Бозрасони СММ дар Сурия имрӯз (08.06.2012) эълон кардаанд, ки барои бозрасӣ ва таҳқиқ дар мавриди қатли оми ваҳшиёнаи кӯдакон ва занон дар ин кишвар, боздид мекунанд.
Ба гузориши «Аларабия» Роберт Муд, масъули гурӯҳи бозрасони СММ дар Сурия бо таъйиди ин хабар гуфтааст : «Режими Асад аз вурӯди нозирони СММ ба минтақаи Алқабир ҷилвагирӣ карда буд, аммо акнун иҷоза дода шудааст, то аз ин минтақа боздид кунанд.»
Мухолифони ҳукумати Башор Асад рӯзи чаҳоршанбе аз қатли оми нав дар Сурия хабар дода гуфта буданд: «даҳҳо кудак, зан ва марди деҳотӣ ба дасти нерӯҳои давлатӣ ва шабаҳи низомиёни Башор Асад кушта шудаанд.»
Дар чанд ҳафтаи охир Ин дуввумин ҳамлаи бераҳмона ба ғайринизомиён дар Сурия мебошад.