Хадамоти муҳоҷирати кишвар дар давоми 7 моҳи соли равон наздик ба 30 нафар шаҳрванди Чинро тибқи моддаи 499 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ бинобар риъоя накардани қоидаҳои буду бош аз қаламрави кишвар хориҷ кардааст.
Дар воқеъ, кору фаъолият ва гашту гузори мардуми кишвари Чин дар дохили Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ бештар ба назар мерасад. Тавре соҳибназарон ҳам иқроранд, аз фаъолияти чиниҳо дар Тоҷикистон ҳам фоида асту ҳам зарар ва «ҳар ҷое кор ҳаст, камбудӣ ҳам ҳаст». Вале то ҷое маълум аст, мардуми кишвари Чин замоне дар Сибир ҳам мушкилӣ пеш оварда буданд, ҳатто дарахтонро бурида ба кишвари худ мебурданд. Эҳтимол дар ин мардум аз Тоҷикистон ҳам чизеро бурданианд.
Ҳамзамон дар назар аст, ки ба ин наздикиҳо сафари давлатии Си Тзин Пин, раиси давлати Чин ба Тоҷикистон сурат гирифта, санадҳои нави дуҷонибае дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. Яъне имконияти фаъолияти густардаи чиниҳоро интизор шудан мумкин аст.
Агарчи мардуми Чин қудрати дар соҳоти мухталифи Тоҷикистон фаъолият карданро дошта бошанд ҳам, ин ба маҳдуд сохтани фаъолияти соҳибкории мардуми таҳҷоӣ сабаб мешавад. Чиниҳо ҳатто истеҳсоли пахтаро дар Тоҷикистон соҳибӣ карда метавонанд.
Чиниҳо зиракона вориди ҳар бахше аз истеҳсолот мегарданд ва имтиёзу имкониятҳоеро барои худ дарёфт менамоянд. Аз чӣ бошад, ки аз сардори давлат сар карда, то ахирин масъул дар ҳукумат кӯшиш мекунанд, ки ба чиниҳо имтиёз қоил шаванд. Аммо маълум нест, ки низоми бархӯрд ва муносибати онҳоро дар ҷомеъа кӣ контрол мекарда бошад?
Чанде қабл миёни сокинони муқимӣ ва чиниҳо ҳодисаҳое рух доданд, ки ба хусумати бештар гардиданд. Барои мисол, ҷанҷоле дар назди Китобхонаи миллӣ байни тоҷикону чиниҳо, инчунин коргарони ширкати истихроҷи тиллои «Зарафшон» ба коршиканӣ даст зада, талаб намуданд, ки масъулини ин корхона, ки чиниҳоянд, маъоши онҳоро боло бардоранд. Бино ба гуфтаи эътирозгарон, чиниҳо ба тоҷикон 80 доллар ва барои худиҳо то ду ҳазор доллар маъош медоданд.
Нигаронии иддае аз тоҷиронро низ фаъолияти чиниҳо ба миён овардааст, чун ахиран зиёд гаштани теъдоди онҳо дар бозорҳои Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст.
Тибқи иттилоъи расмӣ, наздики 100 ҳазор нафар чинӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд, вале манобеъи ғайрирасмӣ ин теъдодро бештар медонанд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки беш аз 60%-и муҳоҷири кории Тоҷикистонро чиниҳо ташкил медиҳанд. Ба андешаи коршиносони мустақил муҳоҷирони чинӣ омадан доранд, вале рафтанро намедонанд, чаро? Сабабҳо зиёданд, озодии фаъолият ва гашту гарди беназорат, оромӣ, тиҷорати сердаромад ва амсоли инҳо.
Комил Аюбӣ, коршиноси мустақил мегӯяд, сабаби дигар ҳам ҳаст, он ҳам обу ҳавои мусоъиди Тоҷикистон, ки на танҳо мардуми чиниро, балки дигар шаҳрвандони хориҷӣ ҳам аз Тоҷикистон берун шуда намемонад.
Вале дар ин ҷода назорати масъулини зидахл бояд пурзур гардад, дар сурати адами назорати ҷиддӣ имкони пеш омадани мушкилот вуҷуд доранд. Ҳоло интизор меравад, ки бо омадани сардори давлати Чин боз имтиёзу имконоти дигаре ба ин мардум қоил мешаванд, ки оқибати ногувор хоҳад дошт.
Categories
ТАҲЛИЛ