушиҳои бе ѓами кӯдакӣ ва оѓози дардмандиҳои пирист. Бад-ин хотир, ҳар лаҳзаи ҷавониро боядба муҳосаба кашиду набоядаш қурбони беҳудагиҳо кард, чунки бо гузаштани ҷавонӣ ҳавасу ҳавсалаи корҳо низ мегузарад ва дигар орзуҳои инсон анҷомнадода монда, чун ормон дар хотираҳо мемонад. Дигар ба ҷойи «метавонам бикунам» «эй кош мекардам»-ҳо танинандоз мегардад… ё ба қавли устод Лоиқ:

Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,

Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

Донишмандон ва вақт

Вақте китобирӯзгори донишмандону бузургони гузаштаи худро сафҳагардонӣ мекунем, дар меёбем, ки каромати онҳо пеш аз ҳама дар эҳтироми вақт буд. Барои мисол намунаеро чанд дар инҷо зикр менамоем, ки қатрае аз баҳр, балки аз он ҳам камтар аст.

Мардеаз донишмандехоҳиш намуд, ки бо ӯ чанд ҳарфе гӯяд. Донишманд гуфт: Офтобро боздор, то бо ту сухан гӯям.Зеро вақтро аз даст додан умрро аз даст додан аст. (Аммо имрӯз мо мекӯшем, то ба ҳар гунае вақти худро зоеъ карда, барои бегоҳ кардани рӯз ва «малол нашудан» аз дарозии он вақтгузаронӣ кунем.

Абдуллоҳ ибни Масъуд аз рӯзе, ки мегузашт ба надомат ёд мекард ва мегуфт:Аз ҳеҷ чизе мисли гузаштани рӯзе надомат намекунам, ки офтобаш ѓуруб кунаду аз умри ман рӯзе кам шавад, аммо дар амали ман чизе наафзояд.

Ҳасани Басрӣ гуфтааст: мардумеро дарёфтам, ки ба вақташон аз ҳирси шумо ба дирҳаму диноратон дида, ҳористар буданд.

Асосгузори илми арӯз Халил ибни Аҳмади Фароҳидӣ мегуфт: Аз ҳама соатҳои вазнинтарин бар ман вақтест, ки дар он таоме тановул кунам, зеро ин монеи машѓулиятам ба илм мегардад. (Аҷабо, бузургтарин хушии имрӯзи мо нишастан дар гирди хони пурнозу неъмат ва дурӣ аз ҳама корҳои илмию пажуҳишӣ ва ба хотири хуш тановул аз он аст.)

Имом Шофеӣ мегӯяд: «Вақт ба монанди шамшер аст. Агар қатъаш нанамоӣ қатъат менамояд».

Ба ҷойи охирсухан

Худоё маро бубахш. Худоё маъзарат мехоҳам, барои вақтҳое, ки қурбони беҳудагиҳо намудам. Барои вақтҳое, ки ба тамошои силсилафилмҳо гузаронидаму ба кӯмаки касе нашитофтам. Барои вақтҳое, ки имкони ёрӣ ба дигаронро ба ман дода будӣ, аммо аз он истифода накардам. Барои носипосиҳое, ки аз вақти худ кардам.

“Рисолат”

More From Author

You May Also Like