Шоҳруххон, ҳунарманди мумтози синамои Ҳиндустон дар суҳбат бо телевизиони CNN– амрикоӣ гуфт: «Ман ба Қуръон имон овардаам ва пайрави ин китоби муқаддас ҳам ҳастам.»
Шоҳруххон дар идомаи суҳбаташ аз мусалмонии худ нақл карда, чунин баён дошт: «Ман мусалмон зода шудаам ва мусалмон ҳастам. Ман ҳамеша аз мутолиаи Қуръон бо забони англисӣ баҳра мебардорам. Ба Шумо мазмуни якчанд оятҳои қуръониро аз сураи Моида шарҳ медиҳам: «Агар шумо як инсони бегуноҳро кушед, ба монанди он ки тамоми инсониятро куштаед. Агар дар наҷоти як нафар саҳм гузоштед, яъне, тамоми инсониятро наҷот додаед. Агар шумо як нафари бегуноҳро кушед, ҳаргиз ба ҷаннат намеравед.»
Ин ҳунарманди машҳури Боливуд соли 1965 аз падару модари мусалмони паштунасл дар шаҳри Деҳлии Нав, пойтахти Ҳиндустон чашм ба дунё кушодааст. Номи падараш Тоҷмуҳаммадхон ва номи модараш Фотима мебошад.
Ӯро ба лақаби «шоҳи Боливуд» ҳам ёд мекунанд ва дар зиёда аз 70 филми ҳиндӣ ҳунарнамоӣ кардааст. 14 мукофоти баландтарини филмҳои ҳиндиро доро буда, ҳашт бор беҳтарин ҳунарманди сол гаштааст.