У. Пудинаев
– Ҳар гоҳ ки ба шаҳр бароям, партовҳои атрофи биноҳо, ифлосиҳои ҷӯйборҳо, атрофи семичкафурӯшҳо ва бӯйи баду ифлосии партовгоҳ дилгирам мекунад, мегӯяд Самариддин – сокини шаҳри Душанбе.
Вақте мебинед, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, барои мисол, дар атрофи бинои Сирки давлатӣ калону хурд, зану мард гаштугард доранд, албатта, аз амнияту осудагӣ башорат медиҳад ва ҳар раҳгузареро хуш меояд.
Аммо ҷойи таассуф аст, ки ба замми ин ҳама ободонию осудагӣ баъзеҳо, алалхусус ононе ки аз хурд то калон шомгоҳон то дер дар назди биноҳо нишаста, кӯчаҳоро ифлос мекунанд. Занҳои калонсолу миёнсол бо истеъмоли «семичка» ва партофтани партови он касро ба ғазаб меоранд.
Дар хусуси сигоркашиву носкашҳои шаҳр сухани бисёр гуфтаанду мегӯянд, ҳатто ҷиҳати ин масъала қонун ҳам қабул шудаву ҷарима ҳам пешбинӣ гашта, аммо эшонро парвое нест.
Баъзе сокинони шаҳр ин иллатро ба мардуми деҳот муртабит медонанд ва ба фикри шаҳрнишинон, мардуми нав аз деҳотомада нисбат ба тозагии атроф бепарвоянд. Вале мардуми шаҳрӣ ҳам дар ифлосшавии шаҳр камбудии зиёд доранд ва инро ҳам бояд қайд кард.
Барои мисол, Абдуқудус Музаффаров, муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар як сӯҳбаташ гуфта буд, ки сокинони шаҳр барои партофтани партов хурдсолонро равон мекунанд. Ӯ гуфт, ки хурдсолон қудрати партофтани партовро надоранд, дар натиҷа, онҳо дар атрофи партовгоҳ партовҳоро рехта, бармегарданд.
Аз ҳама аҷиб ин аст, дар кишваре ки мусалмононаш ба тариқи умумӣ зиёда аз 97% -ро ташкил медиҳанд, дар масъалаи тозагию ифлосии атроф камбудиҳое ба мушоҳида мерасанд, ки ба истилоҳи рӯҳониёни кишвар, далели заифии имони мардумро нишон медиҳанд.
Абдулбасир Саидов, сархатиби масҷиди ҷомеи Шоҳмансур мегӯяд, ки ақидаи Ислом дар ин масъала возеҳ аст. Ӯ мегӯяд: «ан-назофату минал имонӣ», яъне тозагӣ аз имон аст. Ба назари номбурда дар роҳ агар ягон ифлосие ё ягон хору санге ба назар афтад, барои бандаи имондор лозим аст, ки онро аз замин бардорад. Вале дар бораи партофтани партов дар ғайримавзеъ, хоса дар ҷӯйбору роҳҳои одамгард ӯ мегӯяд, ки «гуноҳ аст».
Ба гуфтаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Абдусалим Ҷӯраев, натиҷаи намунаи ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки моддаҳои азот, аммония 1,8 – 2 маротиба аз меъёр зиёд шудааст.
Сабабгори зиёд шудани ин ингридиентҳо дар он аст, ки партовҳои маишӣ, ахлоттӯдаҳо дар лаби дарёю ҷӯйборҳо ҷойгир мебошад. Ва ҳамчунин ӯ мегӯяд, истироҳатгоҳ – табобатгоҳҳо партовҳои обии худро ба дарё ҳамроҳ менамоянд.
Ҷӯраев мегӯяд, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, шаҳрвандон партовҳоро ба нуқтаҳои партовҷамъкунӣ аз соати 17. 00 то соати 23. 00 бояд партоянд, зеро рӯзона шаҳр аз партовҳои ифлос тоза гашта, ғализиҳо барканор гарданд.
Вале аксар сокинони пойтахт партовҳоро дар ҷойи муайян намепартоянд. Селофанҳои пур аз “мусор”-и худро дар ҳар ҷое хоҳанд гузошта мераванд.
А. Музаффаров мегӯяд, ҳамарӯза кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе наздики 7 то 10 нафар шаҳрвандро ба хотири риоя нанамудани меъёрҳои партовпартоӣ ва ифлосиҳо ҷарима мекунанд. Барои шахсони воқеӣ аз 35 то 175 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 1050 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.
Дар ҳаминҳол , Марҳабо Шарифова – сокини ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд: “беҳтараш ҳамаи семичкафурӯшҳову семичкахӯрҳоро ва умуман ҳар касеро, ки нисбат ба тозагии шаҳр бетаваҷҷӯҳанд, боздошт ва ҷарима кардан лозим аст. Бигзор , гурӯҳи махсуси милисаи экологӣ ҳар фардеро, ки кӯчаро ифлос мекунад ё дар ҳоли семичкапартоист, боздоштаву маҷбур кунад, ки ҳамон қисмати роҳро дар ҳузури ҳама тоза кунад, сипас ӯро ҷарима кунанд!”
(Наҷот)