Намоишномаи театри Аҳорун зери номи «Шоҳ Фаридун», ки аз ҷониби ҳунарманди маъруф ва арзишманди кишвар, марҳум Фаррух Қосим таҳия шуда буд, шоми рӯзи 17-уми сентябр дар таҳияи нав дар театри ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ба таври хубу хотирмон баргузор гардид.
Ҷои тазаккур ва ёддоварист, ки Фарух Қосим, фарзанди бузурги ҳунарпешаи маъруф Муҳаммадҷон Қосимов, тули чанд сол театреро бо номи Аҳорун созмон дод, вале то рӯзҳои ахири хаёти ин марди шариф, театри Аҳорун саҳнаи намоиши мустаъқили худро надошт. Ҳоло хушбахтона, имсол чунин як театре арзи вуҷуд пайдо кард ва дар ихтиёри театри Аҳорун вогузор гардид.
Умед аст, мухлисони аз жанри адабӣ-бадеӣ аз ин ба баъд аз намоишномаҳои театри Аҳорун лаззатҳои маънавӣ мебардоранд.
Categories
Ахбори рӯз