Абдусамеъ Додобоев, айбдоркунандаи давлатӣ зимни баромади худ имрӯз 5-уми декабр аз додгоҳ талаб кард, то Зайд Саидовро ба муҳлати 28-сол аз озодӣ маҳрум гардонад. Ин талаби 28-соли Абдусамеъ Додобоев дар ҳолест, ки Зайд Саидов соҳибкор ва роҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташабускор барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро бо 5 иттиҳом гунаҳкор мекунанд ва 5 иттиҳоми дигари ин боздоштшуда ҳанӯз исбот нашуда, дар ҳоли баррасӣ қарор доштааст.
Илова бар ин, ин айбдоркунандаи давлатӣ талаб кардааст, ки пас аз адои давраи ҷазо Зайд Саидов ба муддати 5 сол аз фаъолияти соҳибкорӣ низ маҳрум шавад.
Вале Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони Зайд Саидов дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, онҳо ният доранд, ки рӯзи душанбе (9-уми декабри соли 2013) баромади ниҳоӣ доранд ва дар он ҷо ҳамаи ин иттиҳомоти айбдоркунандаи давлатиро рад мекунанд. Ба назари ин вакил, ҷониби айдоркунанда алайҳи нафари таҳти ҳимояти онҳо далели қатъӣ надорад.
Як нафар шоҳид ба номи Карим Розиқов, ки муддати 14 сол аст бо Зайд Саидов дӯстии варзишӣ дорад, мегӯяд: “Мо ҳар рӯз дар майдони теннис бо Зайд Саидов якҷоя будем. Ҳатто наздики 30-35 нафар метавонанд тасдиқ кунанд, ки ҳар бегоҳ Зайд дар ҳамон толори варзишӣ буд. Ҳатто ба ҳар куҷое, ки сафар мекард ба ман хабар мекард Зайд.”
Карим Розиқов дар идомаи суҳбаташ изҳори нигаронӣ аз он мекунад, ки бо он ахлоқе, ки ӯ Зайд Саидовро медонад, маҳол аст, ки Зайд даст ба таҷовуз занад. “Аз оне, ки гӯё чандин духтаронро Зайд Саидов таҷовуз карда бошад, ман ҳеҷ боварӣ надорам, зеро як инсоне, ки дар сатҳи баланд чигуна метавонад бо як духтари кучагӣ алоқаи ҷинсӣ кунад? Ҳамчунин ба сину соли, мо ки аз 50-сол боло ҳастем, наход ингуна амалҳоро кунем.”
Ҳамчунин Розиқов мегӯяд: “Ман бо 2 дасти боқувватам ягон занро маҷбуран коре карда наметавонам, пас чигуна як нафаре, ки як даст дорад ин қадар занонро таҷовуз кардааст. Ин як чизи хандаовар аст. Ҳамаи ин иттиҳомҳо бофта аст.
Шоҳиди мазкур аз корҳои неки оқои Саидов ёдовар шуда, мегӯяд: “Зайд Саидов барои кишвари мо бисёр корҳоро ба анҷом расонид. Вале ӯро бурда тӯҳмат карданд.”
Ба эътиқоди ҳолдонон, Зайд Саидов, соҳибкори машҳури кишвар маҳз ба хотири эълони тасмими гурӯҳи ташаббускор барои таъсиси ҳизби ҷадиди “Тоҷикистон нав”, ки роҳбарии ин гурӯҳро ӯ бар уҳда дошт, мавриди таъқиб ва фишор қарор гирифт ва баъдтар ӯро бо туҳматҳои мухталиф муттаҳам карданд.