Categories Uncategorized

Карл Пупер файласуфи хирадгарои санҷишгар

Карл Реймонд Пупер дар шаҳри Вена дар як оилаи масеҳии яҳудитабор соли 1902 ба дунё омадааст. Даврони булуғи ў бо Ҷанги ҷаҳонии аввал рост омад ва фақру бадбахтии баъди ҷанг ўро ба андеша водошт. Ў соли 1924 донишгоҳро хатм намуд ва дипломи физика- математикаро ба даст овард. Карл Реймонд Пупер 4 сол пас аз он тавонист доктори илмҳои фалсафа ва равоншиносӣ шавад. Соли 1930 бо як гурўҳ донишмандони Австрия робита пайдо карда, дар маҳфилҳои онҳо ширкат менамуд. Онҳо Пуперро ташвиқ намуданд, ки андешаҳояшро ба риштаи таҳрир дароварад ва бо ташвиқи онҳо ў соли 1934 аввалин асари фалсафии худро мунташир намуд. Китоби аввалини ў бо номи «Ду масъалаи асосии назарияи шинохт» ба чоп расид ва камее баъдтар хулосаи он таҳти унвони «Мантиқи пажўҳиш» нашр шуд, ки сабаби шўҳрати илмии ў дар ҷаҳони илму фалсафа гардид.
Китоби мазкурро таъсири амиқе дар маҳфили андешамандони Вена гузошт ва боис шуд, ки баъзе аъзоёни он дар дидгоҳҳои худ таҷдиди назар кунанд. Бо нашри ин китоб шўҳрати илмии Пупер ба суръат марзҳои кишварашро гузашта, сабаб шуд, ки аз донишгоҳҳои муътабари дунё ба ў пешниҳоди тадрис дода шавад.
Соли 1937, яъне як сол пас аз ишғоли Утриш (Австрия) Пупер пешниҳоди донишгоҳи Зеландияи Навро пазируфт ва озими ин кишвар шуд. Дар он ҷо то поёни Ҷанги ҷаҳонии дуввум кору таҳқиқ намуд.  Авҷи густариши татолитаризм дар Аврупо дар ҳамин замон буд. Аммо Пупер дар ин муддат ду асари машҳури худ ба номҳои «Ҷомеаи боз ва душманони он» ва «Фақри таърихгароӣ»-ро мунташир намуд. Ду асаре, ки асоси фалсафаи сиёсии ўро ташкил медиҳанд. Худи вай таъкид мекунад, ки ин ду асар нишондиҳандаи талоши ў дар муқобила бо ҷанг, дифоъ аз озодӣ ва мухолифат бо нуфузи андешаҳои томгароёна ва иқтидорталабона мебошад ва бояд ба манзалаи саҳми вай дар фалсафаи санҷишгаронаи сиёсӣ ва ҳушдоре алайҳи хурофоти таърихӣ қаламдод шавад.
Карл Пупер соли 1946 даъвати Донишгоҳи Лондонро пазируфт ва роҳ сўйи Британияи Кабир пеш гирифт. Дар ин ҷо машғули тадрису таҳқиқ шуд ва тавонист асарҳои дигаре низ эҷод кунад. Аз ҷумлаи асарҳои муҳиме, ки дар ин ҷо навиштааст, «Ҳадсҳо ва ибтолҳо», «Шинохти айнӣ», «Оянда боз аст», «Дар ҷустуҷўйи дунёи беҳтар», «Ҳамаи зиндагӣ ҳалли масъала аст» ва ғайра мебошанд. Реймонд Пупер соли 1994 дар Лондон аз олам чашм пўшид, аммо номашро бо осори бебеаҳояш дар таърих барои башарият боқӣ гузошт.

Решаҳои Суқротӣ ва фалсафаи равшангарӣ

Карл Пуперро барҷастатарин намояндаи фикрии «хирадгароии санҷишгар» медонанд. Ин намунаи фикрӣ пеш аз пайи масъалаҳои академикӣ-фалсафӣ будан муттакӣ ба улуми таҷрибӣ мебошад. Пупер муътақид аст, ки андешаи фалсафӣ бояд машғулияти ҳамаи файласуфон бошад ва онҳо бояд масоилро сода ва равшан матраҳ кунанд. Аз лаффозӣ ва печидагўӣ бипарҳезанд. Ў касонеро, ки суханбозӣ ва душворнависӣ мекунанд, ба ҷодугароне монанд мекунад, ки худро дар пушти калимоту алфози пуртумтароқ пинҳон кардаанд, то дигарон фикр кунанд , ки фалсафа чизи печида ва асроромез ва мазҳаби хирадмандон аст, ки наметавон рамзу рози онро бар мардуми одӣ ошкор намуд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон андешаи Пупер таҳти таъсири фалсафаи Суқрот ва ва аз тарафи дигар фалсафаи равшангарӣ шакл гирифтааст. Ҷумлаи маъруфи Суқрот: «медонам, ки ҳеҷ чизро намедонам», бе шак дар зиндагии Пупер таъсири амиқе доштааст. Пупер бар ин ақида буд, ки ҳалли ҳар масъалае сабаби пайдоиши масъалаи дигаре мешавад. Ҳарчӣ инсон дар бораи ҷаҳон бештар бидонад, маърифати ў нисбат ба он чи, кӣ намедонад,  огоҳонатар ва равшантар мешавад, бино бар ин нодонии инсон поён надорад.
Он ҷойе, ки Пупер бо тамоми вуҷуд бо ҳама навъи томгароӣ ва мутлақгароӣ ба ситез бармехезад, таҳти таъсири фалсафаи равшангарӣ аст. Махсусан дар оғоз гароиши шадиде ба фалсафаи Эмануел Кант дошт ва дар ҳамаҷо Кантро файласуфи озодӣ ва инсоният  ном бурдааст. Пупер талош мекард, то инсонҳо аз пазириши носанҷидаи назариёт фосила бигиранд ва ба гуфтаи машҳури Кант шаҳомати истифода аз хиради худро пайдо кунанд. Барои ў хирад танҳо марҷаъ ва сармояи инсонӣ аст, ки ҳамеша бояд ба он такя карда шавад ва набояд ба «ниҳодҳои махсус» ва «абарандешамандон» вогузор карда шавад. Инчунин таъкид намудааст, ки мо бояд одати дифоъ аз бузургмардонро тарк намоем, зеро бештаре онҳо аз роҳи саркўбу маҳдуд кардани озодӣ ва хирад ба хатоҳои бузурге муртакиб ва сабаби гумроҳии инсонҳои зиёде шудаанд.

Ҳақиқат, шинохт ва сарчашмаҳои он

Карл Пупер шинохтро ҷустуҷўйи ҳақиқат медонад. Ҷустуҷўйи пурвасвос барои ёфтани назарияҳои айнӣ, воқеӣ ва тавзеҳдиҳанда. Аммо аз назари ў ҷустуҷўйи ҳақиқат бо ҷустуҷў барои расидан ба яқин ва қатъият яке нест. Инсон ҷоиз-ул-хатост, ба ҳамин хотир тамоми шинохти инсон хатопазир аст. Пас мо бояд бо тамоми вуҷуд алайҳи хатоҳои худ мубориза кунем ва бо вуҷуди ин ҳаргиз мутмаин намешавем ва яқин пайдо намекунем, ки муртакиби хато нашудаем.
Хато ва иштибоҳ замоне сурат мегирад, ки мо назарияи илмиеро дуруст мешуморем, дар ҳоле  ки нодуруст аст. Ҳадафи фаъолияти илмӣ чунин аст: «наздиктар шудан ба ҳақиқати айнӣ, ҳақиқати бештар, ҳақиқати ҷолибтар ва ҳақиқати қобили фаҳмтар. Пас бояд бипазирем, ки шинохти башарӣ хатопазир аст, ҳаргиз наметавонем, ки яқин ва қатъиятро ҳадафи илм қаламдод кунем».
Барои Пупер ҳақиқати номутмаин ё гузораҳои ҳақиқие, ки мо онҳоро ғайри ҳақиқӣ мепиндорем, вуҷуд дорад, вале яқин ва қатъияти номутмаин вуҷуд надорад. Бинобарин  мо бояд барои наздиктар шудан ба ҳақиқати айнӣ ҳаракат намоем ва талош барои расидан ба яқинро  раҳо намоем. Зеро шинохти илмӣ ва дониши мо ҳамвора фарзиясон аст. Чизе нест ҷуз дониши ҳадсӣ. Ҳатто шинохти мо дар баробари пурсалобаттарин донишҳо монанди илмҳои таҷрибӣ ва табиӣ фарзиёт ва ҳадсиёте ҳастанд, ки бо назарияҳои тозатар ва дурусттар бутлонпазир ҳастанд. Вай ёдовар мешавад, ки назарияҳои илмии мо сирфан фарзияҳо ва ҳадсҳои муваффақ, вале муваққат ҳастанд, бино бар ин ҳамеша маҳкуманд, ки фарзия ва ҳадс боқӣ бимонанд.
Пупер ба пурсиши маъруфи «инро аз куҷо медонӣ ва ба кадом манбаъ муттакӣ ҳастӣ»-ро  чунин посух медиҳад: Ман намегўям, ки чизе медонам. Иддаои ман сирфан бар асоси ҳадсу фарзия аст. Ин мавзўъ ҳам аҳамияте надорад, ки ин ҳадсу фарзияро аз кадом манбаъ ба даст овардаам. Аммо агар ин фарзияи ман бароят аҳамият дошта бошад, метавонӣ ба таври равшан ва возеҳ онро мавриди нақду санҷиш қарор диҳӣ ва агар фикр намоӣ, ки он нодуруст аст, метавонӣ онро бо истидлол ботил кунӣ».
Ӯ бо чунин посух натиҷа мегирад, ки ягон навъи сарчашмаи ниҳоии шинохт вуҷуд надорад. Ҳар манбаъ ё муҳаррики шинохт қобили истифода аст, вале ҳар манбаъ ва муҳаррике низ бояд битавонад мавриди санҷиш қарор гирад.
Ба ақидаи ў сарчашмаи аслии нодонии мо дар донишест, ки фақат метавонад маҳдуд бошад, дар ҳоле ки нодонии мо номаҳдуд аст.
Карл Пупер воқеиятро ба се бахши ҷудогона ҷудо мекунад ва онҳоро ҷаҳони сегонаи воқеият ном мебарад.
Ҷаҳони якумро сайёраи мо ва кулли мавҷудоти зинда ва ғайри зинда ташкил менамояд.
Ҷаҳони дуввумро бошад, ҷаҳони таҷрибаҳои зинда, ба хусус таҷрибаҳои мустақим ва зеҳнии инсон меномад.
Ҷаҳони севвум бошад, ҷаҳони маҳсулот ва фаровардаҳои рўҳи инсонӣ аст, яъне натоиҷи ба даст омада аз ҷаҳони дуввум.
Хулоса, фалсафаи сиёсии Пупер низ дар таърихи илм навигариҳои ҷолибе эҷод кардааст.  Ӯ пурсиши маъруфи Афлотунӣ дар мавриди давлатро рад мекунад ва мегўяд: Ба ҷойи ин ки бипурсем: «киҳо бояд ҳукумат кунанд», бояд бипурсем: чӣ гуна ҳукумате муносиб аст, ки имкони зиён расондани ҳукмронони бесалоҳиятро камтар кунанд». Инчунин назарияи «ҷомеаи боз»-ро дар низомҳои сиёсии ҷаҳон матраҳ кард  ва меъёри ҷадиде аз озодии сиёсӣ дар ҷаҳони муосир пешниҳод намуд.
Ӯ дар бораи демократияи ғарбӣ мегўяд: Бояд аз худ бипурсем , ки маялони некӣ ва бадие, ки ин низом то ҳол доштааст, чӣ гуна мебошад? Оё некиҳояш бештар аз бадиҳояш аст? Шояд низоми демократияи ғарбӣ аз назари мантиқӣ беҳтарин низоми мумкин набошад, аммо аз назари таърихӣ беҳтарин низоми сиёсиест, ки мо мешиносем.
Аммо ин низомро низ мутлақ намедонад ва қобили интиқоду густариш медонад  ва ба ин бовар аст, ки аз вижагиҳои мусбати ин низом ҳамин озодии нақду баррасии он аст.
Пуперро метавон бузургтарин мунтақиди макотиби фалсафаи таърихгаро номид. Ў ин назари файласуфони таърихгароро, ки мегўянд: «Такомули ҷомеа тибқи қавонини ҷаҳоншумул ва заруратманд сурат мегирад ва кофист инсон ин қонунҳоро бишносад, то раванди таърих ва такомули ҷомеаро пешбинӣ кунад», нодуруст ва хурофот медонад.
Пупер ба ин бовар аст, ки рушду такомули ҷомеа ба шинохту дониши башарӣ вобастагии зич дорад. Агар пешрафти шинохту  донишро нигоҳ кунем ва ба он бовар дошта бошем, наметавонем бигўем, ки пасфардо чӣ медонем ва чӣ шинохте пайдо мекунем. Бино бар ин наметавонем ояндаро ба таври дақиқ пешбинӣ намоем.
Хулоса, Пупер дар аввал ҷазби андешаҳои социалистӣ шуд ва ба узвияти ҳизби Коммунист даромад, аммо зуд аз он берун рафт, вале таҳти таъсири назарияҳои социалистӣ боқӣ монд. Ў мегуфт: «Агар социализм бо озодиҳои фардӣ талфиқпазир бошад ў метавонад як социалист боқӣ бимонад». Аммо барои ў озодӣ муҳимтар аз баробарӣ буд. Зеро ў фикр мекард, ки агар озодӣ аз байн биравад, баробарӣ низ боқӣ намемонад.

Бобоҷон Қаюмзод

More From Author

You May Also Like