Парлумони Тоҷикистон ба тарафдории табдили ном кардани номи шаҳру деҳот ва ноҳияҳо раъй дод. Ҳангомии барраси лоиҳаи қонун “Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ” шарҳ дода шуд, ки номи 140 кӯчаву деҳот ва шаҳрҳо иваз карда шуданд Номҳои деҳоти Даштқароянтоқ ба Файзбор, Ботирқурғон ба Паҳлавонқалъа, Қизилпилол ба Заркӯҳ ва Бештигирмон ба Панҷосиёб табдили дода шуд.
Номи шаҳракҳои Калинин ва Мурғпарварӣ дар вилояти Суғд, ба Сайҳун ва Симурғ иваз шудааст. Дар ноҳияи Панҷакент номи як деҳаеро Томирис гузоштанд. Деҳаи Яхшиободро бошад Самарқанд ном ниҳоданд. Айни ҳол дар вилояти Суғд 35 ва дар ноҳияи Турсунзода 39 номи шаҳру деҳот иваз шуданд. Парлумон палатаи пойнии Маҷлиси Намояндагони кишвар мегӯяд, ки ташабуси иваз кардани номи деҳоту ҷамоатҳо, кӯчаҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо дархости маҷлисҳои вакилони халқии вилояти Суғд, Хатлон, ноҳияҳои Нуробод ва Турсунзода ислоҳ карда шуданд.
Дар шаҳри Душанбе низ бархе аз кӯчаҳо бо номҳои шаҳсиятҳои фарҳангӣ ва ходими ҷамъияти гузошта шуданд.