nahzat.tj
Манижа Шаҳбозшоева,ҳамсари Шерик Карамхудоев аз масъулин бобати иҷозаи дидорбиниву мулоқот надодан бо шавҳараш дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба намояндаҳои ВАО шикоят намуд.
Ӯ мегӯяд, ки чор моҳ боз имкони дидори бо ҳамсараш надорад. Шунидааст, ки вазъи саломатии шавҳараш феълан бад буда, имкони дидор набудааст. Ва то ҳол ягон мақомот ба мактубҳои онҳо ҷавоб нагардонидаанд.
«Ҳар маротиба ба ҳар мақомот муроҷиъат менамоем, ваъда медиҳанд, вале натиҷа ҳеҷ аст. Ҳар кадом баҳонаҳо пеш оварда имкони дидорбинӣ намедиҳанд. Шавҳари ман ягон гуноҳ надорад. Ягон вақт силоҳ дар даст надошт. Мо танҳо медонем, ки аз хона баромада нопадид гардид, баъди муддате шунидем, ки масъулини амниятӣ боздошташ намудаанд. Шавҳари ман як одами бечора аст. Ӯ на бизнесмен асту на ягон лидер, ки ӯро боздошт намуда азобаш дода истоданд.»
Бояд гуфт Шерик Карамхудоев, раиси ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 24-уми июл, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, боздошт шудааст ва то ҳол иттиҳом бар муқовимати мусаллаҳона гардида, дар боздоштгоҳ қарор дорад. Қарор буда, ки мурофиаи додгоҳии Шерик Карамхудоев моҳи декабри соли равон баргузор гардад.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгар ва сухангӯи ҲНИТ дар сӯҳбат ба хабарнигорон муносибати масъулинро дар робита ба боздошт шудани Карамхудоев паҳлуи сиёсӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки «мо борҳо гуфтаем, ингуна боздоштҳо аз аъзоёни ҲНИТ паҳлуи сиёсӣ доранд.»