Орзуи Мирзо
nahzat.tj
Дирӯз Раиси Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусейн Сиялро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зуҳуров изҳори умедворӣ намуд, ки бо таъин шудани Амҷад Ҳусейн Сиял ба вазифаи сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди муносиботи Исломобод ва Душанбе ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб мекунад. Ш.Зуҳуров таъкид кард, ки мардумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистонро як қатор умумиятҳои муштарак ба ҳам наздик кардааст ва хушбахтона, чунин фазо, ки то имрӯз дар миёни миллати сарбаланди ҳарду кишвар вуҷуд дорад, яке аз омилҳои асосии густариш пайдо кардани ҳамкориҳои муштарак дар ҳамаи арсаҳо гардидааст.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки раванди муносиботи байнипарлумонии ду кишвари дӯст бояд ба марҳалаи тоза ворид гардида, барои тақвияти ин равобит иқдоми ҷиддитаре рӯи даст гирифта шаванд.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон равобити неку ҳасана ҳукмфармо аст, аз ҷумла муносибати хуби сарони давлатҳои мо заминаи асосиро барои рушди ин ҳамкориҳо ба вуҷуд овардааст. То имрӯз миёни кишварҳои мо 25 санади муҳим, аз қабили Созишнома ва Протоколҳо ба имзо расидаанд ва мо бояд барои мавриди иҷро қарор гирифтани ин санадҳо бештар талош намоем.
Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиял саломи раиси парлумони кишварашро ба Шукурҷон Зуҳуров расонида, ҳамзамон изҳор дошт, ки рӯзҳои 3 ва 4 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исломобод конфронси байнипарлумонӣ бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо баргузор мегардад, ки иштироки ду нафар аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронс дар назар дошта шудааст. Ин таклиф аз ҷониби раёсати Маҷлиси намояндагон ба хушнудӣ қабул гардид.
Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Покистон дар навбати худ изҳор дошт, ки таъин шудани худ ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистони офтобиро бо хушнудӣ ва ихлоси том қабул кардааст.
Амҷад Ҳусейн Сиял Тоҷикистонро хонаи дуввуми худ унвон карда, ҳамчунин таъкид кард, ки қарор аст, ҷониби Покистон дар доираи барномаи имдодрасонии худ ба Тоҷикистон маводи озуқаворӣ кӯмак намояд.
Дар анҷоми мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон дар ҳамаи соҳаҳо боз ҳам густариш ёфта, маҷрои нав касб мекунад.