Categories ҶОМЕА

Шаҳидон зиндаанду ҷовидон

27-уми марти соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи минтақавии ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб бо ширкати бештар аз сад нафар масъулин, аъзо ва ҳаводорони ҳизб бо шумули ҳайати эъзомие аз маркази ҲНИТ, маҳфили гиромидошти ёдбуди шуҳадо баргузор гардид. Қабл аз баргузории ин маҳфили нур барои шод гардонидани рӯҳи шуҳадо оёте чанд аз Каломи илоҳӣ тиловат гардид. Сипас муҷрии барнома Сулаймон Қаландаров пас аз сано ва дуруд бар Расули акрам (с) ҳозиринро ҷиҳати ташрифашон хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки «дӯстони азиз, вақте сухан аз боби хотираи шуҳадо оғоз мегардад, бешубҳа , чеҳраи бузургон ва пешвоёни садри Ислом пеши назар ҷилвагар мешаванд, қофиласолороне, ки асрҳои аср уммати Исломро ба сӯйи ақидаву арзишҳои умумибашарӣ, пойбанд будан ба аҳкоми илоҳӣ фаро мехонданд. Аз ҷумлаи ин бузургон аз Одам (а) то Хотам-ул-анбиё, инчунин пайравони ростини ин роҳ мебошанд, ки ҳамеша дар дилу дидаи мо, мусалмонон ҷой доранд.
Паёмбари акрам (с) ҳамчун муаллим ва муҷаддиди мактаби шаҳодат дарси талошу фидокориро барои уммати хеш омӯзонд ва қалбу рӯҳи онҳоро бо ишқу муҳаббат ва шавқу шӯри шаҳодат лабрез гардонид. Инчунин хонадони поки Паёмбар ва ёрони бовафояш бо пайравӣ аз таъолими пурарзиши мактаби он Ҳазрат (с) фалсафа ва ҳикмати шаҳид гаштану фидо шудан дар ин роҳи ҳадафмандонаро ба хубӣ дарк намуда, ин мақоми болоро касб карданд ва барои насли баъдӣ улгӯи ҳасанаеро ба мерос гузоштанд ».
Сипас тибқи барномаи маҳфил риштаи сухан ба масъули бахши иршод ва фарҳанги минтақавии ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб Исмоил Раҳматов дода шуд. Номбурда зимни суханронии хеш дар мавзӯи «Ҳаёти шаҳидон андар фано» суханронӣ намуда, қайд намуд: тибқи фармудаи Расули акрам (с) ҳар касе вориди биҳишт мегардад, ҳеҷ гоҳ орзуи баргаштан ба дунёро надорад, магар шаҳид. Шуҳадо аз Худо талаб менамоянд, моро бори дигар зинда бигардон ва бори дигар дар роҳи худат бимирон.
Бояд донист, ки ҳар нафаре барои дафъи ситаме аз худаш кушта шавад, инчунин афрод низ, . ҳукми шаҳидро барои худ касб мекунанд Инчунин ҳар нафаре, ки сидқан шаҳодатро аз Худо бихоҳад, гарчанде дар рахти хобаш ҷон супорад ҳам, Худованд барояш дараҷаи шаҳодатро насиб мегардонад. Мавлонои Рум низ дар ин замина нисбат ба мартабаи шаҳид мефармояд:
Пас зиёдатҳо даруни нуқсҳост,
. Мар шаҳидонро ҳаёт андар фаност
Чун бурида гашт ҳалқи ризқхор,
. Ярзуқуна фарриҳина шуд гувор
Номбурда Дар фарҷоми суханронии худ зумрае Аз шуҳадои гулгункафани минтақаи Кӯлоб, амсоли домулло Муҳаммадюсуф, Неъматулло ва дигаронро ба некӣ ёдовар шуда, оид ба ҳаёт ва зиндагии хоксорона, ҷасорат ва матонати эшон суханронӣ намуд.
«Фазилати шуҳадо» яке аз дигар мавзӯи ин маҳфил ба шумор мерафт, ки корманди шуъбаи илм ва кор бо уламои ҳизб Ҷаннатуллоҳи Комил дар доираи он андешаҳои хеш ироа намуда, гуфт: ҳарчанд соатҳо дар бораи мартаба ва бузургии шаҳид суҳбат намоем ҳам, лаззат ва ҳаловати шаҳодат, ин неъмати илоҳиро мунъакис карда наметавонем , зеро ин ҳаловату лаззат замоне эҳсосу чашида мешавад, ки Худованд онро насиби кас гардонад. «Касоне, ки дар роҳи Худо шаҳид гаштаанд, имкон надоранд, аз лаззати шаҳодат барои мо қисса намоянд. Агар Худованд ин имкониятро барои шуҳадо медод, то ки мартабаву манзалати шаҳидро барои мо аҳли дунё баён доранд, албатта, ҳар фарди мусалмон орзу ва таманнои шаҳодат дар роҳи Худоро мекард », афзуд ӯ.
Ба қавли Ҷаннатуллоҳи Комил, Худованд на ҳар касро аз ин неъмати бузург бархурдор мегардонад. «Дар Қуръони азимушшаън Худованди меҳрубон хитоб бар он мекунад, ки шумо касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндоред. Онҳо дар назди Худованд зиндаанд, ризқ мехӯранд. Онҳо, яъне шаҳидон хушҳоланд, аз он чӣ Худованд барояшон ато кардааст. Инчунин мехоҳанд дигаронро башорат диҳанд, вале тақдири илоҳӣ чунин аст, ки чун инсон дори фониро падруд гуфт, баргаштани дубораи ӯ ба ин дунё имконнопазир аст », ахиран, гуфт ин масъули шуъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ.
Дар робита ба мавзӯи «Фидокорӣ», дигаре аз мавзӯоти матраҳ дар маҳфил Яҳёи Абдусаттор, дигаре аз кормандони шуъбаи мазкури ҳизб гуфт, «якояки мову шумо мадюн ва қарздори шуҳадо ҳастем, ки ба ин рӯзҳо расидем. Ҳар касе, ки барои ин миллату сарзамин, хоса Исломи азиз ва баланд бардоштани парчами ин дин хизмат кардааст, воқеъан, фидокор аст. Агар фидокориҳои он азизони Худо намебуд, ин иззату обрӯ насиби мо, бозмондагон намегардид. Агар шаҳодати Сумайя ва шаҳодати Ёсир намешуд, агар он фидокориҳои аҳди маккӣ намешуд, аҳди маданӣ ба вуҷуд намеомад ».
Ба қавли Яҳёи Абдусаттор, касоне, ки дар садри Ислом ҷони хеш аз даст додаанд, набояд гумон кард, ки эшон ҷон бохтаанд, балки эшон бурд карданду зиндаанд, зеро хиштҳо ва зербинои аввали Исломро маҳз онҳо гузоштанд. «Бинобар ин шахсоне, ки дар кишвари азизи мо барои пойдории адлу адолат ва дифоъ аз арзишҳои ноби исломӣ лаззати шаҳодатро чашидаанд, новобаста аз он ки онҳо ҷонибдори ҲНИТ буданд ё узв, мо қарздорем, то дар ҳаққашон дуо гӯем »гуфт ӯ.
Тавре мавсуф афзуд, уламои исломӣ фидокориро ба чанд навъ табақабандӣ кардаанд, (ва) фидо кардани молу вақт, ҷон ва тамоми ҳаёт дар роҳи ислом, дар роҳи барпо кардани адлу адолат, дар роҳи барпо кардани озодии мардум аз анвоъи он будааст: «Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо мардум моли зиёде ба даст меоваранд, вале онро дар роҳҳои ботил сарф мекунанд, ки ин мусибат аст . Албатта, касоне ҷони худро дар роҳи Худо фидо карданд ин олитарин мақоми фидокорист, аммо воқеъияти имрӯзаи мо шояд инро тақозо накунад. Пас, суоли матраҳ ин аст, ки воқеъияти мо аз мо чиро тақозо мекунад? Аввалин фидикорие, ки замон аз мо тақозо дорад , ин моли мо дар роҳ ва ризои Худованд аст. Ҳатто дину мазҳабҳои ботиле арзи вуҷуд доранд, ки молу дороии зиёди худро пайравонашон дар роҳи тақвияти он сарф мекунанд, вале мо, ки пайрави ин дини ҳақ ҳастем, барои чӣ дар роҳи ин даъват, дар роҳи ин дин, ин ақида ва дар роҳи барпо кардану ҷорӣ намудани он моли худро сарф накунем? Вақте молу дороии худро, ки нисбати ҷону вақт арзиши камтар дорад, дар роҳи Худо сарф карда натавонистем, дар зарурат низ ҷони худро фидо намуда наметавонем ».
Дар идомаи суханронияш корманди номбурдаи шуъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ афзуд, «Худованд дар каломи покаш хабар медиҳад, касоне, ки дар роҳи Худо нафақа мекунанд, монанди донае ҳастанд, ки ҳафт хуша аз он сар мезанад ва ҳар хушае сад дона дар худ дорад. Худованд барои ҳар касе хоҳад, инро зиёдатар мегардонад ».
Зимнан раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб Муҳаммадшариф Набиев аз он ёдовар шуд, ки месазад, мо на танҳо як рӯзи муайянро ба ёди шаҳидон ҷудо кунему аз онҳо ба некӣ ёдовар шавем, балки сазовор он аст , ки ёди шуҳадо ҳамеша бояд дар қалбу зеҳни мо бошад. Оромӣ ва осудагие, ки моро насиб гардида ва метавонем тавассути минбарҳо сухани Худову Расули акрамро бигӯем, ба ивази хуни шуҳадо ба даст омадааст. Ҳар ҷо хуни шуҳадо мерезад, он ҷо дини Худо пирӯз аст .
Масъули бонувони ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб Мукаррама Ҳабибова бошад, перомуни шаҳид аз забони бузурге қироат кард:
Шаҳидон зиндаанду ҷовидонанд,
. Ки меҳмони Худои ломаконанд
Мавсуф Дар бораи хислати ҳамидаи ҷавони навхате Ба номи Аҳмадҷон, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар синни шонздаҳсолагӣ танҳо барои доштани ақида ва андешаи исломӣ ба шаҳодат расида буд, ба некӣ аз ӯ ёдовар шуд.
Шоир Ашӯрмади Хатлонӣ, яке аз ширкаткунандагони ин маҳфили нуронӣ бо чунин абёт маҳфилро ҷамъбаст намуд:
Баҳоро, омадӣ, хуш омадӣ ту,
. Сияҳпӯшам, сафопӯш омадӣ ТУ
Маҳи Наврӯзу борон зира-зира,
. Чӣ фоли хуш, ки нохуш омадӣ ту
. Ба даври мо намуда, накҳати Гул
На ёде Аз чаман , на ёди булбул,
На занбӯри асал шаҳде биёрад,
На гулбоғи табиат атри кофур.
Ҳама муштоқи исми хеш гаштанд,
Ҳама шоҳон кунун дарвеш гаштанд.
Ҳама ёвар буданд аз Ғарб то Шарқ,
Нигар, ҳоло чу гургу меш гаштанд.
гашт Замини Вахшу Хатлон лолагун ,
Ту гӯӣ лола ҳам ғарқоби хун гашт.
Ба марги навҷавонони ватанхоҳ,
Дили пурдоғи модарҳо забун гашт.
Баҳоро, омадӣ, шодам бигардон,
Аз ин ғамхона озодам бигардон.
Даруни синаам шамъе фурӯзон,
Худоҷӯям, худододам бигардон.

Юсуфи Хатлонӣ

More From Author

You May Also Like