….Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, узви Шӯрои Сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ
-Дар замони шӯравӣ қишри рӯҳоният дар корҳои сиёсӣ ширкат доштанд. Барои мисол дар парлумоне, ки соли 1990 ташкил шуд, дар таркиби худ 5, 6 домуллоҳои муътабари кишварро дошт. Ҳозир барои чӣ нест? Дар ҳоле ки як ҷониби сулҳи тоҷиконро муллоҳо ташкил медоданд.
– Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Дар замони шӯравӣ дуруст аст, ки иддае аз рӯҳониён аз ҷониби мардум ба депутатии Шӯрои олии он замон интихоб шуда буданд. Ва ин кор дар охирин давраҳои мавҷудияти Шӯравӣ ба ҳайси як давлати муқтадир сурат гирифта буд. Албатта, дар сояи сиёсати бозсозии президенти аввалину охирини СССР Горбачёв рӯҳоният ба мақоми олии қонунгузории кишвар ва ҷумҳурӣ роҳ ёфт. Вале то замони ба сари қудрат омадани М. Горбачёв рӯҳоният вазъи хуш надошт, зеро Ҳизби коммунист танҳо идеологияи худро ҳақ медонист ва фақат ҳамин ҳизбро шоистаи роҳбарии давлату халқ қаламдод мекард. Барои пайравони ақоид ва равияҳои дигар ҳеҷ гуна ҳаққе қоил набуд. Ҳатто ғайри худаш барои нерӯҳои сиёсии дигар иҷоза намедод, ки дар ин мамлакат вуҷуд дошта бошанд.
Дар ҳақиқат, имрӯз аз шумори имомхатибон ва муллоҳову домуллоҳодарпарлумон намоянда вуҷуд надорад. Воқеъбинона назар кунем, мебинем, кисиёсати давлат дар баробари Ислом ва рӯҳоният аз замони қаблазгорбачёвии Шӯравӣ ҳам мураккабтар шудааст. Он сиёсати муваққатиеро, ки давлат дар замони имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ пеш гирифта буд, ба куллӣ дигар кард ва имрӯз аз он сиёсат нишоне намондааст. Давлат сиёсаташро дигаргун кард ва бо ҳамин парда аз болои рӯҳияи динситезӣ бардошта ва як барномаи мукаммали мубориза бар алайҳи дин ва диндорон, бахусус Ислом ва муслиминро рӯи даст гирифт. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин сиёсат фарҷоми нохушоянд дар пай дорад ва зарар ба миллату кишвар мерасонад. Зеро аксарияти мутлақи мардуми Тоҷикистон мусалмонанд. Намешавад дар мамлакате, ки 95-99 дар сади аҳолии он мусалмон бошад, бо барномаҳои зидидинӣ ва динситезӣ ҳукм ронд. Зеро дар ҷомеъа бидуни ризоият ва хости мардум ва бо сиёсати зиддимардумӣҳукумат кардан аз имкон берун аст. Дар кишварҳо ва мамлакатҳои қудратманд пуштибони аслии ҳукумат мардум аст. Вақте ҳукумате сиёсати зиддимардумӣ пеша кунад, аз мардум ҷудо ва аз пуштибони худ маҳрум ва аз пойгоҳи иҷтимоияш гусаста мегардад:
Раият чу беханду султон дарахт,
Дарахт, эй писар, бошад аз бех сахт.
Бинобар ин, ҳар давлате, ки заминаи мардумӣ дошта, аз пуштибонии миллати хеш бархӯрдор бошад, пояҳои он давлат собиту устувор аст. Расули акрам бо ривояти Имом Муслим мефармояд: “Беҳтарин зимомдорони шумо касоне ҳастанд, ки шумо онҳоро дӯст медоред ва онҳо шуморо дӯст медоранд ва шумо дар ҳаққи онҳо дуъои нек мекунед ва онҳо барои шумо дуъои нек мекунанд. Ва бадтарин зимомдорони шумо касоне ҳастанд, ки шумо онҳоро бад мебинед ва онҳо шуморо бад мебинанд ва шумо онҳоро лаънат мекунед ва онҳо шуморо лаънат мекунанд”.
Имрӯз мо шоҳиди сиёсате ҳастем, ки руҳияи ошкори зиддиисломӣ дорад ва ба воқеияти мардум ва воқеияти сарзамини Тоҷикистон мувофиқат намекунад. Шароит ва муҳити сиёсии кишвартаврест, ки рӯҳонӣҷуръати пешбарии номзадии худро ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз даст додааст. Барои мисол, хатибони масоҷид ё ҳатто раиси шӯрои уламо ин ҷуръатро надорад. Дар замони ҳукумати шӯравӣ, ки аз тарафи ҳизбиилҳодии коммунистӣ идора ва роҳбарӣ мешуд, роҳбари идораи мусалмонони ҷумҳурӣ ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода имкон ёфт, то номзадияшро пешниҳод кунад.Ҳамин гуна қудрат ва ҷуръатро дошт. Ҳамчунин имомхатибон Муллоҳайдар аз шаҳри Кӯлоб, домулло Ҳадиятуллоҳ аз Исфара, шодравон эшони Саидашраф аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва чанде дигар аз домуллоҳои кишвар тавонистанд, номзадияшонро ба намояндагӣ аз ин қишри ҷомеа пешниҳод кунанд. Се нафари аввал овозҳояшонро соҳибӣ карда тавонистанд ва ба унвони намояндагони ин қишр дар Шӯрои олӣ ҳузур пайдо карданд. Аммо дар замони мо ягон эшон ё домуллои қавиеро пайдо карда наметавонем, ки бо иродаи устувор номзадияшро ба вакилии МН пешниҳод кунад. Иллати аслӣ аз даст додани ҷуръат ва ноумедист. Аксари рӯҳониёни расмӣ бар асари фишору тазйиқи ниҳодҳои зидахли ҳукуматӣ то ҷое афсурда гаштаанд, ки боварӣ ба қудрат ва иродаи худро аз даст дода, ҳатто аз тасаввури муборизаи сиёсӣҳазар мекунанд, чӣ расад ба иқдом намудан ба муборизаи сиёсӣ. Ба илова, рақобати носолим ва тақаллуб дар интихобот, ки дар ҷомеъаи имрӯзаи мо ба худ ранги урфу одатро гирифтааст, на танҳо домуллоҳо, балки хеле аз неруҳои солимфикри миллиро аз пирӯзӣ дар интихоботва расидан ба ояндаи нек ноумед гардондааст. Зеро дараҷаи боварии мардум ба шаффофияти интихобот ба сифр мусовӣ гаштааст. Аз ин рӯ, баъзе аз дӯстони ғайринаҳзатӣ ба мо дар мавриди интихобот мегӯянд, натиҷаи интихобот маълум аст, чаро шумо ин қадар вақт ва қувваи худро сарф мекунед, мисле ки хабар надошта бошед?
Аз ҳама муҳим ин аст, ки уламои исломӣ ба дарки ин ҳақиқат бирасанд ва бидонанд, ки сиёсат қисмати таркибӣ ва ҷудонашавандаидин аст ва он ки баъзе аз файласуфнамоҳо дар мавриди ҷудоии дин аз сиёсат тӯтивор фалсафахонӣ мекунанд, афсонаи асримиёнагие беш нест. Аз ин рӯ, бояд домуллоҳо зери сояи ин гуна афсонаҳо нараванд. Баръакс, зарурати вуҷудашонро дар ин ниҳод эҳсос намоянд ва ҳақиқатеро, ки дар парлумон воқеан ҳарфе барои гуфтан доранд, напӯшонанд. Қисмате аз эшон бояд дар он ҷо бошанд ва аз мақеи ҳақиқат ва адолат дифоъ ба амал оранд. Вале мутаассифона, аксари эшон худро аз сиёсат канор гирифтаанд, ҳатто то ҷое канор кашидаанд, ки бархе аз онҳо бо огоҳии ноогоҳона ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ мухолифат мекунанд. Пӯшида нест, ки фазои фаъолияти онҳо дар кишвар бисёр маҳдуд аст, вале ҳуқуқу озодиро касе барои онҳо ҳадя намекунад, бояд камари ҳимматро маҳкам баста, ба таври хастагинопазир талош варзанд ва ҳеҷ гоҳ дар муборизаи сиёсӣ ноумед нашаванд. Паёмбари гиромӣ мӯъмини тавоноро беҳтар аз мӯъмини заъифу нотавон унвон кардааст. Бинобар ин, рӯҳияи тарсу заъфро аз худ дур карда, фаъол шаванд, чун табиати роҳ ғайрату шуҷоат мехоҳад. Уламои исломӣ бояд дорои сифот ва дараҷоте бошанд, ки назди Худованд писандида аст. Алломаи Машриқзамин дар ин маънӣ фармудааст:
Ба нури ту барафрӯзам нигаҳро
Ки бинам андаруни меҳру маҳро
Чу мегӯям, мусалмонам, биларзам,
Ки донам мушкилоти ло илаҳро.
Пайғамбари Худо (с) мефармояд: ” Ал-уламоу варасатул анбиё, яъне, уламо ворисони пайёмбаронанд”. Вориси Пайёмбар будан маънои маҳдудшавӣ ба ибодот, монанди намозурӯза, закоту ҳаҷ ва аз бар кардани илму маърифатро надорад. Ин маънои дар ҳама ҷабҳа ва дар ҳама мавзӯъ мисли пайёмбар амал ва пайравӣ карданро дорад: ҳам дар ибодат, ҳам дар ахлоқ, ҳам дар сиёсат, ҳам дар иқтисод, ҳам дар корҳои иҷтимоӣ, ҳам дар хайрхоҳӣ ба мардум ва миллат, инчунин дар хидмати ҷомеа. Аз пайёмбар қасру кӯшк, молу сарват мирос намондааст, ки уламо онро ба мирос баранд, балки аз он ҳазрат (с) дини поку мубарро ва комилу мукаммал ба мерос мондааст. Дин сиёсат ва идораи мардум аст, идора кардани ҷомеа аст, дин мудирият дорад. Худованд паёмбари гиромӣ (с)-ро барои касоне, ки умед ба раҳмати Худо ва имон ба рӯзи қиёмат доранд беҳтарин сармашқи зиндагӣ муаррифӣ кардааст: “Ба яқин, барои шумо дар (зиндагии) Расули Худо сармашқи некӯст барои касе, ки ба Худо ва рӯзи вопасин имон дорад…” (Аҳзоб, 21 ).
Барои ҳамин уламои мо як бор ҳушёр шаванд, ба худ оянд. Ин на ба он маъност, ки бо давлат мухолифат кунанд, ин маънои онро дорад, ки аз ҳошияи ҷомеъа берун оянд ва ҳамроҳ бо неруҳои фаъоли дигар ба мардум, миллат ва кишвари азизамон хидмат кунанд.
– Бархе бар ин ақидаанд, ки яке аз сабабҳои карахтӣ ва дучори бемавқеӣ шудани рӯҳоният Созишномаи умумии сулҳи миёни ҳукумат ва мухолифин аст, ки ба баҳонаи “Дин аз давлат ҷудост” рӯҳониятро аз марказ ба ҳошия кашонд.
-Аслан дар санадҳои расмӣ масоили умда бидуни шарҳу тафсир дарҷ карда мешавад, чун зикри тамоми ҷузъиёти мавзӯъро гунҷоиш надоранд. Созишномаи сулҳ низ китоб ё рисолае нест, ки дар он тамоми ҷузъиёти муносиботи ҷонибҳои сулҳ ба тафсил баён ёбад. Бинобар ин, нуқсон дар матни он нест. Рисолати гуфтушунидҳо ва асноди дар ин раванд ба имзорасидаи ҳарду ҷониб, аз ҷумла, Созишномаи умумии сулҳ таъмини сулҳ ва қатъи ҳар гуна хусумату хушунат буд, ки алҳамдулиллоҳ, ба даст омад ва иҷро шуд. Сулҳ бо алтофи Худовандӣ ва ҷидду ҷаҳди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣдар кишвар таъмин гардид. Баъд аз барқарории сулҳ қисме аз рӯҳониён саргарми ширкат дар ҷамъомадҳо ва маросимҳои мардумӣ ва мавъизахонӣ шуда, тавре гумон карданд, ки гӯё вазифаи худро ба унвони як донишманди динӣ анҷом дода истодаанд ва ин ҷамъомадҳо то охир ҳамин гуна идома меёбанд. Қисми дигари домуллоҳо ва эшонҳо ба бино кардани масоҷид ва соҳиб шудани минбар таваҷҷуҳибештар зоҳир намуданд. Ба ҷуз домуллоҳои наҳзатӣ, ягон домулло бо гирифтани мавқеи фаъолона вориди маъракаҳои сиёсии кишвар нашуд. Аксари эшон ҲНИТ-ро нигоҳ карда нишастанд, вале аз он ба таври ошкор ва бо ҷасорат пуштибонӣ накарданд. Ин нуқсон ва камбудии руҳониятаст, ки ин фурсатро ғанимат нашумориданд. Саҳнаи зиндагӣ ва мубориза суннатҳои худро дорад, вақте ҳариф аз худ заъфу сустӣ нишон диҳад, ҷониби дигар ба вай тараҳҳум намекунад. Дар ин гуна ҳолатҳо инсон набояд аз ҳарифаш домангир шавад, чун иллати осебпазирии ӯ дар заъфу сустӣ нишон додани худи ӯст.
-Неш ва дами корд ва шамшери динситезӣ ва муллоситезӣ ба ҳаддест, ки дигар ошкоро мусалмонзодаҳо – яке Президенти АУ, дигаре корманди ҳамин коргоҳи илм муқобили ақида ва андешаҳои исломӣ ва вуҷуди Худову рисолати Расул мебароянд. Замони шӯравӣ лекторон дар аудиторияҳои хос роҷеъ ба ин масъалаҳо ҳарф мезаданд, алъон фарзандони худи ин ватан муқаддасоти ин миллатро ба боди масхара ва таҳқиру тавҳин мебанданд.
-Бо камоли таассуф, ин гуна бархӯрд бо Ислом ва мактаби тавҳид решаи таърихии қадима дорад. Бармегардад ба садсолаҳо ва ҳатто ҳазорсолаҳои пеш. Аз ибтидои офариниши инсон шайтон қасам ёд кард, ки то рӯзе, фарзандони Одам дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, ӯ дар сари роҳи онҳо қарор хоҳад гирифт ва ононро ба гумроҳӣ кашида, аз хатти итоати Худованд берун хоҳад бурд. Аз ҳамон лаҳза мубориза миёни ҳаққу ботил оғоз ёфт. Ин буд, ки мухолафатҳо ва баҳсу бигӯ магӯҳо миёни ҳаққу ботил идома ёфт ва то даме ки башар ҳаст, боқӣ хоҳанд монд. Вале дар ҳар замон вобаста ба реша ва сарчашмаҳои пайдоишаш ба худ рангу шеваи дигар мегирад. Ба гувоҳии таърих ин гуна муқобил баромаданҳо миёни фарзандони ҳазрати Одам (а) Қобилу Ҳобил, дар замони Нуҳ (а) ба иловаи муқобилияти қавмаш ҳатто ҳамсару фарзандаш бар алайҳи мактаби Нӯҳ (а) мухолифат карданд. Ҳамин гуна дар замони Паёмбари гиромӣ (а) ҳатто амакаш Абулаҳаб бар алайҳи мактаби бародарзодааш садо баланд кард. Садо баланд кардани арабҳо на ба хотири ҳифзи бутҳое буд, ки мепарастиданд, балки ангезаи зидди Паёмбар садо баланд кардани эшон, манофеъи шахсию гурӯҳии онҳо буд, ки зери ниқоби осори ниёгон ва нишонаи асолати фарҳангии аҷдодияшон унвон кардани бутҳо пинҳон намуда, мардуми аввомро гӯл мезаданд. Ҳамон гуна, ки имрӯз дар Тоҷикистон касоне, ки аслан Зардушту зардуштият барояш заррае арзиш надорад, онро табдил ба сипари тарғиботии зиддиисломӣқарор додаанд.
Як бор ба саҳифаи таърихи мусалмонони Осиёи Миёна рӯ биёрем, хоҳем дид, ки лашкари ишғолгари саропо мусаллаҳи болшевикӣ чӣ қадар ақлҳои исломиро аз байн бурд, макотибу мадорисро хароб кард, китобхонаҳоро ба оташ кашид ва фарҳангу осори исломиро нобуд кард. Сипас ба дунболи он лашкари фарҳангии аз таълимоти бехудоии марксистӣ маншаъ гирифта вориди майдон шуд ва барои зудудан ва сутурдани фарҳанги бумии мардум камар баст. Баъд аз он ки Осиёи Миёнаро ишғол намуданд, барномаеро бо номи “маҳви бесаводӣ” дар ин қаламрав пиёда карданд. Ва бо истифода аз шева ва василаҳои гуногун ва умдатан номашрӯъ алайҳи таълимоти исломӣ аз роҳи гӯши мардум заҳри бехудоӣ вориди мағзҳои эшон намуда,аз фарзандони худи ин мардум насли исломситезе тарбият карданд. Мусалмонкушииболшевиконбештар ба дасти ҳамин гуна фарзандони ҳувиятбохта ва бе наслу насаб анҷом шуд. Тоифаи батрак ва пойлуч зери назари ана ҳамин фарзандони манқуртгаштаи миллат уламо ва рӯҳониятро ба куштан доданд ва ё “тройка” карда ба сардтарин нуқоти қаламрави шӯравӣ бадарға карда зиндагии индунёии ононро табоҳ намуданд. Ҷумлаи аксулмаънои марксистии “Дин афюнихалқ аст” аз забони ҳамин ҳувийятбохтагон дар макотибу донишгоҳҳо ва ҷамъомадҳои мардумӣ ва саҳифаҳои рӯзномаҳо баланд мешуд. Дар аввалҳои барпоии Ҳокимияти советӣ гурӯҳе азмардум ба ҳаракати бехудоён аъзо шуда, дафтарчаи атеистӣ –бехудоӣ мегирифтанд. Имрӯз дар ниҳодҳои ҳукуматие, ки татбиқи барномаи сиёсати давлат оид ба дин дар салоҳияти онҳост, кадрҳои таълимгирифтаи замони шӯравиянд, на кадрҳои замони истиқлол. Баъди расидан ба истиқлол ва беобрӯ шудани таълимоти марксистӣқудратҳои ҷаҳонии дигар дастпарварони омодаи коммунистиро, як муддат бехоҷа монда буданд, ба нӯкарӣ гирифтанд ва баъди омӯзиш додан дар марокизи махсуси ғарбӣ ба нафъи барномаҳои ба бардагӣ кашидани миллатҳои шарқ аз онҳо истифода мекунанд. Пӯшида нест, ки дар марҳилаи феълӣ сатҳи зиндагии олимону донишмандони тоҷик, ҷавобгӯи замон нест ва маоши хуб намегиранд. Аксари эшон эҳтиёҷ ба кӯмаку дастгирӣ доранд ва неруҳои ҳавасманд, ки пайваста дар каминанд, аз миёни онҳо ҳувийятбохтаҳоро шинохта, бо эшон кор мекунанд. Мутаассифона, сиёсати иқтисодии давлат дар мавриди илму маъориф барои неруҳои берунаи ғаразпеша фурсат додааст. Ҳукумат аз он ки ин неруҳо ба Ислому муслимин зарба мезананд, дасти онҳо ва сарпарастонашонро боз кард. Вале бояд аз оқибати барномаи рӯидастгирифтаи онҳо андешид, ин ҷо зери пардаи мубориза бо дин теша ба решаи ҳувийят ва асолати фарҳангӣ мезананд, ки ниҳоят хатарнок ва аждаҳои миллатхор аст.
-Пушти ин ҳама динситезӣ, дақиқтар исломситезӣ, ки дар симо ва сурати Президент ва корманди АУ Тоҷикистон падидор шудааст, кӣ меистад? Инҳо ҳам ки бар сари худ чунин ҷуръат надоранд. Аз ҷое барои онҳо ҷуръат ва тавоноиву қудрат дода мешавад, ки то ин ҳад бепарда ва ноинсофонаву золимона ба мавзӯъ бархӯрд мекунанд?
-Ин гуна муносибатро аҳли хирад ҷуръат унвон намекунад, инро метавон ҷаҳолати маҳз хонд, чаро ки ин афрод динро нашинохтаанд ва онро намедонанд, ба замми ин Сарқонун ва муқаррароти як кишвари озод ва мустақилро, ки барои ҳамаи шаҳрвандони худ кафолати озодӣ дар интихоби эътиқодро додааст, бо бебокӣ зери суол мебаранд. Бояд бо ин гуна афроди қонуншикан ва поймолкунандагони ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва барангезандагони ихтилофи миллӣ, ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва амниятӣ баҳои дуруст диҳанд.
Инчунин бояд гуфт, мавзӯе, ки эшон ба он худашонро машғул кардаанд, аслан вазифа ва масъулияти онҳо нест. Аз ин ҷо бармеояд, ки ин олимнамоҳо нақши дастеро доранд ифо мекунанд, ки аз остини бегона берун омада, на ба фармони дил ва ақлу зеҳни худ, балки ба фармони соҳиби остин, бидуни дар назар гирифтани манфиати миллату кишвар, вориди амал гаштаанд. Гумон намеравад, ки ин ҷуръату бебокӣ ба шахси онҳо ва хосту иродаашон алоқаманд бошад, балки ин қудрату тавонмандии соҳиби остин аст, ки эшонро ба чеҳраҳои мухолифи ҷойгоҳу манзалати худашон табдил додааст, ки даст ба ғайбату шӯрангезӣ мезананд.
-Саҳюнизми байналхалқӣ, Амрико ва кишварҳои урупоӣ нерӯ ворид мекунанд ба Ироқ, ба Афғонистон ва албатта дар ин протсес аз онҳо ҳам яке, яке кушта мешаванд, аммо дар асл боз ҳам мусалмон аз дасти мусалмон кушта мешавад. Ин айби чӣ аст, айби мусалмон будани мусалмон аст, айби чӣ аст ин? Чаро мусалмон ба дарки ин паҳлуи масъала намерасад? Силоҳе, ки ба дасти вай доданд, ба муқобили бародару хоҳару бигзор бародару хоҳараш не, лекин як мусалмони дигар бояд истифода нашавад, аммо вай истифода мебарад.
-Дар ояти даҳуми сураи “Анбиё”, Худованд мефармояд: ”Лақад анзално илайкум китобан фиҳи зикрукум, афало таъқилуна, яъне, дар ҳақиқат, мо ба сӯи шумо китобе нозил кардем, ки ёднома (барномаи) шумо дар он аст, чаро намеандешед?!” Ба ба муҳтавои оят таваҷҷуҳ кунед, Худованд ба андеша кардан ба барномаи зиндагии фард ва ҷомеаи исломӣ, ки дар Қуръон омадааст, ташвиқ мекунад. Мусалмонон дар сурате қавӣ ва тавоно мешаванд, ки аз сидқ ба Қуръон амал кунанд ва онро сармашқи зиндагии худ қарор диҳанд. Вақте ин оятро таҳқиқ кардам, дарёфтам, ки камбуди аслии мусалмонон амал накардан ба Қуръон аст. Душманони Ислом ин ҳақиқатро аз мо мусалмонони асрҳои охир пештар фаҳмиданд. Бинобар ин, бо татбиқи барномаҳои махсус коре карданд, ки оммаи мусалмонон аз фаҳми Қуръон дур шуданд ва онро китоби муқаддасе пиндоштанд, ки танҳо дар ибодатҳо, болои сари беморон ва маросими маргу мур, азодорӣ, хатму савобҷӯӣ тиловат карда мешаваду бас. Аммо Қуръонро ба сифати якдастури зиндагии фардиву иҷтимоъӣ ва дастури ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангии мусалмонҳо нашинохтанд. Ин ҳам дар ҳоле ки Худованд дар Қуръон ин ҳақиқатро бисёр равшану ошкор баён фармудааст: “…Ва ин китобро, ки баёнгари ҳама чиз ва барои мусалмонон раҳнамуд ва раҳмат ва башорате аст, бар ту нозил кардем ”. (Наҳл, 89). Ин маънои онро дорад, ки Қуръон китоби ҳидоят, ин китоб барои сохтани ҷомеъаи одил, аҳкоми қазоӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ барнома дорад, ин китобдар бораи сарнавишти инсон ва аъмоле, ки саъодат ва шақовати инсонро фароҳам месозад, баён кардааст. Қуръон дар ин заминаҳо ҳар чи бихоҳед, раҳнамоӣ мекунад. Дар замони пайғамбари Худо (с), хулафои рошидин (р) мусалмонон ба Қуръон ба таври шоиста амал мекарданд, дар ҷаҳон шукӯҳу азамат доштанд. Имрӯз шикасту сархамӣ, хориву зории мусалмонҳои олам, пастиву беқадрии онҳо аз амал накардани эшон ба Қуръон сарчашма мегирад. Ман бовар дорам, ки агар мусалмонон ба китоби Худо ба таври матлуб амал намоянд ва тибқи таъолими он даст ба дасти якдигар дода муттаҳид шаванд, қудрату обрӯи аз дастдодаашон бармегардад ва дар ҷаҳон ҳарфи аввалро онҳо хоҳанд гуфт.
-Вале ҳукумате, ки дорем, аз ибтидо бо Қуръон амал намекард, аммо дар ҳар сурат муқобили дин ҳам амал намекард.
-Дуруст аст, аммо он чи гуфтам, ба ҳукумати ҷумҳурӣ рабт надорад, манзури ман аз ин нуктаҳо маҷмӯъи мусалмонҳои олам аст.
-Дуруст аст. Аммо суол ин ҷост ва ин аз воқеияти рӯз бармеояд, ки чаро дар ин ду – се соли ахир муносибати ҳукумат бо дин ва муллоҳо иваз шуд? Ангезаи ин тағйирот чӣ буда метавонад? Оё аз ноҳияи муллоҳо эҳсоси биму хатар доранд? Чаро то соли 2008, 2009 ва 2010 (таҷлил аз зодрӯзи Имоми Аъзам) муносибат хуб буд, мушкилие дар робитаҳо вуҷуд надошт, вале баъдан қавонини маҳдудкунанда қабул карда шуд, балки дар асноди Парвардигор таҳрир ворид карданд. Он афроде, ки ин таҳрирҳоро ворид карданд, медонанд, ки муртакиби бузургтарин ҷиноят дар назди Парвардигор шуданд ва рӯзе меояд, ки дар назди Худо, дар назди таърих барои ин аъмоли зиддиқуръонӣ ҷавоб хоҳанд дод. Чӣ боис шудааст, чӣ ангеза ва таҳрик додааст, ки яку якбора аз пойи Ислом мегиранду ба замин мезананд, рӯҳониятро ба хоки сияҳ яксон мекунанд?
-Дарвоқеъ, чунончи зикр намудед, баъд аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то соли 2010 муносибати ҳукумати кишвар ба дин, бо вуҷуди баъзе нуқсонҳо хеле хуб буд. Вале баъдтар ба тамом тағйир ёфт. Ба ростӣ, дар мавриди тағйир кардани муносибати ҳукумат ба дин ва аҳли он, ба хусус ба Ислом ва мусалмонҳо, бисёре аз бародарон суол мекунанд ва дар баъзе нишастҳои дӯстона низ ин мавзӯъ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. Ба ҳар ҳол, банда бар ин назарам, ки ин мавзӯъ ба чанд омили дохилӣ ва хориҷӣ рабт дорад.
Яке аз омилҳои дохилӣ, ин иваз шудани кадрҳои роҳбарикунанда дар ниҳодҳои ҳукуматиест, ки дар сохтани барномаи сиёсати муносибати давлат ба дин ва муайян намудани ин сиёсат таъсиргузоранд. Ҷои роҳбарони ин ниҳодҳоро, ки аксаран афроди нисбатан мардумӣ буданду бо мардум бештар шишту хез доштанд ва дар муносибат ба эътиқоди мардум эҳтиром қоил буданд, докторҳо ва номзадҳои фалсафаву ҳуқуқ ишғол намуданд. Ин тоифа ногуфта пайдост, ки ҳама дар деги ақидаи марксистӣ ҷӯшида, ба камол расида буданд ва баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз сабаби он ки донишу фаҳмиши материалистии онҳо дар мамлакат харидор надошт ва ҳатто дар донишгоҳҳо ва АУ бекор монда буданд, худро дар ҷомеъа шахси нодаркор ёфтанд. Ин тоифа иллати зиллату хорӣ ва беқадриву бекории худро на дар риштаи тахассусашон ва ботил гаштани он, балки дар чеҳраи Ислом ва домуллоҳо диданд. Лизо ба болои бадбиние, ки қаблан нисбат ба домуллоҳо доштанд, буғзу адовати бештар зам шуд. Инҳо вақте ба курсии мансаб нишастанд, аввалин “хидмате”, ки барои миллату кишвар анҷом доданд, бо навиштани мактуб ва пешниҳод намудани назарияву таҳлилҳои “илмӣ” ба роҳбарияти олии кишвар тавонистанд дар қабули қонунҳои маҳдудкунандаи мусалмонон саҳми калон бигиранд ва муносибати давлатро ба Ислом ва мусалмонон дучори мушкилот кунанд.
Омили дигар, ин бардошт ва тафсири ғалат аз истилоҳи дунявият аст, ки дар ин масъала низ насли миёна ва куҳансоли илмии кишвар бо шарҳу эзоҳи дилхоҳи худашон ба он маънои зиддидинӣ доданд. Ва аз назари урупоиҳои асри миёнагӣ ба дунявият баҳо дода, онро бо Ислом муқобил гузоштанд ва дидаву дониста Исломро дар радифи масеҳият қарор доданд, ки ғалати маҳз аст. Таълимоти исломӣ дар муносибат ба дунё бо таълимоти масеҳият, ки мавриди дастбурди зиёд қарор гирифтааст, муқоисашаванда нест. Ислом дигар асту масеҳияти тағйирёфта дигар, вале инҳо аз баёни ин ҳақиқат дидаву дониста худдорӣ карданд.
Омили саввум омили хориҷӣ аст, чунончи дар боло зикр кардем, қудратҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои абарқудрати олам барномаи сиёсати зиддиисломиро рӯи даст гирифтаанд ва бо муслимини олам ба таври ошкор бархӯрди шадид доранд. Яке аз ангезаҳои иваз шудани муносибати ҳукумати Тоҷикистон бо дин ва бо домуллоҳо ва тағйири сиёсат дар мавриди дин сиёсати ба истилоҳ, ҷаҳонӣ ва байналмилалист. Имрӯз чи Тоҷикистон ва чи ҳар кишвари дигар ҳар қадар бо Ислом ва мусалмонон бархӯрди шадид кунанд, абарқудратҳои ҷаҳон на танҳо онҳоро маломат намекунанд, балки дасти ононро мефишоранд.
Солҳои охир уламоро саркӯб мекунанд ва дарси исломиро бо вазъи қонун манъ намудаанд ва дар натиҷа домуллоҳоеро, ки чанд нафарро таълиммедиҳанд, дастгир карда, аз тариқи телевизион ба унвони ҷинояткор намоиш дода, волидайни кӯдакону домуллоро ҷарима мебанданд. Ба уламо иҷоза намедиҳанд, ки бо панду андарзҳои исломӣ дар тарбияи насли ҷавон ва наврас саҳм бигиранд, дар ҳоле ки уламои тоҷик мардуми ин сарзаминанду ҳар коре анҷом диҳанд, бо мақсади нафъи ин кишвар анҷом медиҳанд ва ҳар панду насиҳатие кунанд, бо ба ҳисоб гирифтани фазои ин кишвар суҳбат мекунанд. Кор ба ҷое расидааст, ки диску наворҳои мавъизаҳои домуллоҳои машҳурро мусодира карда, ба оташ мекашанд, ки ба назар хандаовар менамояд. Ё дар марз китобҳоро мусодира мекунанд, ҳамчунин маъракаи риштарошӣ, инҳо ҳама аз корҳое ҳастанд, ки бар алайҳи Ислом ва мусалмонон равона карда шудааст, вале ҷуз бадномкунии ҳукумат суде надорад.
Бояд гуфт, ин шеваҳои бархӯрди ниҳодҳои дастандаркор бо мусалмонон, мутаассифона, ба ҷои фоида ба миллату давлат зарар меорад, чун ба воқеъияти замон мувофиқат намекунад. Мардум, ба хусус ҷавонон имрӯз, тавассути интернет аз берун ниёзҳои динии худро комилан бароварда месозанд, тамоми чиз, аз ҷумла садҳо ҳазор китоб дар интернет ҳаст, ки ба роҳатӣ онҳоро мехонанд, даҳҳо навъи васоили дигари компутерӣ дар дастраси мардум аст, ки ҳар кадоми он абзор садҳо китобро фаро гирифтааст. Ҳамчунин уламои исломии ҷаҳон тавассути интернет бо чандин забонҳо суханронӣ мекунанд ва ба воситаи шабакаҳои иҷтимоъӣ ба суолҳои мардум посух мегӯянд, ҳазорҳо сайтҳои вижаи исломӣ бо миллионҳо муштарӣ ҳамарӯза фаъолият доранд.
Хулоса мубориза алайи Ислом ва мусалмонон кори саҳлу осоне нест, ки бо ин услубҳои кӯҳнаи коммунистӣ ва мардумро ба “худию” “бегона” тақсим карда, гурӯҳеро, ки аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳад, дар мақоми фарзанди ӯгай гузоштан ҳукумат ба ҷое бирасад. Беҳтар он аст, ки ба ҷои ин ҳама муқобилгузориҳо ва эҷоди рахнаи азим миёни мардум ва ҳукумат ва барангехтани ихтилофоти дохилии эътиқодӣ ва мазҳабӣ дар ҷомеъаи кӯчаки Тоҷикистон ва дар маърази хатар қарор додани миллат ва давлат, роҳҳои ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи пайравони таъолими мухталифро пайдо кард, то мардум новобаста аз дину эътиқод ва қавмияташ худро узви ин миллат ва фарзанди ин Ватан бинад ва бидуни нигаронӣ дар хидмати миллату давлат саҳм бигирад.
-Дар пеш маъракаи интихоботро дорем. Рӯзи он ҳам дигар маълум шуд. Коршиносон бо таваҷҷуҳба муносибатҳоиду, сесолиахириҳукумат бо ҲНИТ баъид намедонанд, ки ин навбат ҲНИТ дасти холӣ берун мешавад. Яъне, эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳамин ду ҷойро, ки ҳоло ҲНИТ дорад, надиҳанд. Шумо чӣ назардоред?
-Мо гумон надорем, ки мардум ба Наҳзат овоз надиҳад, ҳатто агар интихобот нимшаффоф ҳам бошад, бовар дорем, ки ҲНИТ овози зиёд мегирад, чун дар байни мардум ҳастем, медонем, ки руҳияи онҳо ва муносибаташон бо ҲНИТ чӣ гуна аст. Аз инҳо огоҳ ҳастем. Бале, ин ҳадсзаниҳоро мо ҳам мешунавем. Агар ин интихоботро ҳам монанди дигар интихоботҳо тақаллуб кунанд, ҳар чи шуданаш мумкин аст, чун тақаллуб ҳадду марзро намешиносад, то мо пеш аз вуқӯъи он таҳлил карда тавонем, ки ба Наҳзат ҳақ ҷудо мекунанд, ё не, ё агар ҳа, чӣ қадар. Ин масъала бармегардад ба тасмими роҳбарияти давлат, ки ояндаи Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳанд. Агар дар “боло” чунин тасмим гирифта бошанд, ки ҲНИТ-ро аз ҳамон ду намояндааш ҳам маҳрум созанд, ин бидуни шак кори мушкил нест, вале барои миллат, ва давлат оқибати нанговар дорад.
Дар интихоботи соли 2010 Наҳзат чанд баробари он чи барояш доданд, раъй гирифта буд, вале натиҷааш дастандаркорони ин маъракаи сиёсиро водор ба андеша накард, балки сабаби биму ҳароси эшон гашт. Агар ин навбат ҳам ба Наҳзат ҳаққи ҳалолашро надиҳанд, он гоҳ забони гурӯҳҳои ифротӣ, ки пайваста Наҳзатро барои сиёсати сабру таҳаммулаш сарзаниш карда, ба сари роҳбарияти он санги маломат мезананд, дароз шуда, сиёсати таҳаммулгароӣ ва муътадили Наҳзатро зери суол хоҳанд бурд. Дар натиҷа сафи афроде, ки қасди узвият дар ин гуна гурӯҳҳоро менамоянд, ба маротиб меафзояд ва касе наметавонад пеши роҳи онҳоро бигирад.
-Гуфта мешавад, ин корҳо ба он хотир аст, ки заминаҳои бастани ҲНИ фароҳам бишавад. Дар сурати додани ҷо дар парлумон барои бастани Наҳзат ҳукуматдучоримушкил мешавад. Агар барномаҳои зиддинаҳзатиро мушоҳида мекунед, рӯз ба рӯз ба ҳамин самт тамоюл пайдо мекунад ва ин ки Президенти АУ ва кормандон “хатари ҲНИ аз ДИИШ бештар аст”- мегӯянд, фикр мекунам, тасодуфӣ нагуфтаанд. Чун ба гӯши онҳо хонда мешавад ва инҳо шайпурвор байни мардум садо дармедиҳанд, байни мардум талқин ва тарвиҷ мекунанд, чунин афкорро аз шоир Бозор Собир гирифта то ҳамин олимҳо зидди Наҳзат ҷабҳа мегиранд ва мардумро алайҳи он ба шӯр меоваранд. Ва ин ҷо агар аз мулоқоти уламо бо Президент низ ёдовар шавем , дигар заррае шубҳа боқӣ намемонад, ки ин барнома дар сатҳи боло ҳаллу фасл шудааст.
-Дасти қудратҳои ҷаҳонӣ пайваста мисли Толибон, Ал-Қоида, ДИИШ ва монанди инҳо тимсолҳои бадҳайбатеро метарошад, сипас бо ба намоиш гузоштани чеҳраҳои тимсолҳои дастсозашон ҳам нерӯҳои солим ва муътадили исломиро бадном месозанд, ҳам мардумро мисли тарсондани кӯдак боонҳо тарс медиҳанд. Ин воқеияти талх табдил ба як суннати муборизаи абарқудратҳо бар алайҳи Ислом ва муслимини ҷаҳон гаштааст. Дар Тоҷикистон низ бо машварати хоҷагонашон аз ин суннати муфт истифода мекунанд. Ба ҷаноби Президенти АУ ва кормандон, ки гуфтаанд, “хатари ҲНИТ аз ДИИШ бештар аст”, бояд фаҳмонд, ки ДИИШ-ро на дар чеҳраи Наҳзат ва на дар чеҳраи домуллоҳои алоҳида, балки дар сиёсати ҳукумат биҷӯянд. Ин сиёсати иштибоҳии ҳукуматҳо дар қиболи Ислом ва мусалмонҳост, ки абарқудратҳо Толибону ДИИШ-ҳоро ба вуҷуд меоранд ва дарди сари мусалмонон мекунанд. Эшон бо кормандонашон, агар тавоноии ихтироот ва кашфиётҳои илмиро надоранд, агар қобилияти расидан ба дарки бозиҳои сиёсии абарқудратонро надоранд, набояд ин айбашонро зери домани Наҳзат пинҳон кунанд, балки саъй намоянд, то вазифаи худро дар назди миллат анҷом диҳанд.
Дар мавриди мулоқоти уламо бо ҷаноби Президент низ ҳоҷати гап нест, зеро арзиши ҳар сухан ба мақому манзалати гӯяндаи он дар дилу дидаи мардум бастагӣ дорад. Афроде, ки дар он мулоқот аз минбар бар алайҳи Наҳзат ҳарф заданд, ҳарфи онҳо ҳоли хокистари хушк дар баробари тундбодро дошт. Зеро аксари тамошобинони телевизион медонанд, ки ҳамаи он гуфтаҳо табиӣ ва садои қалб ва маҳсули ақлу заковати онҳо набуд, балки фармоишӣ ва омодашуда аз ҷониби кормандони ниҳодҳои маълуми ҳукуматӣ буд. Аз тарафи дигар мардуми соҳибақл афродеро, ки аз минбар бар алайҳи Наҳзат ҳарф заданд, хуб мешиносанд. Бо ин василаҳо ва бо ин ҷабҳагириҳои сохта заминасозӣ кардан ва мардумро бар алайҳи Наҳзат ба шӯр овардан маҳол аст. Ин сохтакориҳои бетаъсир бозгӯӣ аз он мекунад, ки ниҳодҳои ҳукуматии тарҳрезу анҷомдиҳандаи ин гуна корҳо аз мардум дуранд, садои қалби мардумро намешунаванд ва аз ҳама бадтар ин ки мардумро намешиносанд ва танҳо ба хотири аз худ розӣ гардондани касе ё ниҳоде зоҳиран ҳаракате нишон дода, ба хотири ба роҳбарияти кишвар гапашонро гузарондан саҳнасозӣ мекунанд.
Воқеияти зиндагӣ бозгӯи он аст, ки бастани Наҳзат ва боздоштани он аз фаъолияти расмӣ иштибоҳе беш нест, зеро бо ин иқдом аъзо ва ҷонибдорони ин ҳаракатро аз фаъолият ба куллӣ манъ кардан маҳол аст, чун ин охири кор буда наметавонад. Бубинед, чанд сол қабл бо қарори Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти “Салафия” мамнӯъ эълон гашт, аммо натиҷа чӣ шуд? Агарчи ниҳодҳои зидахли ҳукуматӣ чашм пӯшанд ҳам, воқеияти ҳол акси чашмдошти онҳост. Сафи салафия рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Дар замони шӯравӣ Наҳзат ҳабдаҳ сол ба таври пинҳонӣ фаъолият кард, аммо теъдоди аъзо ва ҷонибдоронаш бештар аз замони расмӣ амал намудани он буд ва садоқати бештар ҳам доштанд. Вақте расмӣ шуд, шумораи он афроди содиқ, ки барои Наҳзат ва ақидаашон омода буданд, то пойи ҷон истодагӣ кунанд, камтар шуд. Имони мо наҳзатиҳо дар қалбамон аст, на дар он шаҳодатномаи Вазорати адлия ва на дар корти ҳизбӣ. Мо дар партави имон амал мекунем, на дар сояи он шаҳодатнома.
-Албатта, ин олимҳову олимшавандаҳову олимтарошҳо мағзашон холӣ нест. Чаро дидаву дониста ба коре даст мезананд, ки боиси беобурӯии худашон, фарзандҳояшон, ангуштнамову зоғи ало шудан дар назди ҳамсояҳову дӯстону бародарону волидон мешаванд, аммо боз ҳам ин корро мекунанд?
-Шаҳват то замоне ки дар фармони ақли инсон бошад, бадие надорад ва дар хидмати инсон қарор мегирад, вале вақте он то ҷое туғён кунад, ки ақлро зери фармони худ дарорад, инсон ҷавҳари инсонияшро аз даст медиҳад. Ҳубби бемарзи ҷоҳу мансаб ва молу сарват низ аз шаҳват бармехезад ва моли шаҳват аст. Вақте инсонро оташи шаҳвати ҷоҳу мансабталабӣ ва молу сарватандӯзияш аланга кунад, дидаву дониста ба ҳар коре даст мезанад ва аз ягон навъи пастӣ ва разолат ҳазар намекунад. Гумон мекунам ин ҷанобонро хоҷаҳои манфаатҷӯяшон бо ваъдаи кӯҳҳои тиллоӣ ба чунин беморӣ мубтало кардаанд. Шахси ҳушёру фаҳмида барои обурӯи хеш арзиш қоил буда, ҳамаро аз даст диҳад ҳам, обурӯяшро аз даст намедиҳад ва ба ивази ҳеҷ чизе муздуриро намепазирад.
Ин байти Мавлои Рум ҳоли ин гуна афродро хеле ҷолибу зебо ифодакардааст:
Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,
Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯи дида шуд.
-Агар ҲНИТ баста шуд, вокуниши он чи гуна хоҳад буд?
Ин масъала ба иродаи ман ва дигар афрод вобаста нест ва касе пешгӯӣ ҳам карда наметавонад, ки вокуниши Наҳзат чӣ гуна мешавад Раёсати Олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо машварат ва бо раъйи аксар ҳар тасмиме бигирад ва чӣ аксуламал ва вокунише нишон доданӣ шавад, ман аз он ҷонибдорӣ хоҳам кард.
-Дар ҳар сурат фикр намекунед, ки ҳукумат ба чунин иқдом даст бизанад?
-Баъзе бархӯрдҳое, ки аз бархе мақомдорон ба мушоҳида мерасад, ин гуна андешаро дар зеҳни одамӣ падид меоварад, ки шояд рӯзе шавад, ки ҳамин гуна афроди беандеша ё камхирад гапашонро ба роҳбарияти олии кишвар гузаронда тавонанд. Лекин гумон мекунам роҳбарияти олии кишвар аз хирад кор мегирад ва ба чунин фитна ва дасиса роҳ нахоҳад дод. Бастани Наҳзат коре нест, ки ба нафъи давлат