Categories Uncategorized

Шахсони боэътимоди номзадҳо ба президентӣ чӣ шахсиятҳое ҳастанд?

Илова ба худи номзад, шахсони боэътимоди ӯ низ дар корзори таблиғотии интихоботӣ то андозае нақш доранд ва то чи ҳад ҷаззоб ва шуҳрат доштани шахси боэътимод дар ҷалби оро бетаъсир нест.

Масалан, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия,  Владимир Путин – президенти феълии Русия барои интихобкунанда бисёр муҳим буд, ки сарояндаи шинохта – Анна Нетребко, кинорежиссёр – Никита Михалков ва футболисти машҳур – Андрей Аршавин, кинорежиссер – Федор Бондарчук,  директори Музеи Эрмитаж – Михаил Пиотровский, дирижер – Валерия Гергиева, сарояндаи номӣ – Михаил Боярский, моделер -Валентин Юдашкин, сардабири рӯзномаи «Московский комсомолетс» – Павел Гусев ва ректори Донишгоҳи ба номи Ломоносова – Виктор Садовничий, варзишгар – Елена Исинбаева, чемпиони олимпӣ – Евгений Плющенко, тренери футбол  – Валерий Газзаев, футболистони машҳур  – Игор Акинфеев, Юрий Жирков ва Роман Павлюченко дастгирӣ карданд.

Аммо барои интихобкунанда ин нукта ҳам нақши калидӣ бозид, ки овозхони шинохтаи дигар Алла Пугачева на аз Путин, балки аз мултимиллионер Михаил Прохоров дастгирӣ карда, нависандаи маъруф Борис Акунин номзади мухолифинро ҳаводорӣ намуд.

Таърихи сиёсии Тоҷикистон танҳо интихоботи президентии соли 1991 – ро дар хотир дорад, ки аксари шахсиятҳои шинохта аз номзадии Давлат Худойназаров ҷонибдорӣ намуданд. Дуруст аст, ки он замон баҳсҳое дар мавриди аз кӣ ҷонибдорӣ намудани дастаи футболи машҳури «Помир» ва нависандаи нотакрор Сотим Улуғзода ба миён омаданд. Бовуҷуди беш аз 30% овози интихобкунандаро соҳиб шудани Давлат Худоназаровро аз он медонистанд, ки шахсиятҳои шинохтае чун Гулрухсор, Бозор Собир ва дигарон аз ӯ ҷонибдорӣ карда буданд.

Ҳамчунин, он шахсиятҳое, ки ҳамчун шахсони боэътимоди номзади ягонаи ИНИТ, Ойниҳол Бобоназарова, ки аз идомаи сабқат ба мақоми раёсати ҷумҳурии кишвар бо сабабҳое берун карда шуд, муаррифӣ шуда буданд, аз чеҳраҳои маъруфи кишваранд, мисли Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари ҲНИТ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода – сиёсатмадор ва руҳонии машҳур, Раҳматилло Зойиров – роҳбари ҲСДТ, Барзӯ Абдураззоқ – ҳунарманд, Маҳмудҷон Қосимов – ҳуқуқдон ва сиёсатмадор ва Ҳоҷимуҳаммад Умаров – иқтисоддон.

Дар интихоботи президентии соли 2013 вазъ чӣ гуна аст? Оё номзадҳо ба президентиро кадом шахсиятҳо ҳамроҳӣ мекунанд?

Баҳри посух ба ин суол ба ситоди интихоботии номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо назар хоҳем кард…

«Мо бо Шумоем, Ҷаноби Олӣ!»

Ҳарчанд дар бораи дастгирии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони зиёди маъруф, аз ҷумла Мавзуна Чориева, Афзалшоҳ Шодиев, иттиҳодҳои зиёди коргариву ақаллиятҳои миллӣ  аллакай хабарҳое паҳн шуд, бо ин ҳама коршиносон номгӯи шахсони боэътимоди ӯро чандон қавӣ намедонанд. Хотиррасон мешавем, ки шахсони боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон, ки номзад аз ҲХДТ аст, санаи 9-уми октябри соли равон тибқи қарори КМИРТ ба қайд гирифта шудаанд ва аз шахсони зерин иборатанд:

1. Азамов Хурсанд Саидович

2. Офаридаев Назрӣ

3. Аҳмадҷони Раҳматзод

4. Шамолов Абдулвоҳид Абдуллоевич

5. Ҳасанов Азам

6. Одилов Нодир Фозилович

7. Бобобекова Меҳриниссо

8. Насрудинов Эмомалӣ Сайфиддинович

9. Солиев Ашурбой Абдувоҳидович

10. Давлатов Муродулло Исматович

11. Ҳамидов Илҳомҷон Иномҷонович

12. Раҳимов Маҳмад Забирович

13. Асомиддинзода Шарофиддин

14. Мирзоева Меҳрубон Умаровна    

Шокирҷон Ҳакимов, аз чеҳраҳои маъруфи нерӯҳои мухолиф ба ин назар аст, ки хуб мебуд, то номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо тариқи телевизион мардумро бо барномаҳои худ шинос менамуданд: “Чунин муносибат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки воқеан ситоди пешазинтихоботӣ ва шахсони боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон ва дигар номзадҳое, ки ба мақоми раисиҷумҳур пешниҳод шудаанд, беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Мувофиқи мақсад мебуд то ин, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ бо дигар номзадҳо дар ҳузури мардум оид ба воқеияти давлатдорӣ ва дурнамои масъалаҳое ки ҳастанд, муҳокима мекарданд ва дар ин хусус баҳсу мунозира доир мешуд. Ин на танҳо боиси боло рафани маърифати сиёсии шаҳрвандон, инчунин шаҳрвандон бевосита шоҳид мешуданд, ки сатҳи фикронии номзадҳо ва андешаҳои онҳо дар мавриди ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти давлатдорӣ дар кадом поя қарор дорад ва то чӣ андоза онҳо воқеан барои ишғоли ин мансаб омода ҳастанд.”

Аммо, ӯ афзуд, “боиси таассуф аст, ки бо истифода аз таҷрибаи баъзе кишварҳои пасошуравӣ ва бахусус он низоме, ки давлатҳое, ки низоми сиёсиашон ғайридемократӣ аст президенти амалкунандаи Тоҷикистон дар иштироки баҳсу мунозираҳо худдорӣ карда истодааст.”    

Бухориевро намешиносанд? Айб нест!

Номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Толиббек Бухориев бошад, шахсони зеринро ба сифати шахсони боэътимод пазируфтааст:

1. Аҳмадов Ҳукматулло Маҳмудович

2. Мирзоев Музаффар Бурҳонович

3. Аҳмадов Мирзоанвар

4. Сироҷев Меҳнатулло

5. Вазиров Нуралӣ

6. Шарипова Сайригул Назриевна

7. Ҳомидова Муаззам Ҷалоловна

8. Холмуродов Неъматулло

9. Пулодов Мавлон

10. Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович

11. Қосимов Баҳром Кӯлиевич

12. Сафаров Ятим

13. Саъдуллоев Файзулло

14. Файзуллоев Абдукарим Меликмуродович

15. Абдусаматов Муним

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) мегӯяд, ки ӯ дар ҳақиқат Бухориевро чандон хуб намешиносад, вале ин монеа шуда наметавонад, ки ӯ номзад ба президентӣ набошад: “Тоҷикистон давлати демократӣ аст ва бояд, ки ҳар рӯзу ҳар лаҳза шахсони наве ба саҳнаи сиёсат биёянд. Аз ин рӯ, нашинохтани номзадҳо ва ё шахсони боэътимоди онҳо ба мансаби президентӣ аз тарафи тамоми ҷомеа айбе нест. Зеро бояд, ки шахсони  нав ба нав ба саҳна биёянд ва онҳоро мардум оҳиста-оҳиста шиносанд.”

Ӯ меафзояд: “Аниқтараш, ки худи онҳо худашонро ба мардум шиносонанд, аз ин рӯ шахсони нав омадан ба саҳнаи сиёсат ин бурди миллати мо аст. Дар Тоҷикистон кам шахсоне ҳастанд, ки тамоми ҷомеа онҳоро мешиносанд, муҳим ин ки як андешаи нав барои миллат гӯянд.”

Олим Бобоев дар иҳотаи олимон

Олим Бобоев, номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ инҳоро ба сифати шахсони боэътимоди худ қабул кардааст:

1. Нозимов Муҳаммадшариф

2. Назаров Рустам

3. Ҷалолов Шамсудин Асомудинович

4. Фатҳуллоев Файзулло

5. Файзуллоев Машраб

6. Исломов Саъдуло Ибодович

7. Раҳимов Абдулатиф Маҷидович

8. Нарзиев Бахтиёр Шамсиевич

9. Ғоибов Фируз

10. Ализода Зафар

11. Раҷабов Абдуҳалим

12. Ғозиев Мазҳаридин

13. Оймаҳмадов Суҳроб Абдуамонович

14. Рашидов Абдусамад

15. Собитов Абдураҳим

Иқтисодшинос Табаралӣ Ғаниев бар ин ақидааст, ки аксари шахсони боэътимоди ҲИИТ профессорону олимон мебошанд: “Ман аксари ин нафаронро мешиносам ва инҳо номзади илмҳо буда, шахсони пурқувват мебошанд ва ин нафарон шахсони арзанда ба ин чиз мебошанд.”

Ғаффоров фазосозӣ карда наметавонад?

Тибқи иттилое, ки ба мо расид, дар бораи шахсони боэътимоди Абдуҳалим Ғаффоров каме мушкил пеш омада буд, зеро чанде аз онҳое, ки номзад чун шахсони боэътимод пешниҳод карда буд, баъдан мухолифат кардаанд. Бо ин ҳама, ахиран ба Ғаффоров муяссар шуд, ки нафарони зеринро ба сифати шахсони боэътимод шаҳодатнома диҳад:

1. Саъдиев Шӯҳрат

2. Ҷумъаев Ниёз

3. Хокироев Ризо

4. Боқиев Мақсудҷон Иноятулоевич

5. Юсупов Маъруфҷон Мадалихуҷаевич

6. Саидов Ҷалол

7. Сафарзода Холмурод

8. Бегматова Қурбонгул Кулевна

9. Азизова Маърифат

10. Наимов Зариф

11. Олимова Гуландом

12. Расулов Солеҳҷон

13. Камолиддинов Баҳриддин

14. Сафарова Мунира Саидовна

15. Сафаров Одинамаҳмад

Мирҳусайн Нарзиев, ки худро яке аз раҳбарони ҷиноҳи ҲСТ медонад ва маҳз ӯро то соли 2004 вазорати адлия чун раиси ин ҳизб мешинохт, пас аз шунидани саволи мо масъаларо ба баҳсҳои дохилиҳизбии худ бурд ва гуфт: “Он нафаре, ки аз ин ҳизб ба номзадӣ интихоб шудааст, ба ҲСТ ягон иртиботе надошт. Ғаффоров барои хиёнатҳои молиявӣ соли 1999 аз тарафи ҳизб ронда шуда буд ва баъдан кормандони худи Ғаффоров ӯро оварда, як анҷуман доир карда, ӯро ба роҳбарӣ пешниҳод карданд, ки на мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ва на оинномаи ҲСТ мебошад.”

Оқои Нарзиев меафзояд: “Дар ҷамъ кардани имзоҳо бошад ягон нафар аз ин ҳизб ба ин кор машғул нашуда буд. Ва агар мо онҳоро ба суд дода, имзоҳои онҳоро тафтиш кунем, мебинем, ки чанд фисади мардум ба ҷонибдории ӯ овоз додаанд ва бақайдгирии Ғаффоров ғайриқонунӣ мебошад. Ин ҳизб ва шахсони боэътимодаш ягон муҳиту фазоро сохта наметавонад, чунки андешаи комиле, ки барои пешбарии ҷомеаи Тоҷикистон зарур аст, надорад. Ва он гапҳое, ки тариқи телевизион мегӯяд дар миёни мардум боиси мазоқу масхара шуда истодааст. ”

Ба раиси ҲДТ дигар коммунист шахси боэътимод буда наметавонад?

Саидҷаъфар Исмонов аз нахустин  номзадҳое буд, ки гирди шахсони боэътимодаш сару садо паҳн шуд. Зеро яке аз онҳоеро, ки ӯ чун шахси боэътимод пешниҳод кард, баъдан маълум шуд, ки узви раёсати ҲКТ будааст. Хотиррасон мешавем, ки анҷумани ҲДТ низ бо сару садои зиёд ба анҷом расид ва як қисми аъзои фаъол узвияти худро аз ҳизб қатъ карданд. Ахиран Исмонов шахсони зеринро ба унвони шахсони боэътимодаш пешниҳод кардааст:

1. Зиёзода Таваралӣ Нозимпур

2. Холов Маҳмудҷон Шарипович

3. Комилзода Аҳмадшо

4. Сафаров Амонулло Файзович

5. Раҷабов Маҳмадулло

6. Шарипов Алишер

7. Мирасанов Мародамад Рамхудоевич

8. Юлдошев Ҷаббор Абдуфаттоевич

9. Каримов Давронҷон

10. Файзиев Қавӣ

11. Ғазиева Гулнора Мақсудҷоновна

12. Сафаров Амрохон

13. Фозилов Мирзовалӣ Акмалович

14. Раҳимова Мунира

Таҳлилгар ва журналист Зулфиқори Исмоилиён вақте аз ӯ хостем дар бораи ситоди ҷамъовардаи Исмонов ва имконоти он сӯҳбат кунад, қатъиян чизи дигаре гуфт: “Ман боварӣ надорам, ки ба ҷуз аз Раҳмонов номзадҳои дигар ҳизбҳо сари қудрат оянд, чунки дигаронро мардум намешиносанд. Ва ҳизбҳои мазкур чандин солҳо дар интихобот ширкат мекунанд, вале райъи кам мегиранд, аммо ба хотире, ки демократия риоя шаваду алтернатива бошад, номзадии онҳоро пешниҳод мекунанд.”

Ба ғайр аз Шабдолову Талбаков киро мешиносед?

Исмоил Талбаков,  номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки санаи 10-уми октябри соли равон тибқи қарори КМИРТ шахсони зеринро чун ашхоси боэътимоди худ пешниҳод карда, ба онҳо шаҳодатномаҳо додаанд:

1. Шабдолов Шодӣ Давлатович

2. Насимов Азимқул

3. Сафиаллоев Субҳон Ғиёсович

4. Мирасанова Заррагул Боваровна

5. Абдуллоев Файзулло

6. Абдуллоев Меҳроҷ Санонович

7. Ашрапова Барно

8. Давлатов Фаридун

9. Раҳимов Шамсиддин

10. Рақамов Хусрав

11. Сафаров Шариф Латифович

12. Маҳмудов Мубинҷон

13. Юлдошев Файзалӣ (Файзи Олӣ)

14. Талбаков Ғолиб Исмоилович

15. Маликов Мирзо

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос ба ин ақида аст, ки ба ҷуз Шабдолов ва Талбаков шахсони дигари ин ҳизбро кам мешиносанд: “Ҳизби мазкур ба таври назаррас нуфузи пештараашро аз даст додааст, аз ин рӯ он нафароне, ки дар роҳбарияти ин ҳизб ҳастанд, ба ҷуз аз Шабдолову Талбаков намедонем, ки кӣ он ҷо фаъолият дорад. Аслан ман тарафдори ин ҳизб набудам ва ба идеологияи ин ҳизб боварӣ ҳам надорам. Аз ин рӯ фикр намекунам, ки шахсони боэътимоди ҲКТ аз ӯҳдаи кори худ бароянд.”

Манбаъ: Сомонаи Наҳзат

More From Author

You May Also Like