Субҳи имрӯз Сайидумар Ҳусайнӣ
ва Муҳаммадалии Ҳаит, муовинони раиси ҲНИТ шикояти 189 саҳифагии Ҳизби наҳзати
исломии Тоҷикистонро аз беамалии Прокуратураи генералӣ, Вазорати дохила ва
Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба Шермуҳаммади Шоҳиён раиси Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинонаш супориданд. Дар шикоят дар баробари номгӯи
фишору қонуншиканиҳои намояндагони ин мақомот дар маҳалҳо, ки дар расонаҳои
хабарӣ инъикос ёфтаанд, даҳҳо аризаҳои “сохта”-и ин мақомот аз шаҳрвандони
кишвар, ки тибқи баёноти худи эшон аризаҳо таҳти фишор гирифта шудаанд, замима гардидааст.
Дар мулоқоти беш аз нимсоата бо Ш. Шоҳиён ҳайати ҲНИТ атрофи вазъи сиёсии
дохили кишвар сӯҳбат намуда, аз эҷоди фазои номусоид аз тарафи мақомоти давлатӣ
изҳори нигаронӣ намуданд.
Дар нусхаи шикоят, ки дар дастрасии
“Наҳзат” қарор дорад, омадааст: “…дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мо шоҳидем, ки
дидаву дониста ва барқасдона барои халалдор намудани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, амалиётҳои густурда ва ба нақшагирифтаи таъқибу фишор, нисбат
ба аъзои ҲНИТ ва ҲНИТ сурат мегирад. Барои бартараф намудани ин амалҳои номатлуб, мо ба Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати корҳои дохилаи ҶТ, Кумитаи
давлатии амнияти миллии ҶТва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар ҶТ муроҷиат намудем, аммо дар натиҷаи беамалии шахсони мансабдори мақомоти номбурда, то имрӯз қазия ҳалли мусбати худро наёфтааст ва фишорҳо рӯз ба рӯз
меафзоянд”.
Бо ишора ба Оинномаи ҲНИТ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
ҳизбҳои сиёсӣ” дар шикоят таъкид шудааст, ки дар муносибат бо ҲНИТ мақомоти
ҳокимият ва ҳифзи ҳуқуқ умуман рафтору кирдор ва беамалие содир менамоянд, ки
он боиси халалдор шудани ҳуқуқҳои аъзои ин ҳизб гардида, дар асл талабот ва меъёрҳои
ҳуқуқӣ сарфи назар карда мешаванд ва ҳатто ҳангоми муроҷиат ба Прокуратураи генералии
ҶТ, КДАМ ҶТ, ВКД ҶТ ба онҳо диққате дода намешавад ва дар
мӯҳлати муайяннамудаи қонун шикоятҳо мавриди баррасӣ қарор нагирифта, ҷавобе
ҳам ирсол намешавад. Дар идомаи шикоят ҳамчунин таъкид мешавад, ки агар ҳолати мазкур идома ёбад, пас он поймолсозии пурраи ҳуқуқҳои аъзои
ҲНИТ мебошад.
Ба аризаҳои ирсолшуда ба Прокуратураи генералии ҶТ аз21-уми апрели соли 2015 таҳти № 0052, ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ аз 28.04.2015 таҳти № 0055 ва
ба КДАМ аз 04.05.2015 таҳти №0057 оид
ба ҳимояи қонунии
манфиатҳои аъзои ҲНИТ ва худи ҲНИТ ишора шуда, дар
идомаи шикоят номгӯи қонуншиканиҳои намояндагони ин мақомот дар маҳалҳо, ки дар
расонаҳои хабарӣ нашр шуда буданд, таъкид карда мешавад, ки якчунин фишорҳо воқеан
ҳам ҷо доранд ва баёноти афроди зери фишор қарор гирифта далели возеҳи ин
гуфтаҳост. – Дар тамоми амалҳои номбурда нишонаҳои ҷиноят мавҷуд аст, зеро касе ҳуқуқи бо роҳи фишор ворид
сохтан ё хориҷ кардан аз ҳизбро надорад. Лекин дар натиҷаи фишору таъқиби мақомоти давлатӣ ин ҳолат ба вуҷуд омадааст ва мақомоту шахсони мансабдори КДАМ,
ВКД ва Прокуратураи генералии ҶТ ба ҷои барқарор намудани қонуният, пешгирӣ кардани қонуншиканӣ, умуман беамалӣ нишон дода, ягон ваколати дахлдори худро дар ин самт амалӣ накарда истодаанд, гуфта мешавад, дар
шикоят.
Дар интиҳои шикоят ҲНИТ барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ҳизбҳои
сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба Суди олии Тоҷикистон шикоят бурда, аз он хоҳиш намудааст, ки ин амали шахсони мансабдори
мутасаддии КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералии ҶТ мавриди баррасӣ қарор бидиҳад ва вобаста ба аризахои супурдашудаи ин ҳизбшахсони мансабдори мутасаддии КДАМ,
ВКД ва Прокуратураи Генералии ҶТ водор ба боз кардани
парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ашхос ва ниҳодҳои давлатие, ки ҳуқуқи конститутсионии аъзои ҳизбр халалдор намудаанд, шаванд.