Шайх Қарзовӣ: “Аз ҳукумати Миср итоат накунед”

Ба гузориши пойгоҳи хабарии мисрии “Алявм”, Юсуф Қарзовӣ дар хутбаи рӯзи ҷумъаи худ гуфт, ки миллати Миср ҳамчунон ба озодӣ пофишорӣ хоҳанд кард. Миллати Миср ва ҳама озодагон дар ҷаҳон намепазиранд, ки миллат ҳамонанди гову гӯсфанд дунболаи рӯи арбоби худ бошад. Миллати Миср, миллате озод аст ва намегузорад, ки дунболи гумроҳӣ ва хорӣ биравад.

Вай бар зарурати бозгашти зиндагии озодона ба Миср таъкид ва низоми кунунии ин кишварро муттаҳам кард, ки ҳазорон нафарро ба қатл расонида ва ҳазорон нафарро ба зиндон андохтааст.

Қарзовӣ гуфт, ки масъулони мисрӣ даҳҳо ва саддҳо нафар аз занонро зиндонӣ мекунанд, ба ин хотир ӯ дар идомаи суҳбат афзуд, ки масъулони ҳозираи Миср “золимони мутакаббир дар рӯйи замин” мебошанд.

Дар охирсухан вай таъкид бар он дошт, ки миллати Миср бояд аз Қонуни асосӣ ва раисҷумҳур Мурсӣ, ҳамчунон низоми Қонуни асосии демократии худ муҳофизат кунад.

More From Author

You May Also Like