Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, яке аз ин афрод раиси КДАМ Саймумин Ятимов мебошад, ки дар тӯли се рӯзи ҳузури худ дар ВМКБ, бо мардуми ин вилоят сӯҳбатҳое анҷом додааст.
Манбаъ меафзояд, ки яке аз мавзӯъҳои меҳварии сӯҳбатҳои оқои Ятимов бо мардуми бадахшонзамин тақвияти нақши Қонун дар ин минтақа ба шумор мерафт.
Ҳамзамон вазири умури дохила Рамазон Раҳимов ва вазири мудофиа Шералӣ Хайрулоев рӯзи панҷшанбе (11.10.2012) вориди шаҳри Хоруғ гашта, тасмим доранд бо роҳбарони Кумитаи амният ва низомии ВМКБ ҷаласа барпо кунанд.
Бояд гуфт, ки таҳвили силоҳи ғайриқонунӣ ва мубориза бо ҷиноят аз дигар масоили дастури кории мақомоти амниятӣ мебошанд, ки аз ин минтақа дидан мекунанд. Нерӯҳои давлатӣ пас аз кушта шудани генерали Кумитаи амнияти миллӣ дар июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ барои таҳқиқи ин масъала нерӯҳои худро ба ин минтақа эъзом карда буд.
Вале пас аз эъзоми нерӯҳо ба Хоруғ, миёни нерӯҳои давлатӣ ва афроди мусаллаҳи муқимии ин минтақа ҷанг оғоз гардид. Бар асоси гузориши расонаи хабарии news.tj 13 тан аз нерӯҳои низомӣ ва 30 нафар аз гурӯҳои мусаллаҳ дар ин задухурд кушта шуданд.
Дар баробари ин бархе аз маконҳову иморатҳо дар ин минтақа ба харобазор табдил гардида буд.