Categories СИЁСАТ

Туҳмат ва таҳқиру тавҳин ҳам эб дорад

Баъд аз шоми рӯзи 19-уми август шабакаҳои телевизионии ҳукуматӣ дар бораи амали мулло Асомиддин Саркоров, сокини деҳаи «Лолазор»-и ноҳияи Фархор, бо истифода аз навори омода шуда аз ҷониби ашхоси номаълум алайҳи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, гузоришеро пайиҳам ба намоиш гузоштанд ва дар ҷараёни пахши ин навори таҳқиромез номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро низ зикр гардид.
Мо ин тасмим ва амалкарди раҳбарияти кумитаи телевизион ва радиои кишварро ғайриахлоқӣ, таҳрифи воқеъияту ҳақиқатҳо ва дорои ангезаи сиёсӣ дониста, пахши онро бо нашри се матлаби ахири сохташуда, ки алайҳи роҳбари ҲНИТ дар нашрияи «Ҷумҳурият” ба нашр расиданд, рабт медиҳем.
Шаҳрванд Асомидин Саркоров, ки имоми масҷиди деҳаи Лолазор аст, ҳиҷ гоҳ узви ҲНИТ набуду нест ва тавре дар қонунгузорӣ омадааст, ҳатто корманди одии масҷид ҳақ надорад, ки аъзои ҳизби сиёсӣ шавад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро масъулин дидаву дониста ба чунин амали хилофкориҳо даст мезананд ва мардумро ба гумроҳӣ мебаранд, ки гӯё аъзои ҲНИТ имоми масҷид ҳам бошанд.
Гузашта аз ин, намоиш додани наворҳое, ки хусусияти порнографӣ ва шаҳватбарангезӣ доранд, он ҳам аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҳукумат, дар ҳиҷ қолаби ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ намеғунҷад. Дар ҳоле ки ин шабакаҳои телевизионӣ аз ҳисоби андози сокинони кишвар, ки аксаран мусалмонанд, фаъолият менамоянд. Ин гуна амалкард ва тасмимгириҳои номатлуб дар рафтору кирдор ва афкори ҷавонону наврасон таъсири равонӣ мерасонад, балки мухолиф ба арзишҳои динӣ ва миллии мост.
Ҷои тазаккур аст, ки зикри студияи “нури нахзат” ҳам ба ҲНИТ ҳиҷ рабт надорад, баръакс кори дасти доираҳои маълумест, ки бо «наворсозӣ»-ҳои худ, паст задани ҷойгоҳ ва нуфӯзи ҲНИТ-ро ҳадаф қарор додаанд, он ҳам дар маҳалаи интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ.
Бар асоси гуфтаи шоҳидони айнӣ, навори «муло Асомиддин» аз тарафи ҳамин гуна доираҳо чанде қабл омода шуда, ба сокинони минтақаи Кулоб дар шакли диск тавзеҳ шудааст, аммо бо ин кори худ қаноъат ҳосил накардан ва дирӯз, 19-уми август онро ба саҳнаи телевизиони ҳукуматӣ ҳам кашиданд, ки ин кори онҳо қобили маҳкум аст
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раҳбари ҲНИТ

More From Author

You May Also Like