Categories Uncategorized

Шерик Карамхудоев бо сари доккапеч ба дидори модар омад

nahzat.tj


Шерик Карамхудоев, раиси бахши Хоруғи ҲНИТ, қариб ду моҳ аст, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амният аст. Чанде пеш мо дар мусоҳиба бо вакили ӯ, Бузургмеҳр Ёров, таъкид карда будем, ки то ҳол дидори нафаре аз пайвандон ва аз ду адвокаташ бо Карамхудоев муяссар нагардида буд.

Ниҳоят, дирӯз бори нахуст Покизамоҳ Иқболшоева, модари Шерикро рухсат шуд, ки бо фарзанд мулоқот намояд. Пас аз он вохӯрӣ, мо бо апаи Покизамоҳ ва ҳамсараш, Манижа Шоҳбозшоева, сӯҳбати кӯтоҳе доштем ва онро бароятон пешкаш мекунем.

Покизамоҳ Иқболшоева гуфт: «Худоро шукр, ки баъди қариб ду моҳ ба ман рухсат доданд, ки рӯзи 17 сентябр бо фарзанди азизам, Шерик, мулоқот кунам. Баробари дидани сари доккапечаш дилам таҳ зад ва зуд пурсидам, ки писарам, ба ту чӣ шуд?

Гуфт, афтодам…

Ман боз пурсидам, агар одам афтад, рӯй, бинӣ ё пешониаш пеш аз ҳама зарб мехӯрад, вале азони ту зарб дар тори сарат аст.

Ин бор ҳам ҳамон як гапро мегуфт: “Ман афтидам…” Лекин дили модарӣ мегӯяд, ӯро задаанд…»

Ҳамсари Шерик Манижа илова кард:  “Ман ҳам бисёр мехостам, шавҳарамро ҳамроҳи хуштоманам бинам, вале ба ман рухсат надоданд.”

Хонум Шоҳбозшоева илова кард: “Баъд ба хуштоманам коғазу қалам дода, гуфтам, ки Шерик дар ин коғаз бинависад, ки барояш чӣ зарур аст, зеро пояш касал аст ва дору шояд даркор будагист. Ӯ гуфтааст, ки дар боздоштгоҳ духтурон ҳастанд ва давояш мекунанд. Шерик мувофиқи дархости ман ба коғаз чизе навиштааст, вале ҳангоми баромадани модараш аз ӯ он коғазро посбонҳо гирифтаанд…”

More From Author

You May Also Like