Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва вазири пешини саноати тоҷик аризаи даъвоии худро аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дубора ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт супурдаанд.
Вакилоини мудофеъи Зайдуллоҳ дирӯз, 10-уми апрел маротибаи дувум аризаи шикоятии худро алайҳи поксозу муборизи аршади аъмолҳои корупсионии кишвар баъди такмил додани шакли аввалаи он ба суд пешниҳод карда гуфтаанд: «Талаби мо аз суд ин аст, ки Абдуфаттоҳи Ғоиб барои паст задани шаъну шарафамон раддия пахш кунад, ҳамчунин барои расонидани зарари маънавӣ 1 сомонӣ пардохт намояд». Зимни шарҳи пардохи 1 сомонӣ далили мантиқие ҳам овардаанд, ки албатта, вакилон метавонистанд аз ҷаноби А. Ғоиб маблағи қобили мулоҳизаеро талаб намоянд, вале арзиши шаъну шарафи инсонро олӣ дониста, бо 1 сомонӣ қаноъат кардаанд.
Таври маълум, вакилони мудофеъи Зайдуллоҳ ҳанӯз 17-уми феврали соли равон аз болои раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия шикояте бурда буданд ба суди ноҳияи И. Сомонӣ, вале чанд рӯз қабл суд ваҷҳои дар шикояти онҳо овардашударо нокифоя хонда, онро ба қафо фиристодааст.
Шикояти вакилони мудофеъ ҳам баъд аз он ба суд пешниҳод гардида буд , ки ҷаноби А. Ғоиб рӯзи 4 феврал зимни баргузор сохтани нишасти матбуъотии худ, ташхиси ДНК-и Зайдуллоҳ, ҳамоне ки тафтишот ба суд пешниҳод кард, 99,9% воқеъӣ ва навори суҳбати масъулини “Био Папа”, инчунин ташхиси ДНК-и ин идораро бо дархости вакилони мудофеъ, ки «падар» будани Зайдуллоҳро рад мекард, тақаллубӣ арзёбӣ карда гуфта буд. «Ин кори дасти вакилон аст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ба наздикони Зайд Саидов нишон диҳанд, ки Кор карда истодаанд Зеро МО медонем, ки 9 моҳ боз онҳо, ҳатто субҳонаро дар хонаи Зайд Саидов мехӯранд ».
Суоли матраҳ ин аст, ки оё боре дар мурофиъаҳои судии Тоҷикистон таҷрибаеро шоҳид мешуда бошем, ки масъули буландпояи давлатӣ ҳам он ҷо ҳозир шуда, ҳадди ақал ба зиёдагӯии хеш иқрор шавад?
Categories
ҶОМЕА