Ин достон нест. Афсонаву хаёл ҳам нест. Қиссае аз таърихи гузаштагон низ нест. Ин воқеияти ҳамин имрӯзи миллати ман аст. Воқеияте, ки шояд барои бархеҳо хандаовару аҷиб бошад, вале барои ман ва насли ояндаи миллатам дардовар аст. Танҳо дард ҳам нест зарарҳояш хеле бештар аз ҳадди тасаввур аст.
Вақте вориди рустое дар минтақаи Кӯлоб шудам, танҳо дар роҳ кӯдаконро дидам. Баъд аз гузаштан аз чанд кӯча дар лаби обе як гурӯҳи хурди занҳоро дидам. Хонаи хеши ман ҳам дар пеши ҳамон об буд. Бинобарин мошинро дар канори роҳ нигоҳ доштаму фаромадам. Ҷиянҳоям маро диданду тағоҷонам омад гӯфта аз он тарафи кӯча ба суям давиданд. Онҳоро дар оғуш кашидаму ба суи хонаашон равон шудам. Дар роҳ аз онҳо пурсидам модарашон куҷост ҷавоб доданд, ки дар сари замин аст. Баъдан ба ӯ занг задам. Хушбахтона роҳашон дур набудааст ва зуд омад. Дохили хона шудему нишастем. Ҳаво хеле гарм буд. Баъди чанде овози як гурӯҳ занҳо ба гӯш расид, ки суҳбаткунон меомаданд. Яке аз онҳо бо садо баланд кард: очай Абдулбосит о очай Абдулбосит!
Хоҳарам аз хона ба истиқболашон баромад.
Биёед ку чиба дер кардед? Ҳуштон наравад бо дар гармӣ!?
Дар ҳамин вақт садои шалақасти об аз ҳавли ба гӯшам расид ва баъд хандаи занҳо баланд шуд. Хоҳарам дарро пушиду гӯфт: ман имрӯз меҳмон дорам. Акаам дар хона аст.
Садои гапу хандаи занҳо якбора ором шуд. Шалақасти об ҳам тамом шуд. Баъди чанд дақиқа хоҳарам ворид шуд. Гӯфтам онҳо кӣ буданд ва чӣ мехостанд?
Хоҳарам гӯфт: инҳо ҳамсояҳоям ҳастанд. Дар хонаи ягонтояш мардина нест. Нисфирӯзи вақте аз кор бармегарданд инҷо ҳаво хеле гарм аст. Дар лаби ҳамин об меистанду як сател обро аз сару руяшон мерезанду либосҳояшонро тар мекунанд. Баъд омада дар хонаи мо дар зери ҳамин кондитсионер як соат истироҳат мекунанд. Сипас бо ҳам ба навбат дар хонаи як нафар хӯрок мехурему баъдан боз дар ҳамин зери кондитсианер ҷой мегирем. То салқин шудани ҳаво ҳаминҷо истироҳат мекунем. Ин суханҳоро шунидаму дигар натавонистам дар хонаи хоҳарам бишинам. Зеро ман ҷои онҳоро гирифта будам.
Бо хоҳарам хайру хуш кардаму баромадам ва гӯфтам, ки ҳамсояҳоятро даъват кун биёянд. Ман ба хона меравам. Хоҳарам хеле исрор кард, ки ҳеҷ гап надораду бо ҷиянҳоям бишинам, вале натавонистам қабул кунам. Гуфтам ман ҳозир мераваму шаб омада бо шумо мешинаму суҳбат мекунем. Ҳозир бошад истироҳати ҳамсояҳоятро вайрон намекунам.
Ҷиянҳоямро гирифтаму ба хонаи падарам, ки 5 ё 6 км дуртар аз онҷо буд рафтем. То шаб онҷо будам ва шаб дубора ҷиянҳоямро гирифта баргаштам. Кӯчаҳо ором буд. Касе наменамуд. Шаб хеле бо онҳо нишастаму хостам ба хона баргардам. Ҷиянҳоям ҳамроҳам рафтани шуданд. Модарашон бошад мегӯфт шумо меравед ман ҳамроҳи кӣ меистам?
Дидам ҷияни 6 солаам ба фикр рафтааст. Аз як тараф мехоҳад ҳамроҳи ман биравад аз тарафи дигар ба фикри танҳоии модараш аст. Кӯдаки бечора байни майли кӯдаконаи рафтан ба хонаи бобояш ва ҳамроҳии модараш ҳайрон монда буд. Каме фикр карду гӯфт: Оча биё қати тағам мерем бо саҳар гашта меоем!
Модараш бошад мегӯфт хонаро партофта рафтан хуб нест. Саҳар барвақт боз кор дорем.
Хулоса ҳадаф аз овардани ин қиссаи воқеӣ чӣ аст? Дар аксари рустоҳои мо мардон хеле кам мондаанд. Занҳо одат кардаанд, ки байни ҳам нишаста бештари корҳояшонро якҷоя анҷом диҳанд. Кӯдакон ҳам дӯр аз падарон бузург мешаванд. Занҳо дар саҳро кор мекунанду ба тарбияи фарзандон машғуланд. Дар канори ҳамаи ин сад фикр ба сарашон меояд. Боз шавҳарам ягон зани рус нагирад? Боз моро фаромуш накунад? Худо накунаду шавҳарам гирифтори ягон гурӯҳи калсарҳои рус нашавад. Ягон кас шавҳарамро фиреб надиҳаду бепул кор нафармояд?
Кӯдакон бошанд бидуни падар аллакай зери таъсири шахсияти модарон қарор гирифтаанд. Дигар хислатҳои мардонаро дар вуҷудашон кам дидан мумкин аст. Махсусан писарҳо вақте бузургтар мешаванд аллакай вижагиҳо ва шахсияти мардона дар онҳо чандон рушд намекунад. Зеро онҳо дар “шаҳри занҳо” бузург шудаанд ва вуҷуди мардро дар хонаву кӯча ва зиндагӣ чандон эҳсос накардаанд.
Ба ҳамин хотир ҳам занҳо ва ҳам кудакон дучори мушкилоти равонӣ ва шахсиятии зиёде мешаванд, ки барои дармон ё пешгирии онҳо ниёз ба мутахассисони соҳаи равоншиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ дорем. Вале намедонам, масъулони муҳтарами мо умқи ин масъаларо то чӣ андоза дарк мекарда бошанд?!