Шукр мояи фузунии неъмат

“Ва (ба ёд оред) он гоҳ ки Парвардигоратон эълом кард, ки агар воқеан шукр кунед, албатта неъмати шуморо афзун хоҳам кард ва агар носипосӣ намоед, азоби Ман бисёр сахт аст”. (Сураи Иброҳим, ояти 7).
Ин оят давоми суханони Мусо (а)-ро, ки қисмати аввали он дар ояти қаблӣ зикр ёфта ва сареҳан ба неъматҳои Худо тазаккур дода буд, баён менамояд. Мусо (а) дар идома мефармояд, он замонеро ба ёд оред, ки Парвардигоратон ба василаи ман ба шумо эълом кард, ки агар шукри неъматҳои Маро ба ҷо оред, албатта ба шумо неъмати бештар хоҳам дод ва ин неъматҳоро афзун хоҳам кард. Вале агар шумо дар баробари неъматҳои атокардаи Ман носипосӣ кунед ва онҳоро инкор намоед, бидонед, ки азоби Ман бисёр сахт аст.
Бояд гуфт, агарчи дар ин хитоб ба неъмати азими истиқлолу озодӣ ва наҷот аз душмани ситампеша ишора шуда бошад ҳам, дар асл шомили ҳамаи неъматҳоест, ки Худо бар бандагонаш ато мефармояд. Инчунин аз зоҳири оят бармеояд, ки ин эълом ба қавми Мусо шуда, вале хоси онҳо нест, балки дарси созанда барои тамоми афроди башар ва ҳамаи миллатҳост.
Хотирнишон бояд кард, ки ҳар фарди ҷомеаи инсонӣ дар алоҳидагӣ ва ҷомеаҳои башарӣ дар умум дар ҳаёт ба моддиёт ва маънавиёти зиёд ниёз доранд, ки Худованд аз фазлу карами Хеш тамоми ниёзҳои моддӣ ва маънавиро дар ихтиёри онҳо мегузорад. Бинобар ин, неъматҳои илоҳӣ ончунон сар то пои вуҷуди инсонҳо ва миллатҳоро фаро гирифта, ки аз маҳдудаи адад ва шумор берун аст. Чунончи дар ояти 18 сураи Наҳл ин мавзӯъро ба равшанӣ баён намудааст: “Ва агар неъматҳои Худоро шумора кунед, наметавонед ҳамаи онро ба шумор оваред”.
Табиист, ки ҳар як неъмат аз банда шукр мехоҳад ва тариқаи шукр дар бандагӣ ба ин тартиб аст:
1. Сараввал асари неъмати Худованд бояд бар қалб зоҳир шавад, яъне инсон неъматро ба чашми қалб бинад ва эҳсос намояд ва бо диққат биандешад, ки бахшандаи неъмат кист ва бо шинохтани Мунъим қалбаш саршор аз муҳаббати Ӯ гардад.
2. Забон, ки тарҷумони қалб аст, дар заминаи эҳсоси неъмат, маърифати Мунъим ва муҳаббати Ӯ ба эътироф неъмат ва ҳамду сано ва сипосу ситоиши Мунъим мепардозад.
3. Дар марҳалаи саввум банда бо расидан ба дарки он ки ҳар неъмате барои чи ҳадафе ба ӯ дода шудааст, бо фурӯтанию фармонбардорӣ ва итоат аз Мунъим онро дар ҷои худаш сарф мекунад. Ва аз беҷо сарф намудани неъматҳои Худованд ва истифодаи он дар ҳаром ва нофармонӣ ва корҳои номашрӯъ худдорӣ менамояд ва тамоми аъмол ва афъоли худро то метавонад дар чорчӯби ризои бахшандаи неъматҳо анҷом медиҳад. Ин мароҳил, ки таҷассумгари ҳақиқати шукр аст, иртиботи бандаро бо Худованди неъматбахш устувор месозад.
Банда вақте шукри неъмати Худоро ба ин тартиб ба ҷо орад, аз неъмат масту мағрур нашавад, худро аз мардум боло нашуморад, дар тасарруфи он неъмат аз худ бетафовутӣ нишон надиҳад, неъматҳои Худовандро дар ҳадафҳои воқеии онҳо ба таври дуруст сарф кунад, амалан исбот менамояд, ки ӯ лаёқати неъматро дорад ва ин шоистагӣ сабаби файзи бештар ва атои афзунтар мегардад. Робитаи миёни шукр ва афзуншавии неъмат аз ин ҷо равшан мешавад. Бинобар ин, дастури шукргузорӣ дар ҷои худ неъматест аз неъматҳои Худованд, ки инсон ба хайри дунё ва охират ноил мегардад.
Баъди дастури шукр додан акси онро низ баён мефармояд: “ва агар носипосӣ намоед, азоби Ман бисёр сахт аст”.
Носипосии банда ба неъматҳои илоҳӣ гоҳ аз нашинохтани валии неъмат бармехезад, гоҳ аз фаромӯш кардани он, гоҳ аз пинҳон намудани неъмат ва гоҳ аз бениёз дидани хеш. Гоҳо мешавад, ки инсон неъмати ба каф овардаашро ба васоиле чун илму таҷриба ва саъю талоши шахсии худ нисбат медиҳад ва нақши Худовандро дар неъмат фаромуш мекунад, мисле ки илму дониш ва таҷриба ва саъю талош неъмати Худованд набошад. Ва гоҳо носипосӣ дар сояи мағруршавӣ ба неъмат, худбартарбинӣ бар мардум ва истифодаи он дар фисқу фуҷур ва фасод зоҳир мешавад.
Азоби сахти куфрони неъмат ҳам дар дунё ва ҳам дар охират ба вуқӯъ мепайвандад, зеро куфрони неъмати Худо беҷазо намемонад. Аз ҷумла дар дунё бо табоҳшавӣ ва адами бақо ва давоми неъмат, ё мубтало кардани соҳиби он ба мусибате, ки аз он неъмат натавонад истифода намояд. Бисёр вақтҳо худи неъмат ба зоти худаш боиси ранҷу сахтӣ ва сияҳрӯзӣ мегардад, ки соҳибаш ба сабаби он бадбахт шуда, таманно мекунад, кош онро надошта бошад. Ва гоҳо боиси азоби охират мегардад.
Ояти баъдӣ дар зимни сухане аз забони Мусо (а) баҳси шукргузорӣ ва куфрони неъматро такмил мекунад: “Ва Мусо гуфт: “Агар шумо ва тамоми мардуми рӯи замин, кофир шавед, (ба Ӯ зиён намерасад) зеро Худо бениёз ва сутуда аст”.
Худованд ҳаргиз аз шукри касе баҳра намебарад, чун ниёз ба шукр надорад, балки нафъи шукр ба худи бандаи шокир бармегардад, зеро шукри неъмати Худо мояи афзунии он ва такомул ва ифтихор банда аст. Худованд ҳамчунин аз куфрони касе зарар намебинад, чун зарари куфрон ба худи шахси носипос бармегардад. Бинобар ин, агар тамоми мардуми ҷаҳон даст ба ношукрӣ зананд, аз азамату ҷалоли Парвардигор чизе коста намешавад ва агар ҳама шукр кунанд дар мулк ва азамати Ӯ чизе зиёд нахоҳад шуд.

Зубайдуллоҳи Розиқ

More From Author

You May Also Like