Categories Ахбори рӯз

Шабдолов: “Тоҷикистон танҳо бо ИИАО метавонад мушкилоташро ҳал намояд”

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва яке аз сиёсатмадорони маъруфи кишвар дар яке аз суҳбатҳои худ иброз доштааст, ки Тоҷикистон бояд дар як муддати кӯтоҳ мавқеъи худро оид ба узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) муайян кунад.

Ӯ дар ин росто аз кишварҳое, ки имконоти иқтисодиашон нисбат ба Тоҷикистон ба мартиб зиёданд мисол оварда баён медорад, ки Қазоқистону Беларус ва Армения, ки аз нигоҳи иқтисод нисбат ба Тоҷикистон вазъи беҳтаре доранд, ин кишварҳо бидуни ҳеҷ таҳлиле кайҳо вориди ин иттиҳод гардида ва вазъи иқтисодиашонро боз ҳам болотар гардонидаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи ӯ то кунун Тоҷикистон мавқеи худро барои ворид шудан ба ин иттиҳод дақиқ накардааст.

Шабдолов увзи иттиҳоди мазкур будани Тоҷикистонро зарур шуморида, иброз медорад, ки барои беҳтар гардонидани ҳаракати озоди сармоя, молу маҳсулот ва қувваи корӣ Тоҷикистон бояд узви ИИАО бошад.

Ба ақидаи Шабдолов лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ”, ки аз тарафи ҳукумат ба роҳ монда шудааст, ба таври комил мушкилоти муҳоҷиратро ба уҳда гирифта наметавонад ва ба танҳоӣ барои бартараф кардани мушкилоти муҳоҷират қодир нест.

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъкид медорад, ки имрӯз Тоҷикистон танҳо дар доираи ИИАО метавонад мушкилоти вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ, беҳбудии сатҳи маорифу тандурурстиро ҳал намояд.

More From Author

You May Also Like