Categories Uncategorized

Чӣ гуна бо раиси асабонӣ бояд бархурд кард?

Абдулатифи Ҳаммод

nahzat.tj


Баъзе аз кормандон дар корхона ё ширкате кор мекунанд, ки раҳбарияти онро раиси асабӣ ва бадқаҳр ба дӯш дорад. Ин гуна мудир ё роҳбар ба андаке чиз асабонӣ мешаванд ва туҳматҳои «нотавонӣ»- ро ба зердастони худ таҳмил мекунанд, ки дар натиҷа коргарон аз дасташ ба танг меоянду рафтан ба кор барои онҳо як бори гарону азоби тоқатфарсо мебошад.

Дар мавриди «чӣ гуна бархурд кардан бо ин навъ аз мудирон ё раисон», мушовири истихдом дар шаҳри Ҳамбурги Олмон, Мартин Верле мегуяд: «Барои коргар лозим аст, ки сари вақт сардори бадқаҳрро ҷавобашро диҳад.» Яъне ба гуфти тоҷикон, ҷанги аввалу халоси ахир.

Ин донишманд сухани худро тавзнҳ дода, мегӯяд: «Агар корманд ҷавобашро сари вақт надиҳад, кор ба андозае мерасад, ки дашномҳо ва таҳқирҳои шахсии зиёд хоҳад шунид.»

Профессор Дитер Фрейи Олмонӣ бо ин суханҳо мувофиқ буда, таъкид мекунад, ки агар раиси бадқаҳр бинад, ки кормандҳояш аз ӯ метарсанду зиёдаравии ӯро қабул доранд, пас ӯ дар гуфтору кирдори худ аз ҳад мегузаронад ва иҳонатро шурӯъ мекунад, чунки дар ин ҳолат раис худро арбоб меҳисобаду зердастонро ғулом.

Профессор афзӯд: «Барои ин, ки кор ба ин дараҷа нарасад, коргар бояд ҳайсияти худро нигоҳ дорад, то обуруяш поймол нашавад, ҳамчунин бояд мавзеъи боздоранда бигирад ва бо раис ошкорона суҳбат намояд, то аз ин мушкилот раҳоӣ ёбад. Лекин ин суҳбат ҳангоми ғазаби раис набошад, чунки кор бадтар хоҳад шуд, метавонад баъд аз ором шудани ӯ ин масъаларо матраҳ намояд.»

«Ин суҳбат бояд бо тартиб бошад, масалан авал бояд ба ӯ фаҳмонад, «Бо сабаби асабонияти шумо ман осеби равонӣ мебинам.» Дар қадами дуюм бигуяд, «Ман ҳангоми ингуна рафтори ба худ иҳонат эҳсос мекунам.»- меафзояд профессор Д. Фрей.

Аммо қадами севум, ба боварии ӯ, бар асоси иҳтироми якдигар, бо сардор аҳду паймон бибандад ва  ҳангоми шикастани ин аҳднома амали лозимаро ба татбиқ расонад.

Аммо дар ҷомеаи суннатии мо амал кардан ба тавсияи ин мутахассисон кори соддае нест. Зеро фарҳанги мудирият дар ҷомеаи мо ҳануз бар асоси эҳтироми комили тарафайн шакл нагирифтааст. Инчунин, ношаффофият дар қабул ва берун кардани корманд яке аз мушкилоти дигар дар соҳаи мудирият мебошад.

Бобоҷони Қаюмзод, равоншиноси тоҷик мегуяд: «Дар кишварҳои пешрафта чандин қонун ва созмону анҷуманҳо вуҷуд доранд, ки аз ҳуқӯқи кормандон ҳимоят мекунанд. Дар сурати бурузи мушкил мудирон пеш аз ихроҷи кормандон фикри чизҳои дигарро ҳам мекунанд. Аммо дар ҷомеаи мо ҳуқӯқи кормандон чандон ҳимоят намешавад. Аз тарафи дигар кормандон ҳам аз ҳуқӯқҳои худ ба хубӣ огоҳ нестанд. Психологияи мудирони мо ҳам бештар арбобсифат аст, то ҳуқӯқмеҳвар.»

«Дар ҳоле, ки аз нигоҳи арзишӣ ва ҳуқӯқӣ тавсияҳо комилан дуруст ҳастанд, вале аз нигоҳи фарҳангӣ ва психологияи иҷтимоӣ бо ҷомеаи мо чандон ҳамхонӣ надорад. Барои ба вуҷуд овардани чунин низоми мудирият, бояд аз зербино; аз мактабу донишгоҳ онро дар зеҳни мардум эҷод кард.»- меафзояд ҷаноби Б. Қаюмзод.

Вале ба ҳар ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки дар бисёр маврид, бахусус дар робитаи корманд бо мудир ё раис масали тоҷикӣ «Ҷанги аввалу халоси охир», ки таҳқиқоти донишмандони урупоӣ дар он хулоса мешавад, роҳҳалли хубе мебошад.

More From Author

You May Also Like