Аз 1-уми феврали соли 2010 дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар шиносномаҳои хориҷии биометрӣ дода мешавад.
Мӯҳлати истифодаи як шиносномаи биометрӣ барои шаҳрвандони кишвар 10 сол муқаррар шудааст. Дар Осиёи миёна шиносномаҳои биометрӣ қаблан дар Қазоқистон ва Туркманистон роҳандозӣ шуда буд ва Тоҷикистон севвумин кишваре дар осиёи миёна мебошад, ки ин навъи шиносномаҳоро дар кишвар ҷорӣ намуд. Ёдовар мешавем, ки ин навъи шиносномаҳо дар бештар аз 80 кишвари дунё мавриди истифода қарор доранд.
Арзиши ин навъи шиноснома дар Тоҷикистон 25 доллар барои шаҳрванди то 16-сола, 75 доллар барои шиносномаи оддии хориҷӣ, 100 доллар барои шиносномаи хориҷӣ ва 125 доллар барои шиносномаи дипломатӣ муайян гардидааст. Дар ҷаласаи навбатии парлумон, Ҷамшед Норинов муовини вазири молия мегӯяд, ба мақсади гузаштан ба стандартҳои умумиҷаҳонии нигаҳдории шиносномаҳои биометрӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон додани шиносномаҳои биометрӣ дар кишвар ба роҳ монда шудааст, ҷиҳати иҷрои ин амал барои воридоти таҷҳизот, чопи шиносномаҳои хориҷӣ, бланкаҳои холии шиносномаҳои биометрӣ ва таҷҳизоти маълумотҷамъкунӣ байни Вазорати корҳои хориҷии кишвар ва Вазорати молия созишномаи қарзӣ оид ба ҷудо намудани қарзи кӯтоҳмуддат ба имзо расидааст, ки тибқи он ба ВКХ ба маблағи 24 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Ҷиҳати амалӣ намудани мақсади дар боло зикршуда аз ҷониби ВКХ дар давоми соли 2010 ба кишвар таҷҳизоти зарурӣ барои чопи шиносномаҳои биометрӣ маълумотҷамъкунандаи шаҳрвандон ворид карда шуд. Дар соли 2010 тибқи созишномаи басташуда, бояд 100 ҳазор нусха шиноснома ворид карда мешуд, вале 79 ҳазор шиноснома дар соли 2010 ворид гардид. Соли 2011 бошад, 21 ҳазор нусха… Бояд гуфт, ки Вазорати КХ аз 24 миллион қарзи гирифтааш 22 милион сомониро баргардонидааст. Ёдовар мешавем, ки Вазорати корҳои хориҷии кишвар қаблан гуфта буд, ки ин шиносномаҳои биометрироширкати «Милбауер» -и Олмон интишор мекардааст.
Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бартарии ин навъи шиносномаҳоро дар он мебинад, ки барои ба Аврупо ва Амрико ворид шудан монеаҳо пайдо намешавад. «Ҳамчунин бо воситаи ин навъи шиносномаҳо яке аз роҳҳои маълумоти бисёртар гирифтан дар бораи инсонҳост»-мегӯяд мавсуф.
Вале раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мегӯяд, гирифтани шиносномаҳои биометрӣ барои шаҳрвандоне, ки муроҷиат мекунанд, гарон аст. «Ҳатто дидем, ки бисёриҳо имконият барои харидории ин шиносномаҳоро надоранд. Ин ҷанбаҳо ба инобат гирифта шаваду мо вакилон онро дстгирӣ намоем» изҳор намуд Ш. Зуҳуров дар парлумон.
Муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидов бошад сабаби гарон будани шиносномаҳоро дар хориҷ медонад. «Як бланк 11,6 эвроро ташкил медодиҳад. Ҳоло як шиноснома аз 100 доллар бештар арзиш дорад. Иқтисодшиноси ҷавон Муҳаммад Фармонзода низ гарон будани нархи шиносномаҳои биометриро инкор намекунад, ки чандин маоши ҳадди ақал аст .
Вале ваъда шуд, ки бо гузашти вақт ин шиносномаҳо арзишашон поин мерафтааст. Чунин сару садо низ ҳаст, ки соли 2014 шаҳрвандоне, ки шиносномаи хориҷӣ мегиранд, шиносномаҳояшон биометрӣ бояд бошад. Ин дар ҳолест, ки дар ин маврид Зуҳуров низ ишорае карданд.
Хушнуди Хушвақт