Ба чашме эътимод кун, ки ба ҷои сурат ба сирати ту менигарад… ба диле дил супор, ки бисёр ҷойи холӣ бароят дошта бошад…. ва дастеро бипазир, ки боз шуданро беҳтар аз мушт шудан ошно бошад.
Ҳавасбозон касеро, ки мебинанд дӯст дорад, аммо ошиқон касеро, ки дӯст доранд зебо мебинанд.
Вақте дар зиндагӣ ба даре наздик шудӣ, ки бисёр бузург аст натарс ва ноумед ҳам машав, зеро агар қарор буд он дари бузург боз нашавад ҷояш девор мегузоштанд.
Он чи ки ҳастӣ ҳадияи Худованд аст ва он чи ки мешавӣ ҳадияи ту ба Худованд… пас беназир бош.
Шрифтарин дилҳо диле аст, ки андешаи озоди дигарон дар он бошад.
Бадбахтӣ танҳо дар боғчае, ки худат коштаӣ мерӯяд.
Ҳар андешаи шоистае ба чеҳраи инсон зебоӣ мебахшад.
Қобили эътимод будан арзишмандтар аз дӯст доштанӣ будан аст.
Нагӯ шаб шудааст, бигӯ субҳ дар роҳ аст.