Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз 9-уми октябр дар ҷаласаи худ иди Қурбонро рӯзи сешанбеи 15 октбяр мушаххас кардааст.
Дар ҷаласаимазкур қарор шудааст, ки масоҷиди ҷомеъ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъоваришуда дар намози Иди Қурбон 600 сомонӣ ба хазинаи Маркази исломӣ бисупоранд. ҳамчунин гуфта шудааст, ки ин миқдор маблағ ҳаққи аъзогии масҷидҳои ҷомеъ аст, на чизи дигар.
“Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон соати 7:30 оғоз меёбад”,-омаааст дар ин қарор.
Шӯрои уламо дар идома имомхатибонро вазифадор кардааст, ки фазилатҳои Иди Қурбонро ба мардум шарҳ дода, худашон дар хайру саховат намунаи ибрати дигарон бошанд.
Инчунин, аз мардуми Тоҷикистон даъват шудааст, ки дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон ба сарфакорӣ роҳ надиҳанду сириштакориро пеша намоянд.