Дар чанд моҳи охир дар аксарияти кишварҳои дунё як раванди умумии зиддиисломгароӣ ба равшанӣ мушоҳида мешуд. Махсусан баъд аз ба зиндон андохтани аввалин президенти мардумӣ дар Миср кишварҳои Халиҷи Форс барои барпо намудани як низоми диктатории ҷадид дар ин минтақа талоши фаровон карданд. Вале дунё медонад, ки президент Мурсӣ аз тариқи як интихоботи озоду одилона сари қудрат омад ва бар асари табаддулоти низомӣ барканор шуд.
Бо вуҷуд аҷиб он аст, ки имрӯз арзишу меъёрҳои демократӣ дигаргун шудаанд. Ба ин маъно, ки Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин аз тариқи интихоботи озод сари қудрат меоянд ва мухолифонро зиндонӣ намекунаду расонаҳои озоду мустақилро намебандад, вале боз ҳам президент диктатор эълон мешаваду ҳизбаш ифротгаро. Дар қиболи ин касоне, ки аз тариқи тӯпу тонк ва табаддулоти низомӣ сари қудрат меоянд ё қудратро дар муқобили эътирозоти мардум нигоҳ медоранд, демократу озодихоҳ ном мегиранд.
Мухолифоне, ки барои таҳаққуқ пайдо кардани арзишу ниёзҳои мардумӣ мубориза мебаранд, пас аз Миср Наҳзати Тунисро ҳадаф қарор доданд. Аммо Рошид Ғанушии ботаҷриба ва наҳзати исломияш аз ҳодисаҳои Миср сабақ бардошта, нагузоштанд, ки нақшаҳои палиди ин гурӯҳ амалӣ шаванд. Онҳо дар заминаи гузашти зиёд оромиш ва суботу озодии кишварро ҳифз карданд. Ғанушӣ бо дарки чунин як нақшаи сиёҳ сухани таърихие гуфт, ки дар саҳифаи таърих боқӣ хоҳад монд. “Мо ҳозирем қудратро аз даст бидиҳем, то истибдод барнагардад ва озодии ватанамонро ҳифз кунем. Зеро агар озодӣ вуҷуд дошта бошад, ҳамеша имкони баргаштан ба қудрат боқист. Вале агар истибдод баргардад, ҳама чиз аз байн меравад ва кадом умеде ба оянда боқӣ нахоҳад монд “, гуфтааст ӯ.
Аз ҷониби дигар ҳамин гуна доираҳои зиддиисломӣ Ҳизби Адолат ва Тарақиёти Трукия ва раҳбари маъруф ва бонуфузи он Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ҳадаф қарор доданд. Чанд рӯз қабл аз доир шудани интихобот Исроил ва ҳампаймононаш аз Эрдуғон интиқом гирифтан хостанд. Ба ҳамин хотир даст ба туҳматпароканиҳои зиёде зада, ӯро ғофилгир кардан хостанд, аммо мардуми Туркия огоҳтар аз дигарон буданд. Чунки онҳо заҳмату талоши чандсолаи ҳукумати исломгароёнро бо чашм диданд ва медонистанд, ки дар пушти ин таблиғоти густарда киҳо истодаанд ва рафтанд ба ҳимояти Эрдуғон. Агар дар интихоботи соли 2009 Эрдуғон ва ҳизбаш 38,8% овоз гирифта буд, дар интихоботи ахири маҳаллӣ 46% овози мардумро касб кард. Яъне ҷараёни зиддиисломгароӣ дар Халиҷи Форс ва муттаҳидонаш аввалин шикасти худро таҷриба карданд, ки ин аввалину охирин нахоҳад буд.
Дар ин фурсату лаҳзаҳо далелҳои барканории Муҳаммад Мурсиро ошкортар фаҳмидан мумкин аст, яъне агар дунявиҳои ифротӣ сабр мекарданд, дар муддати 4 сол Муҳаммад Мурсӣ ҳам овози бештари мардуми Мисрро ба даст меовард . Зеро рисолату ҳадаф, эътиқоду андешаи ӯ бо Эрдуғон тақрибан як аст. Пас, маълум мешавад, ки ҷараёни зиддиисломгароӣ хуб медонад, ки Ислом ва исломгароҳо бо такя ба арзишҳои асили исломӣ рақиби ҷиддӣ ва воқеӣ барои онҳо буда метавонанд. Тарси аз даст додани қудрат, манофеъ ва раҳбарӣ аллакай вуҷуди онҳоро ба ларза оварда, оромиашон дар ҳоли аз байн рафтан аст.
Ба ҳар ҳол, боз дар сиёсати ҷаҳонӣ таҳаввулот ба вуҷуд омаду идома хоҳад дошт.
Инак, варақ баргаштааст ва ҳоло ҷараёни зиддиисломгароӣ шикастро чашид ва мунтазири шикастҳои баъдист.
Бобоҷони Қаюмзод