nahzat.tj
Имрӯз, 13 сентябри 2012 Ҳизби озодӣ ва адолати Миср, ки ҷиноҳи сиёсии Ҷамоати “Ихвонул Муслимин” мебошад ва раисҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ аз тарафи ҳамин ҳизб президенти интихобшудаи Миср гашт, баёнияе оид ба филми тавҳиномези амрикоӣ ва нооромиҳое, ки ба сабаби он идома дорад, нашр кард.
Дар ин баёния омадааст: “Ин ҳизб таъкид мекунад, ки озодии баёни мусолиматомез дар мавриди филми тавҳиномез нисбати Расули акрам (с) на фақат ҳаққи мардуми Миср – ҳам мусалмонон ва ҳам масеҳиён – аст, балки воҷиб аст, ки барои нусрати Расули акрам (с) ва дар посух ба тамоми кушишҳоеро, ки мехоҳанд байн ду ҷиноҳи миллат (мусалмонон ва масеҳиён) фитнаро барангезанд, ғазабашонро изҳор кунанд.”
Ҳизби озодӣ ва адолати Миср зимни баёния аз ҳама тазоҳуркунандагони назди сафорати Амрико (дар Қоҳира) даъват кардааст, ки хунсард буда, ғазабашонро ба шакле, ки азамату бузургии дини исломӣ ва эҳтироми Ислом нисбати дигар динҳои осмонӣ, ки эътиқод ба ин динҳо ҷузъи асосии ақидаи мусалмонон мебошад, нишон диҳанд ва ин тузоҳурот аз қаламрави баёни мусолиматомез дар инкор ва радди ин филм ва ғайраш набарояд.
“Инчунин, ин ҳизб таъкид мекунад, ки Ислом ҳимояти ниҳодҳо, сафоратҳо ва консулхонаҳоро фарз гардонида, тавассути қонунҳои дохилӣ ва байналмилаллӣ созмондиҳӣ мешаванд. Барои ҳамин, ба фарзандони миллати Миср воҷиб аст, ки барои онҳое, ки мехоҳанд сурати моро бад нишон диҳанд ва давлатро дар мавҷҳои фитнаҳо, ки давлат аз замони омадани доктор Муҳаммад Мурсӣ ба раёсати ҷумҳурӣ аз он фитнаҳо халос шуда буд, фурсат надиҳанд.”- омадааст дар баёния.
Ҳамчунин, ин ҳизб аз ниҳодҳои амниятии мисрӣ ва ниҳодҳои ҳимояткунандаи сафорати Амрико дар Миср талаб кардааст, ки хунсардӣ ва забти нафсро аз даст надода, барои бештар нашурондани вазъ аз оне ки феълан ҳаст, аз хушанат кор нагиранд.
“Ҳизби озодӣ ва адолат ҳуҷум ба бинои сафорати Амрико, тарсонидани коркунони ин сафорат ва дигар сафоратҳову намояндагиҳо ва куштори сафири Амрико ва онҳое, ки бо ӯ буданд дар Либиёро, ба шиддат рад мекунад. Инчунин, аз ҳукумати Амрико талаб мекунад, ки дар манъи пахши ин филми тавҳиномез ва дигар амалҳои ношоям, ки бадбинӣ ва зиёдаравӣ нисбати арабҳо ва мусалмононро зиёд мекунад, гомҳои ҷиддӣ бардорад ва нисбати онҳое, ки ин корҳоро анҷом медиҳанд, ба сурати пайгирона ва мустаҳкам қонунҳоро иҷро кунад, то мисли ин аъмоли мардуд дар тамоми динҳои осмонӣ такрор нашавад. Ба вижа, бедорӣ ва мавқеъгириҳои мардуми араб баъди инқилобҳое, ки ба хотири озодӣ ва каромат бархостанд, мисли гузашта нахоҳад буд.” – омадааст дар ин баёния.
Ҳамон тавре, ки чанд сол пештар фраксияи парлумонии “Ихвонул муслимин” дар парлумони соли 2000 ва 2005 ин корро анҷом дода буд, ин ҳизб бори дигар аз кишварҳо, ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилаллӣ ва ниҳодҳои марбут ба ҳифзи арзиш ва озодиҳо хостааст, ки конвентсияи байналмилаллии решаиеро, ки тавҳин ба муқаддасот, шахсиятҳо ва диёнатҳои осмониро ҷиноят шумурда, ҳар касе, ки ин қонунро мухолифат мекунад, ба унвони касе, ки сулҳ ва амнияти ҷаҳониро таҳдид мекунад шинохта шавад ва муҷозоти шадид шавад, ба тасвиб расонанд.