Шайхи муҷоҳидон – Умар Мухтор

Ӯро ба ҳолаш бигузоред… Пирамардеро, ки синнаш аз ҳафтод гузаштааст, накушед… Вай чӣ гуноҳ дорад?! Ҷурмаш танҳо ҳамин аст, ки аз хоки ватанаш дифоъ кардааст!!!

Қотилон ба ин фарёдҳои раҳмдилона таваҷҷӯҳ надоданд… Ӯро дар миёни аҳли байт ва хешу ақрабояш ба дор овехтанд… Ҳатто нагузоштанд, ки наздиконаш ғаму дардашонро иброз доранд… Ашконашонро дар дидаҳояшон хушк карданд… Қаҳрамони муборизро ба қатл расониданд, иззату кароматро зери хок карданд… Чӣ амали баде карданд!!!

Ҳаёташро ба хотири озодӣ ва барои мубориза дар роҳи Худо бахшид! Аз Аллоҳ таоло содиқона орзӯи шаҳодат кард ва ба мақсадаш расид…

Соли 1275-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 1858-и мелодӣ дар вилояти Бутнони Либия ва дар яке аз оилаҳои диндору аҳли тақво тифлаки пурфайзе ба дунё омад, ки номашро Умар гузоштанд.

Иродаи илоҳӣ ба он рафта буд, ки Умар Мухтор ятим ба воя бирасад. Падараш ҳангоми сафари ҳаҷ, баъд аз ин ки ба яке аз дӯстонаш тавсияи нигоҳубини ду нури чашмаш, Умар ва Муҳаммадро дода буд, аз олам чашм пӯшид. Умар Мухтор бо бародараш Муҳаммад он вақтҳо дар яке аз мадрасаҳои минтақаи Ҷанзур (номи қадимааш Занзур) ба таҳсил машғул буд.

Сипас Умар Мухтор ба шаҳри Ҷағбуб, воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии Либия барои такмили таҳсил сафар намуда ва ҳашт соли комил онҷо боқӣ монд. Вай дар ин муддат Қуръони каримро аз худ намуд ва риштаҳои гуногуни улуми шариатро омӯхт. Дар аснои таҳсил кам-кам барои атрофиён ахлоқи олии Умар Мухтор кашф гардид.

Аз сабаби ин ки Шайхи муборизон, Умар Мухтор соҳиби одоби олии инсонӣ буд, мавриди писанд ва боварии пайравони тариқаи аҳли тасаввуфи “Санусия” қарор гирифт. Он замон ҳама зимоми пешвоӣ дар Либия дар ихтиёри пайравони ҳамин мактаби тасаввуф буд. Аз ин сабаб вақте сайид Муҳаммад Маҳдии Санусӣ ба минтақаи “Куфра” сафар намуд, Умар Мухторро ҳамроҳи худ бурд, чунки ба вай эътимоди зиёд дошт. Ҳамин тавр сайид Муҳаммад Маҳдии Санусӣ Умар Мухторро шайх ва пешвои деҳаи “Ал-қусур”-и кӯҳи Ахзар таъйин намуд.

Соли 1911-и мелодӣ Итолиё ба хоки Либия ҳуҷум овард ва онро мустамликаи худ қарор дод, амалҳои ниҳоят ваҳшиёнаеро содир намуд ва ба ҳама гуна фасодкорӣ даст зад.

Ҳамин буд, ки ҷавонмардони Либия барои озодии ватани худ вориди майдони мубориза гаштанд.

Ҳаракати аҳли тасаввуфи “Санусия” тамоми пешвоҳои вилоятҳо ва ноҳияҳоро ба ҷиҳод даъват намуд. Умар Мухтор яке аз аввалин нафарҳое буд, ки ба нидои мубориза алайҳи душманони ишғолгар лаббайк гуфт ва дар ин мубориза аз худ шуҷоат ва қудрати бузургеро намоиш дод. Вай боварии комил дошт, ки ватанаш ҳаққи озодӣ ва кароматро дорад, на ғуломӣ ва пастӣ!

Умар Мухтор масъулияти роҳбарии муҷоҳидонро ба ӯҳдаи худ гирифт ва барои пайравонаш нақшаҳои ҷолиби ҷанг бо душманро кашид.

Вай дар ибтидо аз тактикаи дифоъ ва интизории душман дар камингоҳ истифода мебурд. Ҳаминки низомиёни итолиёӣ аз қароргоҳи худ мебаромаданд, муҷоҳидон бо сардории Умар Мухтор ба монанди уқоб якбора ба онҳо ҳуҷум карда, чандин нафарашонро мекуштанд ва лавозимоти ҷангии онҳо барои худ мегирифтанд.

Вақте соли 1914 ҷанги дуюми ҷаҳон шурӯъ гардид, муҷоҳидони Либия ба душманони ватан зарбаҳои сахти ногаҳонӣ заданд ва дар якчанд манотиқе, ки итолиёиҳо онро ишғол карда буданд, шӯълаи инқилобҳои мардумиро ба роҳ монда ва шӯриш бардоштанд.

Соли 1922 амир Идриси Санусӣ барои муолиҷа ва талаби кӯмак ба Миср сафар намуд ва дар ҷойи худ Умар Мухторро иҷрокунандаи вазифа гузошт.

Баъд аз ин ки муҷоҳидон аз тарафи итолиёиҳо якчанд ҳуҷумҳои пай дар пай диданд, Умар Мухтор саффи муборизонро ба низом даровард ва бо гурӯҳе аз онҳо ба тарафи кӯҳи Ахзар (кӯҳи сабз) рафт ва дар онҷо пойгоҳи ҳарбиеро бино намуд. Ҳадаф аз бинои ин пойгоҳ машқ додани муборизони Либия ва омодасозии онҳо барои ҷангидан дар муқобили душманони ватан буд. Дар ҳақиқат баъди ба анҷом расидани бинои пойгоҳ мардум аз ҳар гӯшаву атроф ихтиёран барои омодагӣ меомаданд.

Умар Мухтор барои ҳар қабила пешвои алоҳида таъйин намуд ва ҳама масъулон баъд аз ин ки қасам ёд карданд, ки то охирин нафас барои раҳоӣ додани ватанашон аз дасти ишғолгарон мубориза мебаранд, иттифоқ бастанд, ки бояд сардории кулли муҷоҳидон ба ихтиёри Умар Мухтор гузошта шавад.
Баъд аз ин иттифоқ ва таъйинот миёни муҷоҳидон ва душманони хоки Либия, артиши илотиёӣ даргирии сахте ба вуқӯъ пайваст, ки таърих онҳоро бо номи ҷанги “Раҳиба”, “Ақира-ал-матмура” ва “Карисса” (аслан номи маконҳое дар кӯҳи Ахзари Либия мебошад) сабт кардааст. Ҷангҳои номбаршуда аз бузургтарин корзорҳои таърихӣ дар минтақа буд, ки ниҳоятан бо пирӯзии муҷоҳидон ва ақибнишинии итолиёиҳо анҷом ёфт. Ин ҳама боиси он гардид, ки мақоми Умар Мухтор дар миёни муҷоҳидон боло рафт ва ҳамаашон атрофи вай ҷамъ омада, тааҳҳуд бастанд, ки то охир кӯмакаш мекунанд.

Умар Мухтор аз ибтидои мубориза ҳаргиз ба роҳат хоб намекард ва ҳамеша дар майдон буд. Охир, читавр роҳат карда метавонист, дар ҳоле, ки истеъморгарони Италия дар пеши чашмонаш бадтарин амалҳоро анҷом медоданд.

Онҳо ҳазорон нафарро ба қатл расониданд, номуси садҳо зани покдоманро дарониданд, гӯшу бинии садҳо нафарро буриданд, ҳазорҳо нафари дигарро зиндонӣ карданд, адади зиёди кӯдакону пирамардонро хору залил гардониданд ва зироатгоҳҳоро ба коми оташ кашиданд. Бо ин ҳолат муҷоҳидони ватанпарвар бояд мубориза мебурданд. Дигар чорае набуд. Ё марг ва ё пирӯзӣ!

Вақте дар тамоми гӯшаву атрофи Либия мубориза шурӯъ гардид, Умар Мухтор ба Миср ба назди амир Идриси Санусӣ сафар кард, то аз вай оид ба ҷангҳо ва нақшаҳои ҳарбӣ маълумоти тоза бигирад.

Ҳангоми баргаштанаш аз сафари Миср ҷосусҳои итолиёӣ ба сардоронашон хабар доданд, ки ин лаҳзаҳо Умар Мухтор дар қисмати ҳудуди шарқии Либия қарор дорад. Онҳо барои дастгир кардани ин мубориз дар камин нишастанд ва баъд аз наздикшавии ӯ бо атрофиёнаш бо силоҳ ба онҳо ҳуҷум оварданд, аммо Умар Мухтор бо зердастонаш аз худ маҳорати хоси ҷангӣ нишон дода, тамоми ҳуҷумкардаҳоро аз аввал то охир нобуд сохтанд. Бо ин ҳодиса номи Умар Мухтор ҳамчун як муборизи чирадаст дар осмони ҷиҳод ва шуҷоат миёни хурду калон дурахшид. Дигар мардум аз тамоми манотиқ барои пайвастан ба саффи онҳо ихтиёран меомаданд ва таъсири мардумии Умар Мухтор рӯз то рӯз афзунтар мегашт ва мардум то ҳадди имкон ба вай кӯмакҳои гуногун мерасониданд.

Умар Мухтор ҳаргиз роҳат надошт. Боре пешвоёни қабилааш кӯшиш карданд, то ӯро ба сабаби пиронсолӣ аз мубориза манъ кунанд, вале вай дар ҷавобашон гуфт: “Ин роҳе, ки ман паймуда истодаам, роҳи хайр аст ва ҳар касе маро аз он манъ кардан мехоҳад, пас бешубҳа душмани ман аст ва касе ин ҳақро надорад, ки маро аз роҳи ҷиҳод барои озодии ватанам манъ намояд!”

Ишғолгарони итолиёӣ вақте аз муборизаи силоҳӣ бо Умар Мухтор оҷиз монданд, бо вай аз роҳи дигар ворид шуданд. Барояш пулу мол ва зиндагии пур аз фароғат ваъда карданд, вале ӯ рад кард ва роҳи муборизаашро идома дода, ба саффи ишғолгарон хисороти ҷонӣ ва молии зиёд ворид намуд. Ин ҳама сабаб гардид, ки яке аз роҳбарони Итолиё бо номи Бенито Амилкаре Андреа Муссолини генерал Пета Бадолоро ҳокими Тароблус ва Бурқа таъйин намуд. Бо омадани ин ҳокими нав марҳилаи ҷадиди мубориза оғоз ёфт.

Ҳокими ҷадиди Тароблус бо Умар Мухтор тамос гирифт ва ӯро ба тарк кардани хилоф даъват намуд. Умар Мухтор ин пешниҳодро пазируфт, вале якчанд шартҳоеро гузошт, ки ҳама барои иззату каромати ватанаш буд. Аммо итолиёиҳо бо ин пешниҳод қасди фиреб додани вайро доштанд. Вақте ҳавопаймоҳои ҳарбии ишғолгарон қароргоҳи Умар Мухтор ва рафиқонашро мавриди тирборон қарор дод, яқин ҳосил гардид, ки онҳо хиёнат кардаанд. Бо ҳамин мубориза аз нав оғоз гардид.

Моҳи октябри соли 1930-и мелодӣ миёни муҷоҳидони либиёӣ ва артиши итолиёӣ ҷанги сахте сар зад. Баъд аз интиҳои задухӯрд душманон дар майдони ҷанг айнаки чашми Умар Мухтор ва ҷасади беҷони аспашро пайдо карданд. Бо дидани ин ҳолат Родолфо Гразионӣ, ноиби генерал Пета Бадоло гуфт, имрӯз айнаки чашмони Умарро пайдо кардем, фардо ҳатман сарашро аз тан ҷудо карда меорем.

Умар Мухтор дар роҳи мубориза устувор буд, то ин ки ахиран ин қаҳармони майдон ва асри худ ба дасти душманон асир афтид ва онҳо бо дастгир кардани вай ниҳоят хушҳол гардиданд.

Ишғолгарони итолиёӣ дар ҳол ба ном маҳкамае тартиб доданд ва ин муборизи роҳи Ҳақро ба пояи дор оварданд. Маҳакамаи мазҳакаомезашон тақрибан як соату понздаҳ дақиқа идома ёфт ва ба вай ҳукми эъдом содир намуданд.

Ҳангоме ӯро ба пояи дор оварданд, заррае тарс надошт ва қадамҳои худро бо як шуҷоат ва устувории комил мегузошт, забонаш аз такрори калимаи шаҳодат хомӯш намемонд. Баъди бори аввал ба дор овехтан диданд, ки то ҳол зиндааст, бори дувум ӯро ба дор овезон карданд, то ҷон ба ҷонофарин супорид.

Ин қаҳрамони роҳи ҳақиқат баъд аз коштани тухми иззату каромат дар вуҷуди ҳамватанонаш ба шаҳодат расид ва Аллоҳ таоло ӯро ба орзӯяш расонид.

Офтоби озодӣ аз нав болои мардуми Либия нурафшонӣ кард, Итолиё аз ин кишвар рахти сафар баст ва соли 1951 онҳо ба истиқлолият расиданд.

Ҳеҷ гоҳ олами ислом ба таври умум ва мардуми Либия ба таври хусус баъд аз ин ҳама ҷонфидоиҳо барои кӯмак додани дину озодии ватан яке аз боризтарин муҷоҳидонашро фаромӯш намекунад!!!

Китоби “Донишмандони маъруфи исломӣ”, таълифи муҳаққиқ Алӣ ибни Нойиф Шаҳуд,

мутарҷим: Абдуллоҳ Оқилзода

More From Author

You May Also Like