Categories Ахбори рӯз

Шукурҷон Зуҳуров Санкт-Петербург рафт

Субҳи имрӯз, 15 апрели соли 2014 ҷорӣ ҳайати расмии парламенти мамлакат, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомил буданд, таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, форуми байналмилалй «Дурнамои иқтисодии Аврупо ва Осиё» ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, зимни сафар дар назар аст, Шукурҷон Зуҳуров дар назди иштирокчиёни форуми байналмилалии «Дурнамои иқтисодии Аврупо ва Осиё», ки дар донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Санкт –Петербург баргузор мегардад, баромад намуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ибрози назар менамояд.

More From Author

You May Also Like