Categories Ахбори рӯз

Шоҳзодаи Биритониё бо шамшери арабӣ

Чарлз, шоҳзодаи Бритониё рӯзи 18-уми феврал дар тан либоси хос ба мардуми Арабистони Саъудӣ дар маросими рақси шамшер ширкат кард, ки бахше аз ҷашнвораи миллии “Алҷанодирия” мебошад ва ҳамасола дар шаҳри Риёз, пойтахти ин кишвар баргузор мегардад.
Бино ба иттилоъи хабаргузории “Аларабия”, ҷашнвораи мазкур аз бузургтарин ҷашни фарҳангӣ – ҳунарии ин кишвар буда, баргузории рақсу бозиҳои шамшерзаниро ҳамроҳ доштааст.
Мақомоти Саъудӣ гуфтаанд, маросими “Алҷанодирия” баёнгари имтидоди фарҳанги гузашта ва робитаи амиқи он бо ҷомеъаи кунунист. Ба ҳамин далел, шумори зиёде аз шахсиятҳои адабу фарҳанг ва сиёсаст аз кишварҳои мухталиф барои ширкат дар ин ҷашнвора вориди Риёз мешаванд.
“Алҷанодирия” 12-уми феврал оғоз шуда, 17 рӯз, то 28-уми феврал идома мекунад ва зуҳури шоҳзодаи Бритониё бо либоси арабӣ дар ин ҷашнвора таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба ин ҷашнвора бештар кардааст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта Диего Марадона, ситораи олами футбол ва бозингари собиқи тими мунтахаби Арҷентина дар таҷлили 42-солагии таъсиси давлати Имороти Муттаҳидаи Араб либоси арабиро ба бар карда буд.

More From Author

You May Also Like