Categories Ахбори рӯз

Ширкати Муҳиддин Кабирӣ дар роҳпаймоии Чеченистон барои дифоъ аз Паёмбари Ислом (с)

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН бо даъвати мақомоти расмии Ҷумҳурии Чеченистони Русия ба ин ҷумҳурӣ сафар карда, дар роҳпаймои Чеченистон ширкат хоҳад кард.

Дар назар аст, ки дар пойтахти Чеченистон, Грозний роҳпаймои садҳо ҳазор нафар алайҳи ифротгароиву экстрамизм ва дифоъ аз Паёмбари Ислом (с) баргузор хоҳад гашт. 

Ин роҳпаймоӣ дар таърихи 19-уми январи соли 2015 дар шаҳри Грозний баргузор хоҳад гардид ва дар он шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳони Ислом низ ширкат хоҳанд кард.


More From Author

You May Also Like