Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом карда, ки санаи 19 – уми июни соли равон дар Душанбе конфронси илмие дар робита ба мубориза бар зидди терроризм дар Душанбе баргузор мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, ин ҳамоиш таҳти унвони “Муқобила бо таҳдиди амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, дастоварди Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва фасод ва ришвахорӣ” бо ҳузури коршиносон ва таҳлилгарон баргузор хоҳад шуд.
Categories
Ахбори рӯз