Баъд аз «инқилоби садбаргҳо» дар Гурҷистон курси омӯзишие доштам барои рӯзноманигорони ҷавони қирғиз. Миёни онҳо чанд нафаре буд, ки нисбат ба воқеоти Тифлис мароқ зоҳир менамуданд. Ҳар он чӣ дар робита ба ин масъала медонистам, ба онҳо гуфтам, аммо суоли нигаронкунандаи зерин маро ба ҳайрат овард: «Мо, қирғизҳо метавонем чунин як амал кунем?». «Не», посух додам ман. «Барои чӣ?», Пурсид саволдиҳандаи пуризтироб. «Шумо гурҷӣ нестед», ҷавобе ёфтам ба ӯ.
Баъдан, афсӯс хӯрдам, ки метавонам ҷавонеро ранҷонам, Худо накунад, ӯ чунин андеша намояд, ки гурҷиҳо метавонанд бартар аз қирғизҳо бошанд. Аммо аллакай аз он 10 сол гузаштаасту ин суол танҳо омили варақ задани дафтари хотирот шуд, он хотироте, ки мо барои баҳси тақдири давлатҳои пасошӯравӣ истифодаашон менамоем. Хоса барои ман баҳонае шуд, то ҷиҳати табиати «инқилобҳои ранга» фикр кунам.
Аз пеши худ ман шеваи тавтеаи ғарбиро, ки барои мубаллиғони Кремл мувофиқ асту кӯшиш менамоянд, тақозои мардумро қабул кунанд, аммо на дар империя, балки бо хости худ ба сар баранд , қабул надорам. Қаблан маҳвкунандаҳо – «босмачиҳо», «сафедон», «авбошон»-ро кашф карданд, аммо ин ибораҳои таблиғоти танҳо муддате ба дард хӯрданду халом, онҳоро фаромӯш намуданд ва ё мафҳумҳо табдил ёфтанд. Дар бораи «авбошон» бори дигар тазаккур доданд. Ба назар мерасад, дар Русия онҳоро чашми дидан надоранд, вале акнун дар Украина бо онҳо мефахранд.
Новобаста аз он ки тарғиботи кремлӣ ба ҳар шевае кӯшиш менамояд, нисбат ба шиорҳои муваққатӣ хотираи таърихӣ бештар устувору қавӣ будааст. Баъди пошхӯрии ИҶШС хотирот аз худ дарак дод, бештар аз ҳама марзҳо боз шуданд, интернет пайдо шуд, мардум муоширатро оғоз намуданд, он мардуме, ки замоне иттиллооти сонсуршударо мегирифтанд, ахиран, ба фикр кардан оғоз намуданд.
Кадом авомил ба «инқилобҳои ранга» таъсир мерасонанд?
Аввалан, таърихи давлатӣ. Дар фазои пасошӯравӣ кам давлатҳое ҳастанд, ки бинобар дар ҳудуди таърихии худ ҷойгир шудан ифтихор дошта бошанд. Ин гуна давлатҳо он давлатҳое мебошанд, ки таърихи на кам аз чандсадсола доранд, на ба мисли Гурҷистон, ки дар мароҳили мухталиф ба хоки он таҳоҷум сурат гирифта, ҳамчунин қисме аз империяҳои таърихӣ будааст.
Дар Осиёи Марказӣ марзи давлатҳои кунунӣ сунъиянд, ин давлатҳо тибқи нақшаи рафиқ Сталин марзгузорӣ шудаанд. Дар Қафқоз ба ғайр аз Гурҷистон Арманистону Озарбойҷони кунунӣ низ чунин мушкил доштанд. Қабл аз ин ҳам онҳо қисме аз давлати Форс буданд ё аз хонигариҳои хурде, ки ба ҳамсояҳои бузург вобастагӣ доштанд. Украина, Молдов ва Белорусия низ қариб чунин таърих доранд; дар давраҳои гуногун қисман ё куллан ба ҳайати империяҳои қаблӣ дохил мешуданд. Дувум, анаъанаи фарҳанги сиёсӣ. Баъди соли 1917 кишварҳои пасошӯравии феълӣ талош намуданд, то аз империяи фавтидаи Русия раҳоӣ ёфта, мустақилона вуҷуд дошта бошанд. Ҳатто дар Аморати Бухоро ҳомиёни империя, ҳизби ҷадидон, «ҷавонбухориён» зери таъсири ғояи сотсиал-демократӣ барномаи таълимии Ҷумҳурии Халқии Бухороро навиштанд, ки дар он банде ба озодии сухан бахшида шуда буд. Соли 1918 бахусус солҳои 20-ум Артиши Сурх ҷиҳати барҳам додани мустақилияти ҷамоҳири Украина, Белорусия, Бухоро ва ҷумҳуриҳои Қафқоз шуруъ кард. Дар ин росто аз ҳама бештар Гурҷистоне, ки ҳанӯз парлумон дошт, занон аввалин бор дар Аврупо ҳуқуқи раъйро ба даст оварданд, истиқлолашро ҳифз намуд. Аммо моҳи феврали соли 1921 Артиши Сурх Гурҷистонро ҳам фатҳ кард. Савум, анаъанаи озодии сухан. Албатта, нашрияҳои ҳавзаи Русия зери сонсур қарор гирифтанд, аммо дар ҳавзаҳои миллӣ аҳёнан нашрия ва маҷаллоте ба назар мерасиданд, ки бо озодандешии худ тавофут доштанд. Онҳоро маорифпарвароне ба табъ мерасониданд, ки нисбат ба сиёсат ғамхории ҳифзи забони мадориро авлавият медоданд. Анъанаи озодии сухан нисбатан дар Гурҷистон, Украина ва Белорусия вуҷуд дошт. . Дар замони шӯравӣ нашриёт ва муҳоҷират, ки БО вуҷуди кам будани теъдоди муҳоҷирини Ба ИҶШС ҳиҷратнамуда нақши маорифпарвариро анҷом доданд Чаҳорум, анъанаи сиёсати оммавӣ. Сиёсатмадорҳои шинохтаи солҳои 1905 – 1917 дар Думаи давлатӣ нахустин сиёсатмадорони оммавии Гурҷистон, Русия ва Украина дар асри XX шуданд. Аммо анъана ва фаъолияти ғайрипарлумонӣ ё маъруфияти сотсиал-демократия дар давоми аср равшанфикрони наверо тарбия кард, ки мубтакирони ислоҳот шуданд. Панҷум, анъанаи мухолифат. Дар нимаи дувуми асри 20 танҳо мубориза барои ҳуқуқ муқобилият бо ҳукумат шинохт мешуд, ҳарчанд қаблан, замони «террори сурх »ҳам рӯшанфикрон кӯшиш менамуданд, то хамӯш набошанд. Аммо мухолифати чашмрас дар Украина, Русия, Гарҷистон, камтар дар Белорусия, Озарбойҷон, Арманистон ва ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дида мешуд. Ахиран, омили шашум ва аз ҳама муҳим аъмоли зиддикремлӣ аст. Дар ҳар давлати пасошӯравие, ки ба ҳадди мухталиф панҷ авомили қаблӣ вуҷуд дошта бошанд, аммо аз ҳама муҳим, омили шашум – аъмоли антикремлӣ набошад, ҳеҷ як инқилобе ба вуқуъ намепайвандад, чунки ангеза нест. Эҳтимоли сарнагун кардани президент ҳаст ва дар Қирғизистон ду маротиба ин амал рӯйи кор омад, вале система боқӣ монд. Дар Қирғизистон инқилоб ба амал наомад, балки як шӯриши оддӣ, табаддулот, иваз кардани сарварон сурат гирифт, дар ҳоле ки сарвари навбатӣ системаро ҳифз кард, иштибоҳҳои пешинро такрор намуд. . Бинобар Ин чандин маротиба чунин шакл гирифтани Кор Аз эҳтимол дур НЕСТ Инқилоби аввалин Дар солҳои 1991 – 1992 дар Тоҷикистон сурат гирифт, аммо бо шикаст хӯрдан ба анҷом расид. Зеро он ҳангом бештаре аз авомил вуҷуд надоштанд, ҷумҳурии нисбии хурде, ки соли 1924 асос гузошта шуд, равшанфикри хусусӣ, анъанаи озодии баён ва фарҳанги сиёсӣ надошт. Хотираи таърихӣ ҳифз мешуд, аммо бо хости Сталин дар Узбакистон, Самарқанду Бухоро, ҷое ки макони тоҷикони қадимӣ буд, зиёиён он ҷо монданд. Бинобар ин дар Тоҷикистон кӯшиши истифодаи омили шашум боиси ҷанги бародуркуше гашт, ки ташаббусаш аз ҷониби Русия буд. Дувумин кӯшиши инқилоби ҷиддӣ соли 2004-ум дар Украина буд. Дар ин ҷумҳурӣ панҷ омили қайдгардида вуҷуд дошт, аммо омили шашум вуҷуд надошт, ки дар натиҷа, чун Қирғизистон нерӯи сиёсатмадорон, мухолифини Кучмаро нисбат ба вазъ коҳиш дод. Ҳамин тариқ, ҳарчанд инқилоби аввали унраиниҳо натиҷа надода бошад ҳам, фаромӯш шуд. Дар навбати худ Кремл бо пеш гузоштани «профессор» бо вуҷуди гузаштаи ҷиноятнияш аз Украина қасд гирифт. Ба ҳар ҳол, дар нимаи моҳи январ дар «Майдон» инқилоби дувум сар зад, ки ахиран, гуфта мешуд, дар он Русия дорад, вале баъдтар дахолати рӯйирости Маскав ошкор гашт. Хушбахтона, инқилоби дувуми Украина ба мисли «инқилоби лолаҳо»-и Гурҷистон сурат гирифт, ҳарчанд дар Тифлис чунин як амал бидуни хунрезӣ доир гашт ва дар Гурҷистон аллакай тими ҳамфикрон муттаҳид шуда буд. Барои ҳамин Украинаро лозим мешавад, ки ҳоло ҳам барои инқилоби худ мубориза барад, аммо муҳим ин аст, омили шашум ҳосил ба бор овард. Чаро омили шашум муҳим аст? Ҳама гуна инқилоб маънӣ дорад, чун низом ба таври иртиҷоӣ иваз мешавад, на танҳо системаи сиёсӣ, балки мубориза бо омили беруна низ муайян мегардад, аз ҷумла омили империя дар симои Русия. Маскав ҳеҷ як ислоҳотеро, ки ба манфиати империя – итоати Кремл зиддият дорад , бо иродаи худ намепазирад. Ашколи мухталифи итоатнамоии вуҷуд дорад: итоатнамоии фаъол, ки хоси Белорусия, Арманистон, Қазоқистон аст. Итоатнамоии мафъул ба Қирғизистону Тоҷикистон рабт мегирад. Узбакистону Туркманистон бошанд, шеваи итоатнамоии хомӯшонаро пеша кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, тибқи натиҷагирии овоздиҳӣ ба қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ дар рӯйхати фаъолони Кремл танҳо Белорусия ва Казоқистон қарор гирифтанд. Дигар кишварҳо мавқеи бетарафӣ ё мавқеи «хонаи ман дар канор аст»-ро интихоб намуда, умуман, дар овоздиҳӣ ширкат накарданд. Ин маънои онро надорад, ки дар ин кишварҳо вазъи инқилобӣ болиғ шудааст. Он, умаман, на дар Қирғизистон вуҷуд дораду на дар Тоҷикистону Туркманистон. Норозигӣ вуҷуд дорад, ҳатто баъзан кӯшиши баромад намудани теъдоде ё гузаронидани амали эътирозие ба назар гирифта мешавад, вале дар ин кишварҳо бештаре аз авомили аслӣ шакл нагирифтаанд. Аз ҷумла, омили шашум, ки муҳимтар аз ҳама омилҳост. То он вақте таблиғоти Крем вуҷуд дорад, аҳроми иқтисодӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ – муҳоҷират мавҷуд аст, бурузи ин ё он гурӯҳи одамон, ки барномаи ислоҳотро тартиб дода, қисме аз аҳолиро дар атрофи худ муттаҳид намояд, номумкин аст. Ба ин хусусият ҳамчунин метавон натиҷаи омехтасозии забоние, ки дар 100-150-солаи ахир аз ҷониби Русия роҳандозӣ шуд, ҳанӯз замони Русия подшоҳӣ ва ҳамчунин иваз шудани фарҳанги халқҳоро, ки теъдоде ба мубаллиғони таблиғоти Русия бадал шуда, ба ҳар он чизе, ки Кремл гӯяд, бовар мекунанд, илова намуд. Бо гузашти вақт баҳонаҳои нобоварии нав алайҳи Русия, чун забти Қрим буруз менамоянд. Агар ҳама ин гуна мавзеъ нагиранд ҳам, қисме ҷиҳати омили шашум таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки ба онҳо сиёсати Маскав маълум мешавад. Нерӯ ҳарчанд кофӣ нест, аммо ҳаст. Лозим мешавад, ки шаклгирии рукни буҳронӣ, аз ҷумла омили шашумро мунтазир буд.
Олег Панфилов,
“Грузия onlinе”