Categories ДИДГОҲ

Шифои ҷисму ҷон аст намоз

Ислом ва илм

Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми нодуруст таъсир расонидан бо сӯзан ба нуқтаҳои фаъол, беморӣ авҷ мегирад, ҳатто ба марги инсон оварда мерасонад. Инчунин олимон исбот намудаанд, ки дар атрофи ҳар як инсони зинда майдони магнитӣ мавҷуд аст, ки дар ин майдон ба воситаи роҳҳои муайян, яъне меридианҳо, энергия доим дар ҳаракат ва гардиш аст. Вобаста ба фаъолияти биоритмҳо, тағйиирёбии нуқтаҳои фаъоли биологӣ ва таъсири муҳити берунаю табдилёбии маводи хӯрока дар узвҳои дарунӣ, қувваи ин майдон каму зиёд мешавад. Ин соҳаи нави илмро «биоэнергетика» ном мебаранд. Ба ин низоми нав аз якчанд манбаъҳо дохил мешаванд, аз ҷумла энергияи коинот, замин, ҳавои ба шуш воридшаванда тавассути хӯроки тару тоза ва растаниву меваҳо.
Мувофиқи нишондоди илми нав ҳангоми вайрон шудани мувозинати энержӣ инсон ба беморӣ дучор мешавад ва роҳи ягонаи барқарории мувозинат таъсиррасонӣ ба нуқтаҳои фаъоли биологист. Вале боз ҳам роҳи осони онро дини Ислом нишон додааст, ин таҳорати комил аст, на сӯзанзанию ҷароҳатгузорӣ

Таҳорати комил ва фазилати он
Дар намоз пок будани бадан, либос, ҷои намоз ва сатри аврат фарз аст. Ҳар чизи нопок, ғайр аз манӣ, ки аз бадан хориҷ мешавад, бо вузӯ гирифтан инсон пок мегардад. Дар сурате, ки ба иллати муҷомаъат ё эҳтилом манӣ хориҷ шавад, ба ғусл пок мегардад. Вузӯ ва ғусл фарзу суннатҳои худро доранд, яъне аввал истинҷо, шустани ҳарду махраҷ, шустани ҳарду даст то оринҷ, об дар даҳону бинӣ кардан, мисвок намудан, шустан аз мӯи пешонӣ то зери манаҳ ва аз як нармаи гӯш то нармии гӯши дигар, маҳс кардани чоряки сар, шустани ҳар ду по бо ҳар буҷули по, ҳар узверо се бор шустан, байни ангуштони дасту по ва ришро ҳилол кардану ғайраву ҳоказо.
Чун таҳорати комил ба ҷо меорем, эҳсос намекунем, ки мустақим ба ҳамаи нуқтаҳои муҳимтарини фаъоли биологӣ таъсир расонидем, ки пештар дар боби гузашта маълумот додем. Ин маънои онро дорад, ки Худованд дар як худи таҳорат чӣ қадар ҳикматҳоеро ба манфиъати инсон ҷой додааст, пас бояд шукри Парвардигори Раҳмону Раҳимро гуфт. Дар ҳақиқат, Ислом ба тозагӣ эътибори хос медиҳад. Агар аввалин калимаи сураи якуми Қуръон “Иқраъ”, яъне бихон бошад, дар сураи дувум мефармояд: “Ба бузургӣ ёд кун Парвардигоратро ва либосҳои худро пок соз ва палидиро дур кун”, сураи «Муддасир».
Ислом аввалин динест, ки ба муқобили палидӣ ва ифлосӣ ҷанг эълон кардааст. Дар баробари баён кардани роҳҳои тозагӣ, мушаххас нишон додааст, ки аз чизҳои ҳаром гардонидашуда, ба монанди хун, фасод, пешоб, оби даҳону гӯшти сагу хук ва чизҳои мурда парҳез карда шавад.
Илм ҳам исбот кардааст, ки ҳамин чизҳои ҳаром эъломшуда аз ҷониби Ислом, манбаъҳои асосии инкишофёбии микробҳои касалиоваранд.
Дини Ислом роҳҳои безарар гардонидани ҷисми инсон ва либосҳоро аз ин нопокиҳо нишон дода, таъкид менамояд, то он даме, ки ранг ва бӯйи ин нопокиҳо наравад, либос тоза намешавад. Илми ҳозира ҳам ҳаминро мегӯяд, ки танҳо бо ҳамин роҳ микробҳоро нест кардан мумкин аст. Нишондодҳои Қуръону суннат оиди қоидаҳои гигиена ҳанӯз ёздаҳ аср пеш аз пайдоиши микробҳо пайдо шудаанд. Ислом се намуди пок шуданро барои хондани намоз муайян кардааст: Ғусл, таҳорат ва таяммум.
Микробиологҳо муайян кардаанд, ки дар ҳар як сантиметри мураббаъи рӯйи пӯсти инсон аз як то панҷ миллион микроб ҷойгир буда, пайваста афзоиш меёбанд. Барои аз онҳо халос шудан, рӯйи пӯстро мунтазам шустан лозим аст. Ин кор ҳамон вақт иҷро мегардад, ки агар дар вақташ таҳорати комил ба ҷо орем.
Профессор Вайндорф дар тадқиқоти худ муайян намудааст, ки танҳо як бор оббозӣ, ғусл кардан аз рӯйи пӯсти баданм инсон беш аз миллион микроб нест мегардад. Азбаски афзоиши микробҳо ҳеҷ вақт ба охир намерасад, пас бояд доимо дар вақташ таҳорат ва ғусл намоем.
Яке аз хусусиятҳои хоси пешгирикунандаи беморӣ дар Ислом ин аст, ки риоя кардани гигиенаи шахсиро ба дараҷаи фарзият гузоштааст. Ҳол он ки ин талабот дар ягон қонунҳои низоми дунявӣ вуҷуд надорад. Пайгамбар (с) дастури Худовандро ба мо расонида амр карданд, ки зиёда аз 17 намуди покиза карданро ба ҷо орем, аз ҷумла шустани наҷосат, ғусл кардани занҳо баъди ҳайз дидан, ғусл кардан дар рӯзҳои ҷумъа ва арафаи идҳои Рамазону Қурбон, дур кардани мӯйҳои таги каш ва зери ноф, гирифтани нохунҳо, мисвок кардану дигар чизҳо. Дар ин бора Расулуллоҳ(с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: Панҷ чиз барои шумо фарз гардонида шудааст: гирифтани мӯйи зери ноф, хатна кардан, кӯтоҳ кардани мӯйлабҳо, кандани мӯйҳои зери бағал ва гирифтани нохунҳо ( Тирмизӣ)
Дар дини мубини Ислом иҷро намудани хатна, яке аз шартҳои муҳими пешгирии бемориҳои гузарандааст. Дар шариъати исломӣ зинокорӣ яке аз гуноҳҳои кабира ба ҳисоб мераваду истеъмоли маводҳои масткунанда, хӯрдани гӯшти хук ва қиморбозӣ тамоман манъ карда шудааст. Зеро ҳамаи инҳо ба ҳолати рӯҳӣ ва саломатии инсон зарари калон доранд. Арақнӯшию нашъамандӣ сабаби бисёр бемориҳост. Олимон ҳисоб кардаанд, ки аз хӯрдани гӯшти хук ба одамизод 27 намуди беморӣ, ба монанди серози ҷигар, захми меъда, астересклероз, ревматизм, рехтани мӯй ва ғайраҳо мегузарад. Аз қиморбозӣ ҳолати рӯҳии инсон вайрон ва сабаби хонавайрониву қашшоқӣ мегардад.

Мисвок
Мусулмонҳоро суннат аст, ки пеш аз таҳорату намоз, аз мисвок истифода бурда бо ёрии он дандонҳоро тоза ва милкҳоро маҳс намоянд. Дар ин бора Пайғамбар (с) мефармояд: Мисвок даҳонро покиза ва Парвардигорро хушнуд мегардонад. Инчунин Расулуллоҳ (с) мефармоянд: Агар бар умматам душвор намешуд, ҳароина онҳоро ба мисвок задан ҳангоми ҳар намоз амр мекардам, (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Мусалмон дар як шабонарӯз беш аз 20 бор мисвок мезанад. Барои намози панҷгона, намозҳои суннат, намози зуҳр, намози витр,ҳангоми ворид шудан ба манзил ва ғайраҳо.
Тиб собит кардааст, ки ҳамоно чӯби мисвок дорои маводи бисёрест, ки барои даҳону дандон муфиданд. Он моддаи зидди микроб ва бадбӯӣ дошта, даҳонро поку хушбӯй мекунад.
Олимони амрикоӣ муайян кардаанд, ки танҳо як бор истифода бурдани мисвок 80% микроорганизмҳои зарароварро нест карда, бемориҳои пӯсидани дандон ва хунравии милкҳоро табобат менамояд. Мисвок ба нуқтаҳои фаъоли биологӣ, ки байни милку забон ҷойгиранд, таъсир расонида, кори мунтазами гӯшу чашм, биниву гулу, забон ва узвҳои даруниро таъмин менамояд. Ҳоло маълум аст, ки мисвок ба 70 намуди беморӣ даво мебахшад.

Биоритмҳо
Олими машҳури рус Б.С Алякринский тарзи ҳаёти мавҷудоти рӯйи заминро омӯхта, ба чунин хулоса омада, ки тамоми мавҷудот аз рӯйи як низоми муайяни мунтазам такроршаванда дар давоми як шабонарӯз, як моҳ, як сол умр ба сар мебаранд. Ӯ муқаррар намуда, ки зиёда аз 300 ҳолат дар як шабонарӯз такроршаванда дар ҷисму ҷони инсон низ мавҷуд аст. Ин ҳолатҳои такроршавандаро ҳолатҳои ритмикӣ меноманд. Яке аз ин ҳолатҳои асосии ритмикӣ ҳарорати бадани инсон аст. Шабона ҳарорати бадан аз ҳама паст мешаваду саҳарӣ баланд шуда, соатҳои 18 аз ҳама баланд ва боз то шаб паст мешавад. Ҳарорати бадан нишондиҳандаи табаддулоти биохимиявӣ дар вуҷуди инсон аст. Ҳамин хел ҳолатҳои вобаста ба вақту соат ва бо таври даврӣ тағйирёбӣ ва такроршаванда дар набз, фишори хун, нафаскашӣ ва дигар узвҳои инсон ҷой дорад.
Профессори амрикоӣ, биолог Браун солҳои зиёд дар ҷазираҳои Бермунд тадқиқотҳои илмӣ гузаронида ба чунин хулоса омада, ки ритмҳои биологӣ дар мавҷудоти зинда ба мавқеъи ҷойгиршавии Моҳу Офтоб ва дигар сайёраҳо вобастагии калон дорад.
Олими арман А.А.Маркосян исбот намуда, ки ҳар гуна беморӣ натиҷаи вайрон шудани ритмҳои шабонарӯзӣ дар узвҳои инсон аст. Пир шудани вуҷуди инсон, вайрон шудану нест шудани ритм мебошад. Дар пиронсолӣ бештар бехобӣ, дигар шудани шумораи задани дил, номунтазамии нафаскашӣ, хотирпарешонӣ дида мешавад, ки нишонаи вайрон шудани соатҳои биологист. Ҳатто роҳу равиши бисёрии бемориҳо ҳам бо таври ритми даврӣ ҷараён мегирад. Мо хуб медонем, ки шабона ҳолати бемор вазнин мешаваду беморони сактаи дил, инсулт, астма авҷ гирифта фишори баланди хун дида мешавад. Бисёре аз фавтҳои беморон аз соатҳои 3 –и шаб то соатҳои 6-и саҳар рух медиҳанд.
Одамон пештар ақида доштанд, ки вуҷуд доштани ритмҳои биологӣ аз рӯшноӣ вобаста аст. Аммо олимони франсуз, Мишел Сифф ва Орланд Кирес, ки 205 шабонарӯз дар зери замин таҷриба гузарониданд, ба чунин хулоса расиданд, ки ритмҳои биологӣ дар торикӣ ҳам ҷой доранд.
Олимони тамоми дунёро ҳоло пайдо кардани ҳолат ва марҳалаи ҳосилнокии баланди меҳнатро ба даст овардани инсон ба худ ҷалб кардааст. Дар кишварҳои тараққикарда ҳолатҳои ритмикии инсонро ба назар гирифта, усулҳои беҳтарини ташкили кори фоиданокро ҷорӣ кардаанд, ки он меҳнати серҳосил ва саломатии хубро таъмин менамояд.
Мувофиқи тадқиқотҳои олимон, ба монанди аъзо корреспонденти Академияи илмҳои байналхалқӣ, Михаил Викторович Берёзкин ва шогирдони ӯ аниқ муайян шудааст, ки дар давоми 24 соат 5 ҳолати баландшавӣ ва 5 ҳолати пастшавии ритмикӣ ҷой дорад:
– аз соати 4 то 6-и саҳар (то баромадани Офтоб),
– аз соати 11 то 13 (то баробар шудани сояи ҷисм бо худи ҷисм ё қиём),
– аз соати 16 то18 (то ду баробар дароз шудани соя аз худи ҷисм),
– аз соати 19 то 20 (вақти фурӯравии офтоб),
– аз соати 20 то 22 (ҳангоми хуфтан).
Агар мо ба ин вактҳо эътибор диҳем, ки ин ҳама 5 вақти намози мост.
Пастшавии ритмҳо бошад, дар чунин вақтҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд:
– аз соати 2 то 3,
– аз 9 то10,
– аз 14 то15,
– аз 18 то19,
– аз 22 то 23.
Муайян карда шудааст, ки вақтҳои баланду пастшавии ҳолатҳои биоритмӣ тағйирёбанда буда, аз фасли солу дарозии рӯз ва мавқеъи ҷойгиршавии Замину Моҳ, Офтоб ва дигар сайёраҳо вобастааст.
Олимон аниқ исбот намудаанд, ки дар нуқтаи максималии баландшавии ҳолатҳои ритмикӣ, нуқтаҳои фаъоли биологӣ ”кушода” мешаванд, ки ин лаҳзаҳои беҳтаринеанд барои таъсиррасонӣ ба ин нуқтаҳо.

(Идома дорад)

More From Author

You May Also Like